Главная / Илм / СИМОИ СИЁСИИ ЛЕННИ ВА САҲМИ у ДАР ИНЦИИОББ СОТСИАЛИСТИ

СИМОИ СИЁСИИ ЛЕННИ ВА САҲМИ у ДАР ИНЦИИОББ СОТСИАЛИСТИ

Дар тайёр кардан ва ғалабаи инкилоби октябр сахми В.Ленин хеле калон буд. Владимир Ильич Ленин назариётчи, давомдиҳандаи таълимоти марксисти дар давраи империализм, асосгузори хизби болшевики ва давлати Шӯрави буд.
В.И.Ленин 22-апрели соли 1870 дар оилаи инспектори мактабҳо таваллуд шудааст.
Соли 1887 Ленин ба факултаи хукукшиносии университети шахри Казон дохил шуд, лекин баъди чанд вақт аз сабаби дар «бетартибиҳо»-и студентон ширкат карданаш аз университети хорич, карда шуда, ба яке аз маҳалҳои губернияи Кон бадара карда шуд. Соли 1891 дар университети Петербург ба таври экстернат имтиҳон супорида сохиби дипломи хукукшиноси гардид.
Ленин барвақт ба фаъолияти инқилоби додашуда соли 1894 аввалин асари ӯ «Дустони халк кистанд ва онҳо ба мукобили сотсиал-демократҳо чи тавр мечанганд?» аз чоп баромад. Дар ин асар Ленин назарияи халкчигиро аз чиҳати идеяви фош намуд.
Соли 1895 Ленин тамоми кружокҳои парокандаи дар Петербург амалкунандаро муттахид карда ташкилоти сиёсии «Иттифоки мубориза барои озод намудани синфи коргар»- ро ташкил дод. Соли 1900 бо ташаббуси Ленин дар хорича аввалин рӯзномаи умумии руссиягии сиёси «Искра» таъсис дода шуд.
Соли 1902 китоби Ленин «Чи бояд кард?» аз чоп баромад, ки дар ташкил кардани хизби сиёсии болшевики саҳми калон бозид. Соли 1903 дар съезди II – РСДРП хизби болшевики ташкил дода шуд.
Соли 1904 китоби Ленин «Як кадам ба пеш ду қадам акиб» аз чоп баромад, ки дар он зарурияти партияи инкилоби дар барпо намудани диктатураи пролетариат асоснок карда шуд.
Ленин дар асари худ «Ду тактикаи сотсиал – демократҳо дар револютсияи демократи», ки соли 1905 аз чоп баромад, хусусиятҳои инкилоби буржуазии демократиро нишон дода, назарияи гегемония (роҳбарии) пролетариатро дар революсияи буржуази – демократи асоснок намуд.
Дар солҳои минбаъда Ленин рочеь ба масъалаҳои гуногуни фалсафи, сиёси, инкишофи империализм, имконияти алабаи инкилоби сотсиалисти дар як мамлакат, назарияи инкилоби сотсиалисти, накшаи сохтмони сосиалисти ва айраҳо асарҳои зиёд навиштанд.
Ленин мохи апрели соли 1917 ба Россия омада, ба фаъолияти пурчӯши сиёси пардохт. ӯ қобилияти ба худ хоси ташкилотчиги дошта, одамонро дар атрофи худ муттахид кардан метавонист.
Ленин назарияи инкилоби сотсиалистиро кор карда, дар мавқеи устувори таълимоти марксисти меистод. Дар як вакти ӯ ин таълимотро ба шароити нави таърихи мувофиқ намуда, онро инкишоф дод.
Хизмати бузурги К.Маркс дар он буд, ки қонунияти таравдиёти сохти капиталистиро тадқиқ намуда, исбот кард, ки дар замони капиталисст зиддиятҳои антогонисти тезу тунд гардида, барои инкилоб заминҳои муайян тайёр мекард. Дар ин дигаргунисозиҳои сохти чамъияти К. Маркс синфи коргарро кувваи асоси хисоб мекард. Барои он, ки синфи коргар ин вазифаи таърихии худро ичро карда тавонад, бояд аз ҷиҳати сиёси муттахид шуда, хизби сиёсии худро ташкил диҳад, галабаи инкилоби пролетариро таъмин намояд, муқобилияти синфҳои истисморгарро бартараф намуда, сотсиализмро созад.
Давраи нав-давраи империализм талаб менамуд, ки назарияи инкилобии марксисти дар шароити нав такмил дода шавад. В.Ленин на танҳо ин таълимотро химоя намуд, балки онро дар шароити нав ҳаматарафа инкишоф дода, назарияи инкилобиро кор карда баровард.
Назарияи ленинии инкилоби сотсиалисти роху воситаҳои гуногуни гузариш аз капитализм ба сотсиализмро дар бар мегирад. Вобаста ба вазъияти таърихи Ленин онро такмил медод.
Ленин таракдаёти ноҳамвори мамлакатҳои
капиталистиро кашф карда, нишон дод, ки инкилоби сотсиалисти дар аввал дар якчанд ва ҳатто дар як мамлакати чудогона, ки занчири империализм дар он суст аст, ғалаба карда метавонист.
Ленин нишон дод, ки инкилоб бе пухта расидани кризиси умуми алаба карда наметавонад. Пухта расидани кризис заминҳои субъективи ва объективии худро дорад, ки ба онхо тезу тунд гаштани зиддияти синфи, мавчуд будани ядрои сиёси, кризиси синфи болои ва ғайра дохил мешаванд.
Хулоса, В.И. Ленин таълимоти Марксро инкишоф дода, ба он як қатор хулосаҳои назариявии худро дохил намуд. Ғалабаи инкилоби сотсиалисти дар як давлати чудогонаи аз ҷиҳати икиоди қафомонда, назарияи шӯриши ярокнок, диктатураи пролетариат, сохти капиталистиро тай накарда ба коммунизм гузаштани халкдои аз ҷиҳати иҷтимои кафомонда, наши сохтмони ва айраҳо хулосаҳои назариявии В. Ленин буданд.
Дар сиёсат наш Ленин барҷастатар буд. Агар сиёсатро ҳамчун санъати имконпазир арзёби намоем ва ҳамчун натиҷаи фаъолият дар расидан ба мақсади пешбинишуда дониста шавад, пас Ленинро чун сиёсатмадори бузург шинохтан лозим аст. Таърихи ҳизби болшевики, инкилоби сосиалисти намунаи он аст, ки Ленин чи гуна барои расидан ба ин мақсад аз ҳеҷ, як роҳу воситаи имконпазир рӯй намегардонд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222