Главная / Илм / СИСТЕМАИ СИЁСИ ВА ИҚТИСОДИИ ДАВЛАТИ ШУРАВИ.

СИСТЕМАИ СИЁСИ ВА ИҚТИСОДИИ ДАВЛАТИ ШУРАВИ.

Мувофики конуни асосие, ки соли 1929 кабул гардид, асоси сиёсии давлати Шуравиро Диктатураи пролетариат дар шакли Шӯроҳо (намояндагони халкии коргарон, аскарон ва дехдонон) ташкил медоданд. Асоси иқтисодии давлати Шуравиро моликияти чамъияти будани воситаҳои истеҳсолот, ки дар ду шакл: моликияти давлати умумихалки ва моликияти колхози-кооперативи ташкил медод.
Дар солҳои 20-ум интихобот бисёрдарачави буд. Инро ба мавчуд будани синфҳо ва табақаҳои аз чиҳати иктисоди мақоми гуногун дошта вобаста мекарданд. Аз ин сабаб интихобот ба чуз шуроҳои деҳот бевосита набуда бисёр – зинаги буд. Шахрвандон дар мачлисҳои интихоботи вакилони худро ба Шуроҳои намояндагони коргарон, дехдонони шахр интихоб мекарданд. Мачлисҳо аз рӯи нишонаи касабави мегузаштанд. Минбаъд аз байни интихобшудагон вакилонро ба мақомоти болоии Шӯроҳо вакилон дар анчуманҳои Шуроҳои намояндагони деҳот, шахр, ноҳия, вилоят интихобот мекарданд. Анчуманҳо ҳамчунин кумитаҳои ичроияи шуроҳои депутатҳои шахр, нохияви, вилояти ва КИМ умумииттифокиро интихоб мекард ва ба ҳамин вазифаи худро ба сомон мерасонд. Яъне интихобот бевосита баробар ба умуми набуд. Мувофики конун аз сабаби мавчуд будани синфҳои истисморкунанда дар асоси конун собиқ, синфҳои ба табақаи коргар ва дехдон мансуб набуда (амалдорони амир, бойҳо, заминдорон ва ғайраҳо) аз ҳукуқи интихоби махрум буданд. Нисбат ба синфҳои дигар, дар шароити диктатураи пролетариат, синфи коргар нисбат ба девдонон ва аскарон дар интихобот
бартари дошт.
Дар Точикистон бинобар вазъияти хоси иқтисоди – ичтимоии ҷумхури интихобот дар шароити вазнин мегузашт. Давом кардани чанги шахрванди ба мукобили кувваҳои аксулинкилоби, дарачаи пасти донишҳои сиёсии мардум ба интихобот бетаъсир намемонд. Масалан, дар интихоботи нимаи дуюми асри 20-ум аз 10-15 то 40% интихобкунандагон иштирок карданду халос.
Солҳои 30-юм фаъолияти сиёсии мардум баланд гашт, ки ин бо тағйиротҳои чомеъа ва дигаргуниҳои ичтимои- иктисоди вобастаги доштанд. Солҳои 1930-31 дар интихобот то 56 дарсади интихобкунандагон ширкат карданд. Дар интихоботи соли 1934 теъдоди интихобкунандагон ба 60-80% расид.
Соли 1936 дар иттиҳоди Шурави қонуни нав (конститутсия) кабул карда шуд. Дар асоси он дар ҳамаи чумхуриҳои иттифоки, аз ч,умла Точикистон соли 1937 Кнуни нав қабул карда шуд Дар асоси ин қонун дар сохтори интихоботи тағйирот дароварда шуданд. Мувофики конуни нав ба ҳамаи зинаҳои мақомоти Шӯроҳо интихобот бевосита эълон карда шуд. Интихобот акнун дар ҳавзаҳои интихоботи дар чои зист барпо карда шуда гузаронида мешуд. Интихобот як мандати буд. Вакилон на ба анчуман, балки дар ҳавзаҳои Интихоботи интихоб шуда, дар чаласаҳои Шуроҳои маҳали ва чаласаҳои Шурои Олии чумхури ва умумииттифоки чамъ мешуданд. Яъне бо баробари тағйиротҳои сиёси – ичтимои ва иктисодии мамлакат интихоб дар асоси Принсипи бевосита, умуми, баробар бо овоздиҳии пинҳони мегузашт. Дар интихоботе, ки аз рӯи принсипҳои нави интихобот дар асоси конуни нави соли 1937 гузаронида шуд, 98,5% интихобкунандагон иштирок доштанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222