Психология бо илмҳои табиат-шиносӣ ва хусусан илмҳои био-
логӣ робитаи зич дорад, ки
меҳвари ин робитаро алоқаи
системаи асаб ва психика ташкил медиҳад. Системаи асаб
асоси моддии психикаро ташкил намуда, онро ба омӯзи-
ши объективии эксперименталӣ дастрас мегардонад ва
имконияти ба таври илмию таҷрибавӣ асоснок намудани
зуҳуроти психикиро фароҳам меоварад. Психика хосияти
системаи асаби олиташаккул мебошад.
Алоқаи системаи асаб бо зуҳуроти психикӣ ва
рафтор дар таносубии инкишофи таърихии онҳо равшан-
тар аён мегардад. Аз ин рӯ, таҳаввулоти системаи асаб ва
психикаро муфассалтар дида мебароем.
Системаи асаб таҳаввулоти тӯлониро аз сар гузаро-
нида, аз шабакаи нахҳое, ки ҳуҷайраҳои ҳассоси асабиро
бо бофтаҳои кашидашаванда -мӯшакҳо мепайвандад, то
ба дараҷаи мағзи сари одам, ки ташкилаи сохтораш ниҳо-
ятдараҷа мураккаби асабӣ мебошад, ташаккул ёфтааст.
Намуди ниҳоят содда ва ибтидоии системаи асаб, систе-
маи асаби диффузӣ ё туршакл ба шумор меравад. Ин шак-
ли системаи асаб хоси рудаковокҳо, масалан гидра мебо-
шад. Системаи асаби гидра аз ҳуҷайраҳои асабии дар та-
моми бадани вай пароканда иборат аст. Расми 5а. Ҳаяҷон
дар чунин системаи асаб ба ҳама самтҳо баробар паҳн
мешавад. Аз ин рӯ, аксуламали ин мавҷудот ноаниқ ва гӯё
тахминӣ аст. Агар ба палмосакҳои гидра сузан халонида
шавад, ӯ тамоми баданашро ба худ кашида ҷамъ мешавад.
Ҳол он ки ҳайвоноти системаи асабашон нисбатан мурак-
кабтар ҳангоми чунин муносибат метавонанд танҳо узви
мутаассиршударо ба худ кашанд. Хусусияти дигари си-
стемаи асаби диффузӣ дар он ифода меёбад, ки новобаста
аз шакли таъсирот аксуламал ба он якхела мебошад. Та-
кон додани зарфе, ки дар он гидра нигоҳ дошта шудааст,
даст расонидан ба вай ва ё таъсири ангезаи химиявӣ
ҳамон як намуд аксуламал – ҷамъшавии гидраро ба вуҷуд
меоваранд.
Системаи асаби нисбатан мураккабтар системаи аса-
би гиреҳшакл мебошад, ки ҳуҷайраҳои он дар қитъаҳои
алоҳидаи бадан мутамарказ шуда, гиреҳҳои асабиро ба
вуҷуд меоваранд, ва гиреҳҳои асабӣ байни ҳам бо нахҳои
асабӣ пайваста, занҷираи асабиро ҳосил мекунанд. Расми
5б, в. Дар чунин намуди системаи асаб ҳар як гиреҳи асабӣ
амали рефлексҳои муайянро ба таври мустақилона таъмин
мекунад. Чунин намуди системаи асабро дар кирмҳо,
ҳашарот, харчангҳо, тортанакҳо ва
чилпо вохӯрдан мумкин аст. Дар си-
стемаи асаби ин мавҷудот ҳаяҷон на
ба самтҳои гуногун, балки аллакай ба
самти муайян паҳн мешавад, ки ин
бартариро дар зудӣ ва аниқии аксу-
ламал таъмин менамояд.
Намуди боз ҳам мураккабтари
системаи асаб, ки дараҷаи баландта-
рини таҳаввулоти онро ифода меку-
над, системаи асаби мутамарказ ме-
бошад. Дар системаи асаби мутамар-
каз механизми танзими асабию пси-
хикӣ дар қисмати ягонаи марказӣ
марказонида шудааст. Ин намуди си-
стемаи асаб дар муҳрадорон ташак-
кул ёфтааст. Шакли соддатарини он,
ки дар нештаршакл мушоҳида меша-
вад, аз сохтори асабии нойшакл
иборат аст. Нойи соддаи асабӣ ба да-
розии бадани ин ҳайвони обӣ тӯл
кашида, ягон барҷастагӣ надорад.
Дар мӯҳрадорони мураккаб қисми
пеши нойи асабӣ ташаккул ёфта,
барҷастагиро ҳосил кардааст, ки
мағзи сар номида мешавад. Аммо
сохтори нойшакл низ дар шакли
ҳароммағз боқӣ мондааст, ва аз ин рӯ
ин намуди системаи асабро системаи
асаби найчашакл низ меноманд. Рас-
ми 5г-д. Системаи асаб дар намо-
яндагони синфи ширхӯрон ба да-
раҷаи ниҳоии инкишофи худ мерасад
ва мағзи сар ба узви муҳимтарини он
табдил меёбад.
Системаи асаби нойшакл хусусан дар марҳалаҳои
охирини инкишофи он аксуламалҳои фавқулдақиқро
таъмин карда метавонад.
Ҳамин тавр чуноне, ки олими рус С. Л. Рубинштейн
қайд мекунад, дар алоқамандӣ бо инкишофи системаи
асаб функсияҳои он аз рӯи қонунияти муайян ташаккул
меёбанд, ки он дар такмили махсусгардии аксуламалҳо
зоҳир мегардад. Дар ибтидо ангезандаҳои беруна аксула-
мали пароканда (диффузӣ)- ро ба вуҷуд меоваранд, мин-
баъд махсусгардии аксуламалҳо ба амал меояд.
Системаи асаб дар давраи муайяни таҳаввулоти худ
хусусияти нав, яъне психика ё инъикоси психикиро соҳиб
гардидааст. Доир ба нуқтаи ибтидои ин давра ҳанӯз ҳам
дар байни олимон ихтилоф вуҷуд дорад, масалан, баъзе
муаллифон чунин мешуморанд, ки аксуламалҳои орга-
низмҳои соддатарин, ки танҳо нисбати таъсироти бевоси-
таи ҳаётан муҳим зоҳир мешавад, аллакай зуҳуроти пси-
хикӣ ба шумор меравад. Аммо гурӯҳи дигари олимон ин
типи аксуламалҳоро ҳанӯз зинаи топсихикӣ медонанд.
Мувофиқи фарзияи муҳаққиқи рус А. Н. Леонтев қобили-
яти инъикос намудани танҳо таъсироти ҳаётан муҳими
муҳит, ки ба организмҳои соддатарин хос аст, ҳанӯз ни-
шонаи психика намебошад. Олим ин қобилиятро мутаас-
сиршавӣ номидааст.
Дар ҷараёни таҳаввулот, дар организмҳои нисбатан
мураккаб намуди нави мутаассиршавӣ – ҳассосӣ ба вуҷуд
омадааст, ки асосан бо инкишофи таърихии узвҳои ҳис
алоқамандӣ дорад. Тафовут ва бартарияти ҳассосӣ бар
мутаассиршавӣ дар он ифода меёбад, ки организми дорои
чунин намуди қобилияти инъикос мавҷудияти объекти ҳа-
ётан муҳимро на танҳо дар асоси қабули таъсири бевосита
аз он, балки тавассути нишонаҳои бавоситаи он – ан-
гезандаҳои сигналӣ низ муайян карда метавонанд. Ан-
гезандаҳои сигналӣ – ин чунин таъсироти объектҳои муҳит
мебошанд, ки худ барои организми додашуда ягон аҳами-
яти ҳаётиро ифода намекунанд, яъне на ягон талабот ва
эҳтиёҷоти онро қаноатманд месозанд ва на мавҷудияти
онро ба хатар мегузоранд, аммо доир ба мавҷудият ва
эҳтимолияти чунин таъсироти ҳаётан муҳим хабар мера-
сонанд. Масалан, чунин хусусиятҳои ашё ба мисли ранг,
шакл ва бӯйи он барои организм бефарқ аст, вале онҳо
доир ба мавҷудияти худи ашё гувоҳӣ медиҳанд, ки мета-
вонад ба сифати ғизо баромад намуда, талаботи органи-
кии организмро қаноатманд созад.
Ба ақидаи А. Н. Леонтев, маҳз зуҳуроти ҳассосӣ
нуқтаи ибтидоии инкишофи психика ба шумор меравад.
Нуқтаи назари хешро доир ба таҳаввулоти минбаъдаи
психика ва рафтор олим дар асари худ «Масъалаҳои ин-
кишофи психика» (1972) муфассал баён намудааст, ки он
дар солҳои 90- ум аз ҷониби муҳаққиқи дигари рус К. Э.
Фабри вобаста ба дастовардҳои навини илми зоопсихоло-
гия мукаммал ва дақиқ карда шудааст. Ин назария дар
илми муосир бо номи назарияи Леонтев – Фабри маъмул
аст. Мувофиқи он, таърихи инкишофи психика ва рафто-
ри мавҷудот ба ду зина: зинаи психикаи соддаи сенсорӣ ва
зинаи психикаи персептивӣ ҷудо карда мешавад. Зинаи
аввал ду дараҷа дорад, ки онҳо: дараҷаҳои поёнӣ ва олӣ
мебошанд. Зинаи дувум бошад, иборат аст аз се дараҷа:
поёнӣ, олӣ ва олитарин. Асоси тафриқагузории ин ду зи-
наро тавсифдиҳандаҳои асосии роҳҳои ба даст овардани
ахборот дар бораи олами иҳотакарда ташкил медиҳад.
Барои зинаи аввал усули сенсорӣ ё дараҷаи эҳсосии бада-
стории ахборот хос аст. Барои зинаи дувум бошад, усули
персептивӣ ё дараҷаи идрок. Зинаи психикаи соддаи сен-
сорӣ унсурҳои ибтидоии ҳассосиро, ки дар доираи ша-
клҳои соддатарини эҳсос ба вуҷуд меоянд, тавсиф
медиҳад. Зинаи психикаи персептивӣ бошад дар таҳав-
вулоти психика ва рафтори ҳайвонот ҷаҳиши бузург буда,
қабули ахбороти муҳитро дар шакли образҳои яклухт
ифода мекунад. Ниг. ҷадвали 1.
Ҳар як зинаи инкишофи психика ҳатман бо ташакку-
лу такомули системаи асаб ва як қатор омилҳои дигар
марбут аст. Ин фикрро тамоми муҳақиқони ин масъала
тасдиқ менамоянд. Ба ақидаи С. Л. Рубинштейн
«…инкишофи психика ва рафтор бо мураккабшавӣ ва
тағйирёбии шароитҳо ва тарзи ҳаётгузаронии организмҳо,
инкишофи системаи асаб ва минбаъд такомулу мутамар-
казшавии он, инчунин инкишофи узвҳои ҳис ва дар охир
бо пайдоиши ретсепторҳои масофавӣ вобастагӣ дорад».
(С.Л.Рубинштейн. Основы общей психологии. Спб: изд.
Питер, 2000. с.114).
Ҳамин тавр, мураккабшавии шароитҳои зист ва та-
шаккули системаи асаб аллакай дар бандпойҳо, ки намо-
яндаи типи системаи асаби гиреҳшакл мебошанд, шакли
нав ва нисбатан мураккаби рафтор – инстинктро ба вуҷуд
меоварад. Инстинкт – шакли ирсӣ ва камтагйирпазири
рафтор мебошад, ки мутобикати организмро ба шаро-
итҳои хоси ҳаётгузаронии ӯ таъмин мекунад.
Инстинктҳо ҷараёни минбаъдаи таҳаввулоти психика
ва рафторро ҳамроҳӣ намуда, мунтазам мураккаб мегар-
данд ва танҳо дар зинаҳои ниҳоии он бо сабаби ба вуҷуд
омадани унсурҳои рафтори бошуурона аҳамияти худро
дар ҳаёти фард то андозае аз даст медиҳанд.