Главная / Илм / СИЁСАТИ МУСТАМЛИКАВИИ РОССИЯ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

СИЁСАТИ МУСТАМЛИКАВИИ РОССИЯ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

Истилои Россия Осиёи Миёнаро ба мустамликаи бехукуки Ҳукумати подшохи табдил дод. Сиёсати Россия дар
Осиёи Миёна тачовузкорона ва мустамликави буда, муносибати мутлакият нисбат ба халкдои ин кишвар
душманона буд.
Сиёсати мутлакияти Россия дар Осиёи Миёна ба ду мархила чудо мешавад. Мархилаи аввал аз соли 1864 то солҳои 90-ум, мархилаи дуюм аз солҳои 90-ум то солҳои 1917 давом карда буд.
Дар мархилаи аввал сармояи давлати соҳибмустамлика ба иқтисодиёти Осиёи Миёна дахолат намекард ва ба хариду фурӯши маҳсулот машгул буд. Дар давраи дуюм дахолати фаъолонаи сармояи рус ба иқтисодиёти Осиёи Миёна сар шуд. Дар ин мархила капитали рус ба тараққиёти соҳаҳои махсуси хочагии шлок ворид гардида, роли бонкҳо баланд гардид.
Ҳукумати подшохи манфиатдор буд, ки муносибатҳои кухни феодали дар ин кишвар нигоҳ дошта шаванд. Бо ин восита буржуазияи рус имконият пайдо мекард, ки аҳолии Осиёи Миёнаро ҳарчи бисёртар орат кунад. Осиёи Миёна ҳамчун манбаи ашёи хом ва бозори савдои барои капитализми Россия хизмат мекард.
Сиёсати Ҳукумати подшохи нибат ба халкдои Осиёи Миёна ба он равона карда шуда буд, ки тухми ҳар гуна давлатдори ва истиклолиятҳоро дар байни онҳо нобуд созад, маданияти онҳоро хароб кунад, мардумро дар чаҳолат нигоҳ дошта забони халкдои маҳаллиро махдуд гардонад. Ҳукумати подшоҳи дар сиёсати мустамликавии худ ба амалдорони худ, феодалон ва мансабдорони маҳали такя мекард.
Дар натичаи мустамлика шудани Осиёи Миёна халкдои ин кишвар ба зулми дутарафа – истисмори феодалон ва амалдорони маҳали ва мустамликадорони рус дучор гардиданд. Дар баробари ҳамрох шудани Осиёи Миёна ба Россия дар кишвар унсурҳои капиталисти пайдо шуданд. Лекин мутлакияти подшохи ҳокимятро дар дасти худ нигоҳ дошта, барои барпо шудани базаи саноати вазнин дар ин чо роҳ надод. Корхонаҳои соҳаи саноати сабук, ки ба мақсади мустамликавии ҳукумати подшоҳи хизмат мекард, бунёд карда мешуданд. Дар натичаи пайдо шудани аломатҳои капиталисти синфи коргар ва зиёиёни милли ташаккул ёфтанд.
Ҳукумати подшохи ба ашёи хом-пахтаи Осиёи Миёна эхтиёчманд буданд. Аз ҳамин сабаб барои таравди додани пахтакори дар Осиёи Миёна чораҳои амали дида мешуд. Ҳукумати Россия барои зиёд кардани майдони кишти пахта ва бехтар намудани сифати он чорачуи мекард. Дар ин чо навъҳои нави пахта (пахтаи навъи америкои) пахн шуд. Агар соли 1884 майдони кишти пахтаи «Америкои» дар Осиёи Миёна 450 десятинаро ташкил дода бошад, онгоҳ дар соли 1887 майдони кишти ин навъи пахта ба 14500 десятина расонида шуд.
Ҳукумати подшохи дар сиёсати аграрии худ ба он мекӯшид, ки тамоми категорияи заминҳоро ба манфиати капитали рус истифода барад. 12 июни соли 1886 доир ба муносибати аграрии Кнуннома кабул карда шуд. Замин моликияти давлати буда, онро ба тарзи обшинаги ва наздиҳавлиги истифода бурдан мумкин буд. Хариду фурӯши замин низ чой дошт. Андозаи заминҳои мулки ва вақф кам карда шуда, аз онхо андоз гирифта мешуд. Ба фоидаи Хазина микдори зиёди заминҳо мусодира карда шудаанд.
Заминҳои бодиянишинон низ давлати эълоншуда, ба худи онҳо барои истифодабарии обшинаги дода мешуд. Ҳамин тариқ, қонунномаи 12 инюни соли 1886 дар масъалаи истифодабарии замин дар Туркистон ба шаклҳои заминдории баъд аз ислоҳотии соли 1861 Россия наздик карда шуд.
Усули нави истифодабарии замин, бинобар характери чузъи доштанаш, муносибатҳои феодалиро дар Туркистон барҳам надод. Гарчанде, сохти мустамликави ба ташаккули синфи буржуазияи деҳот монеъ шуда бошад ҳам, бо вучуди ин, ба табақаҳо чудошавии аҳолии кишлок сар шуд. Дар натича аз замин маҳрум гаштани дехдонон сафи мардикорон ва коргарони кироя меафзуд.
Дар сиёсати аграрии хукумати подшохи ба муҳочир кардани дехдонони рус ба Осиёи Миёна дивдати махсус дода мешуд. Ҳукумати подшохи сиёсати мочиркунии дехдонони русро ба Осиёи Миёна бо ду мақсад пеш гирифт. Аввалан, элементҳое, ки аз сиёсати мутлакият норози буданд, онҳоро ба ноҳияҳои дурдасти Осиёи Миёна муҳочир намуда, ба ин восита норозигии дохилиро бартараф мекарданд. Аз тарафи дигар, хукумати подшохи дар шахсияти дехдонони муҳочиршудаи рус дар Туркистон такягохи боэътимодро пайдо карда метавонист. Муҳочиршудагон аз ҷиҳати ҳайати худ гуногунтабақа буданд. Дар Туркистон маҳаллаҳои руснишин ташкил карда шуд, ки ин табақаи кулакхои рус барои ба амал баровардани сиёсати аграрии худ ба мутлакияти подшоҳи такя мекард.
Ба сиёсати иртичоии мустамликавии мутлакияти рус дар масъалаи муҳочиркуни нигоҳ накарда, сиёсати
муҳочиркунии дехдонони рус барои Туркистон окибатҳои мусби низ дошт. Дар натичаи омадани дехдонони рус дар хочагии қишлоки Осиёи Миёна шаклҳои нисбатан пешқадами зироатчиги аз олотҳои бехтарини зироаткори чори шуданд. Аз солҳои 70-уми асри XIX дар Осиёи Миёна кишти картошка, карам ва дигар намуди зироатҳо ба роҳ монда шуданд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222