Главная / Илм / СИМОИ СИЁСИИ И.СТАЛИН

СИМОИ СИЁСИИ И.СТАЛИН

И.В.Сталин 21-декабри соли 1879 дар шаҳри Гори Губернияи Тифлис таваллуд шудааст. Падари ӯ аз оилаи дехдон баромада, касби мӯзадузиро пеша гирифта буд. Сталин аввал дар мактаби динии зодгош ва баъдтар ба мактаби динии ш.Тифлис таҳсил намуд. Сталин аз сини 15 – солаги соли 1898 ба гурухи РСДРП — ш.Тифлис ҳамроҳ шуда, баъдтар яке аз роҳбарони шохаи марксистии ин ташкилот мегардад. Сталин то соли 1905 асосан дар Закавказия фаъолияти инкилоби бурда, соли 1905 ҳамчун вакил дар анҷумани 1-уми умумируссиягии болшевикон иштирок мекунад.
Сталин бори аввал бо Ленин дар анҷумани хизби сотсиал-демократҳои Руссия дар Лондон шинос мешавад. Ба Ленин чолоки, хушзеҳнии ӯ писанд омад ва баъди сӯҳбат аз ӯ хоҳиш намуд, ки доир ба масъалаи милли фикру андешаи худро пешниҳод намояд.
Баъди вафоти Ленин дар байни ҳайати роҳбарикунандаи хизб мубориза барои ҳокимият сар шуд. Аз байни онҳо Сталин ва Тротский фарк мекарданд. Сталин тавонист, ки бо ёрии ҳамсафони наздики худ ракиби асосиаш Тротскийро саркуб кунад. Дар ин кор ӯ аз ракибони ояндаи худ ба монанди Зновев, Риков ва Бухарин мохирона истифода бурд.
Дере нагузашта Сталин ин гурӯҳи оппозитсиониро низ аз байн бурда, ба мансаби олии роҳбарияти ҳизб ва давлат соҳиб гардид.
В.И.Ленин дар «Мактуб ба съезд» ба Зиновев, Каминов, Тротский, Бухарин, Сталин баҳо дода, аз чумла дар бораи Сталин гуфта буд: чораи аз вазифаи котиби Генералии КМ ба вазифаи дигаре гузаронида Рафиқ Сталин муҳокима карда шавад, ки «вай аз Рафиқ Сталин танҳо бо як бартарие фарк кунад, яъне ботамкинтар, хушмуомилатар ва нисбат ба рафиқон бодикдаттар бошад, он кадар инчик набошад ва ғайра» (Очеркҳои таърихи КПСС. -Душанбе.- 1967.- С. 272273).
Мактуби Ленин вакте муҳокима шуд, ки муборизаи тезу тунд бо тротсийчиён, ки роҳбарияти ҳизбро ҳанӯз дар вакти ҳаёт будани Ленин ба даст даровардани буданд, навакак хомӯш шуда буд. Сталин дар ин давра ба муқобили ин гурӯҳ муборзаи беамон мебурд. Сталин бо мақолаи худ «Дар бораи асосҳои ленинизм» дар байни аъзоёни КМ ва тамоми ҳизб эътибори калон пайдо кард. Вакилони съезд ҳамаи инро ба назар гирифта, бовари доштанд, ки Сталин камбудиҳои нишондодаи Ленинро ислоҳ мекунад. Лозим донистанд, ки ӯ дар вазифаи котиби Генерали монда шавад. Ҳамин тариқ Сталин ба сари кудрат омад.
Сталин дар байни аъзоёни роҳбарикунандаи ҳизб мутахассис ва назариётчии асоси аз рӯи масъалаҳои милли буд. Аз соли 1922 ӯ котиби КМХК таъин шуд. Пас аз фош кардани Риков Сталин фаъолияти бюрои сиёсиро ба дасти худ гирифт. Албатта дар маъракаҳои таъкиботҳои сиёсии солҳои 20-30 ва баъдина саҳми Сталин ҳамчун роҳбари якум хеле зиёд аст. Лекин гуноҳи атрофиёни Сталин кам набуд.
Ҳар кадоми атрофиёни Сталин барои дар назди роҳбар худро азиз кардан аз нобоварии доҳи истифода бурда аз болои ракибони худ хабар мерасонданд.
Масалан нисбати котиби вилоятии Ленинград Кузнесов ба он сабаб айбнома таҳия карда шуд, ки Сталин мақсад дошт ӯро ба кор ба Москва гирад. Онҳое, ки аз ин хавф мебурданд, нисбати ӯ айбномаи қалбаки тайёр карда ӯро дар кӯшиши ба Ленинград кӯчонидани пойтахт гунаҳкор карда ба Сталин ахборот доданд. Аз ин чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки барои чазодихии сиёси танхо Сталин айбдор набуд. Дар ин кор хамаи онхое, ки солхои тӯлони дар мансабхои рохбарикунандаи хизб ва давлат кор мекарданд, гунахкоранд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222