Главная / Илм / СОХТИ ИДОРАИ МАЪМУРИ – СИЁСИ ДАР БУХОРОИ ШАРҚИ ДАР ОХИРИ АСРИ XIX.

СОХТИ ИДОРАИ МАЪМУРИ – СИЁСИ ДАР БУХОРОИ ШАРҚИ ДАР ОХИРИ АСРИ XIX.

То охири солхои 60-уми асри XIX дар худуди Бухорои Шарки якчанд ҳокимияти феодалии мустакилу ниммустакил вучуд дошт, ки бо мурури замон ба аморати Бухоро ҳамроҳ карда шуданд. Ба онҳо нохияҳои Чанубу Шарқи ва Марказии Точикистон, аз чумла, Ҳисор, Кӯлоб, Кубодиён, Қаротегину Дарвоз дохил мешуданд. Ҳокимият дар ин мулкҳо ба таври мероси ба якдигар мегузашт. Ҳокимияти идоракуни воситаи асосии истисмор ва пахш намудани муборизаҳои меҳнаткашон ба шумор мерафт. Баъди ҳамроҳ ва ё истило шудани ин ноҳияҳо бо ҳайати идораи маъмури, тамоми аморат ба бекигариҳо тақсим мешуд. Дар минтақаҳои ҳозираи Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон бекигариҳои Ҳисор, Қуронтеппа, Қубодиён, Кулоб, Балчувон, Каротегину Дарвоз вучуд доштанд. Акнун баъди истило намудани нохияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон аморати Бухоро худро дар чашми
мардуми мусулмони Осиёи Миёна давлати баобрӯ
мешуморид. Чунки заминҳои зиёд, аз чумла, аз Ҳисор – 3000 кв.верст, аз Кӯлоб – 475 кв. верст ва Қаротегин- 9800
кв.верст, аз Дарвоз 16875 кв.верст замин ба даст овард.
(Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX века. Ч. 2.-С.5).
Дар солҳои баъд аз истило намудани кисмати Бухорои Шарки аҳолии Бухоро ба 2 млн. 500 ҳазор расида буд. Аз ин микдор 250 ҳазорашро аҳолии шаҳр ташкил медод. (Хамроев М. Очерки истории Гиссарского бекства конца XIX века начала XX века. – Сталинобод, 1959.-С.7)
Бекигариҳои истилошудаи Кӯлоб бо 25 ҳазор, Куронтеппа бо 4 ҳазор, Дарвоз бо 3 ҳазор ва Кубодиён бо 1 ҳазор нафар аҳолиашон ба ҳайати аморат дохил карда шуданд. Якчанд маҳаллаҳои алоҳидаи аҳолинишин вучуд доштанд, ки дар ҳаёти иктисодии Бухорои Шарки накши муайянро бозиданд. «Ба ин маҳаллаҳо Душанбе бо 28 ҳазор хона ва Регар бо 7 ҳазор хона дохил мешуданд». (Гулишамбаров С.И. Экономический обзор Туркистанского района обслуживаемого Среднейазиатской дорогой. Ч. 1.- Ашхабад, 1913.- С.203).
Шаҳрҳои Бухорои Шарқи на фақат аз шаҳрҳои Осиёи Миёна, балки аз шаҳрҳои кисмати Ғарбии Бухоро фарк мекарданд. Онхо аз марказҳои савдои ва роҳҳои алоқа хеле дур чой гирифта буданд. Бо иктисодиёти кафомондаи худ ин шаҳру навоҳи дар ҳаёти мардум накши на он қадар муҳимро бозиданд. Шаҳрҳои ин ноҳияҳо аз деҳкадаҳо фақат бо он фарк мекарданд, ки дар шаҳрҳо намояндагони амир бо сардории бек, намояндагони савдо, заминдорони калон, рӯҳониҳо, косибон ва як кисми деҳқонон зиндаги мекарданд. Дар як қатор шаҳрҳо шунҳои амир чой гирифта буданд. Намояндагони табақаи болои тамоми Бухорои Шарки аз ҷиҳати ичтимои ба якдигар монанди доштанд.
Амали аз ҳама баландро дар ин ноҳияҳо бек ишгол мекард. Бек намояндаи табақаи болоии феодалон ҳисоб мешуд. Бек аз болои ҳукумат – бекигари назорат мебурд, ва дар зери итоати ӯ амалдорони зиёде буданд. Бек тамоми ҳокимиятро дар дасти худ нигоҳ дошта, шахсони наздики худро соҳиби мансаб мегардонид. Тамоми шахсони амалдорро танхо бо розигии бек ва аз мансаб озод мекарданд. Баъд аз бек дар чои дуюм ёрдамчии бек, ясавулбоши ё худ девонбеги меистод. Вазифаи асосии девонбеги, пеш аз ҳама, аз мардум чамъ овардани закот ва андозҳо буд. ӯ якчанд котибу арбоб ва ясавулро дар хизмати худ нигоҳ медошт.
Амали дигаре, ки дар бекигари вучуд дошт, «мизрои мунши» буд. Одатан ба ин вазифа одамони босавод ва ҳусни хати хуб дошта чалб карда мешуданд. Вай дар назди бек истода, ба навиштан ва рубардоркунии хуҷҷатҳо машгул мешуд.
Яке аз вазифаҳое, ки дар бекигари барои нигоҳ доштани тартибот вучуд дошт, ин «Миршаб» буд. «Миршаб» ба замми ин, аз болои зиндон ва маҳбусони он низ назорат мекард.
«Мироб» бошад, доимо аз болои об назорат менамуд. Вай дар ихтиёри худ, якчанд ёрдамчиҳоро дошт. Аз чумла, «амин», ки хучаини як чуйбор буд, инчунин «арбоб» – назоратчи ва «оксакол» – тақсимкунандаи об, «ҷӯйбонҳо»- тозакунандагони ҷӯйҳо ва мирзо, ки дар ихтиёри «мироб» буданд.
Мансаби «амин» бошад, аз рӯи корҳои сохтмони назорат мекард, ки дар ихтиёри худ якчанд амин дошт.
«Пайгирчи» – чамъкунандаи закот ва савдо ва ҳайвоне, ки онҳоро барои фурӯш ба бозор меоваранд, ба хисоб мерафт.
Дар идора кардани ҳукумати маҳали чои заруриро руҳониён мегирифтанд ва корҳои махкамаро дар ихтиёр доштанд. Чунин амалдорон дар бекигариҳои нохияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон ба 3 кисм тақсим мешуданд:
.Қози – ичроиши конунҳои шариатро назорат бурда, дар ихтиёри худ якчанд мулозим ва мирзо дошт.
.Муфти-донандаи конунҳои шариат, ки ба додани ривоят машғул буд. Барои ин кор вай музд мегирифт. Дар ихтиёри муфти якчанд хизматгор ва се муҳаррир буданд.
.Раис – назораткунандаи тартибот аз болои чинояткорон ва вайронкунандагони қонунҳои дини ислом, вайронкунандагони савдо, аз рӯи мактабҳо, тартиботи оилави ва айраҳо назорат мебурд. Раис якчанд хизматгор дошта, ба воситаи онҳо чинояткоронро чазо медод. Мулозимону дуррадастон дар ихтиёри ӯ буданд.
Ки дар бекигариҳо аз тарафи амири Бухоро таъин мегардид. у дорои маълумоти дини буда, дар айни замон бояд аз авлоди рӯҳони бошад.
Аз ин чо бармеояд, ки дар Бухорои Шарки ягон амалдор ба таври интихоби озод ба сари мансаб намеомад. Ҳамаи мақсаду мароми амалдорону худи бек, танҳо бо рохи истисмори дехдонону камбаалон ба даст овардани фоидаи зиёд буд.
Чи хеле ки дар боло қайд намудем, баъди аз тарафи Россия забт шудани аморати Бухоро, мулкҳои феодалии ниммустакили Бухорои Шарки ба аморати Бухоро ҳамроҳ шуданд. Баъди истило намудани нохияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон, дар минтақаҳои асосии ин чо гарнизонҳои ҳарби чой дода шуданд. Мақсад аз чой додани гарнизонҳои ҳарби мустахкам кардани мавқеи аморат дар худуди ин минтақа буд. «Соли 1871 дар Регар 400 нафар, дар Ҳисор – 4000 нафар сарбоз ва 11 тӯп, дар Кӯлоб 3000 нафар сарбозу 4 тӯп ва Қалъаи- Хумб соли 1878 қариб 5000 сарбози амир чой гирифта буданд». (Искандаров Б.И. Из истории Бухарского эмирата.-М., 1958.-С.81).
Яке аз мулкҳои калонтарини Бухорои Шарки, мулки Ҳисор буд. Баъди истило шуданаш Ҳисор ба 7 бекигари – Бойсун, Шеробод, Дехнав, Юрги, Ҳисор, Кубодиён, Кургонтеппа тақсим карда шуд. Дар ҳамаи ин бекигариҳо, аз чумла, дар Ҳисор низ идоракуни дар асоси идораи умумибухороги ташкил карда шуд.
Якуббек дар солҳои ҳукмронии худ дар Ҳисор чунон ба боварии амир Музаффар даромада буд, ки Музаффар ба ӯ имтиёзҳои беандоза, аз қабили баровардани хукми катлро дода буд.
Остонакул бошад, дар замони хукмронии худ дар Ҳисор ба имтиёзҳои номахдуд ноил гардид. Вай яке аз шахсҳои бойтарини аморати Бухоро ба шумор мерафт. Дорои микдори зиёди тилло, якчанд ғалаи асп ва рамаи гӯсфанд буд. Ҳамаи ин боигарию сарвати табақаи ҳукмрон аз хисоби мардуми захматкаши ин минтақа ба даст меомад.
Дар дигар бекигариҳои Бухорои Шарки, аз чумла, Кӯлоб, Балчувон, Қубодиён, Қаротегин ва Дарвоз низ аҳвол чунин буд. Бекигарии Кӯлоб баъди истило ба ду кисм: бекигарии Кӯлоб ва бекигарии Балчувон тақсим карда шуд. Дар худуди бекигарии Кӯлоб чунин амлокдориҳо мавчуд буд: Мӯъминобод, Кул, Сари Чашма, Гирди Қурони боло, Гирди Кургони поён, инчунин, шоҳигариҳои Давлатобод, Тагнов, Кишти дараи поён ва Кишти дараи боло, Саригор, Роги, Вари ва Дуоб.
Дар байни амлокдорону шоҳигариҳо обруи зиёдеро шоҳ соҳиб буд. Шоҳ метавонист амлокдорҳоро аз бек харида гирад. Як қатор мулкҳои дигареро дар кисмати шаркии Кӯлоб харидорон харида мегирифтанд. Харидор ба бек ва амир тухфаҳои гаронбаҳо ва пули зиёд дода, баъд сохиби округ мешуд. Харидорон, барои он ки харочоти сарф кардаи худро пӯшонад, ба гардани ин мардум андозҳои зиёдеро бор мекарданд ва ягон шахс ин кори ӯро манъ карда наметавонист.
Ғайр аз харидорон, боз ичоракорон вучуд доштанд, ки ягон округро ба муҳлати муайян ичора гирифта, он микдор пулро бояд дар муҳлати муайян ба бек месупорид. Ичоракор метавонист, ки рӯзи аввали ба ичра гирифтани округ пулашро супорад. Агар ичоракор ин корро сари вакт мекард, хучаини ин округ ба шумор мерафт. Ичоракор то ба охир расидани вақти муайяншуда тамоми андозҳои чорибударо ба манфиати худ меситонид. Фақат андозҳоро ичоракорон ду маротиба зиёд менамуданд.
Бекҳо дар бекигари чои истиқомати махсус надоштанд. Онҳо баъди ба ин мансаб ноил гардидан, дар тамоми худуди бекигари гашту гузор намуда, дар як маҳала мӯҳлати зиёд истиқомат намекард. Чунин корро бек барои он мекард, ки мабодо байни беку халқ ягон зиддият сар занад. Бо омадани беки нав, амалдорони маҳали мансабҳои худро аз даст медоданд ва бо илтимосу тӯҳфаҳои аз ҳад зиёд боз ба мансабашон соҳиб мешуданд. Беки нав омада, аз амалдорон барои оро додани хонаи нав тӯҳфаҳо талаб мекард. Амлокдорон бошанд, аз ҳисоби ғорат намудани аҳолии ба бек тӯҳфаҳо меоварданд. Аз соли 1877 то соли 1905 дар Кӯлоб 19-то бек иваз шуданд. Аз тез-тез иваз шудани бекҳо аҳволи халқ беҳ намегардид.
Яке аз марказҳои маъмурии дигар бекигари Куронтеппа буд. Баъд аз ба аморат дохил кардани Бухорои Шарқи ҳокимияти Кӯлоб маҳдуд карда шуда, Куронтеппа вилояти мустакил гардид. Аз солҳои 70-уми асри XIX то сарнагун шудани аморати Бухоро каламрави вай бетағийр монда буд. Бекигарии Қургонтеппа аз амлокдории худи Кургонтеппа, Сарой ва Чиликул иборат буд. Дар сари амлокдориҳо амлокдор меистод. Дар назди амлокдорҳо мирзоҳо, мироб ва дигар амлокдорон хизмат мекарданд. Асосан амлокдорон бо фармони бек таъин мегардид.
Кубодиён бошад, баъди ба аморати Бухоро ҳамроҳ намудани Бухорои Шарки, аз Кӯлоб ҷудо карда шуд ва дар идораи вай дигаргуниҳо ба вуҷуд омад. Қубодиён аз қишлоқ ҳеҷ фарке надошт. Фақат ҳамин, ки вай нисбатан васеъ буда, дорои бозор буд. Аз ҷиҳати ҳудуд, аҳолии нисбати дигар бекигариҳои Бухорои Шарки хурд буд. Дар ин бекигари кози, дар навбати худ Раис ҳам ба шумор мерафт. Бекигарии Кубодиён ба ду амлокдори ҷудо мешуд. Ин амлокдории Бешкент ва Беш-Чарбон буданд. «Аз рӯи нишондоди
рӯйхате, ки ба амир пешниҳод намуда буданд, дар бекигарии Кубодиён як мирохӯр, як каровулбеги, се мирзобоши ва 15 амалдорони хурд вуҷуд доштанд».
Чи хеле ки дар боби гузашта зикр шуд, тирамоҳи соли 1877 кушунҳои амир таҳти фармондеҳии Худойназар – додхоҳ ба сарҳади ҳокимгарии Қаротегин дохил шуд. Ба шикаст хӯрдани ҳокимияти меросии Қаротегин дар ин ҷо бекигари таъсис ёфт. Якумин беке, ки дар ин ҷо ба кор сар кард, худи Худойназар-додхоҳ буд. Худойназар-додхоҳ бо фармони амир Музаффар дар Қаротегин бек таъин гардида буд.
Бекигарии Каротегин ба 10 амлокдори тақсим шуда, дар навбати худ ин амлокдориҳо ба 34 мири ҳазора тақсим мешуданд.
Аз соли 1878 Дарвоз бошад, ба аморат дохил карда шуд, дар ин ҷо бекигари таъсис ёфт. Аз сабаби он ки Худойназар- додхоҳ беки Қаротегин дар ишол намудани Дарвоз роҳбари кушунҳои Бухоро буд, ӯро амир беки Дарвоз эълон намуд. Вале Худойназар-додхоҳ дар ин ҷо дер ҳукмрони накард. Чунки тирамоҳи соли 1878 писари Худойназарро барои ҷамъ намудани андози солона ба назди қирғизҳои сохилҳои Омударё фиристоданд. Вай андози зиёде ҷамъ намуда, бо ҳамроҳонаш ба Афнистон гурехт. Гурехтани писари Худойназар-додхоҳ боиси аз мансаб дур гардидани падар гардид ва ба ҷои ӯ беки Дарвоз Абдурахмон-Хочабек таъин гардид. Бекигарии Дарвоз ба 4 амлокдори Чилдара, Тавилдара, Вахёи боло ва Сагирдашт тақсим мешуд. Вале баъдтар як қатор тадкиқотчиён, аз ҷумла Лаптинов Н., ки таърихи пеш аз инкилобии Дарвозро омӯхта буд, ба чунин хулоса омад: «Дар ҳайати бекигарии Дарвоз амлокдориҳои Чилдара, Тавилдара, Далчир, Сағирдашт, Ванҷ, Майдон, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Хангон ва ду кисмати дигар Язгулом ва Тангшив дохил мешуданд». (Лаптинов Н. Экономическое состояние Дарвазского бекства и основание занятия его гасиления. – Душанбе, 1958.- С.50).
Усули идораи аморат, ки пеш аз истилои хукумати подшохи мавҷуд буд, бе ҳеч гуна тағирот давом кардан гирифт. Он сохти идоракуние, ки дар аморат вуҷуд дошт, акнун дар Бухорои Шарки ҷори гардида буданд. Аморати Бухоро аз 27 бекигари иборат буда, ба ҳар яке аз онхо бек, қози, Раис ва муфти аз тарафи амир таъин карда мешуд. Бек мебоист корҳои давлати, маъмури ва зироатиро идора мекард, қози дар асоси шариат корҳои махкамаро ба ҷо меовард, Раис аз тарафи аҳолии иҷро шудани фармоишоти дину шариатро назорат менамуд ва муфти донандаи конунҳои шариат, дурусти ва нодурустии ин ва ё он ҳодисаро фахмонда медод.
Ҳамаи ин касон дар навбати аввал ва асосан манфиати доираҳои хукмрон ва фоидаҳои шахсии худро таъмин мекарданд. Бекхо, ки ба воситаи амлокдорҳо ва дигар одамони худ корҳои замин ва молия, ҷамъ кардани хироҷ ва айраро идора менамуданд, дар ҳалли ин масъалаҳо комилан худсарона амал мекарданд, аз аҳолии чи ситондан ва ба хазина супоридани онҳоро касе тафтиш намекард.
Мингбоши, амин, оқсақол ва арбобҳо, ки ба сифати намояндаи аҳоли таъин мешуданд, одатан ба кирдори ҳоким ва беку амалдорони амир пайрави мекарданд. Ин ҳол боиси ривочи ғоратгари ва порахури гардида, ба иктисодиёт зарбаи сахт мезад. Зиндагонии бе ин ҳам сангини ахли мехнатро ба дарачаи тоқатфарсо мерасонид.
Аморати Бухоро, Бухорои Шаркиро чун мустамликаи худ карор дода, дар ин чо назар ба кисми арбии аморат тартиботи сахтаре чори намуд. Ашрофону нукарҳо, заминдорони калону руҳониён ва бойҳо ба такягохи аморат табдил ёфта буданд. Ба ин гурӯҳҳои истисморкунанда аз мирохӯр то додхоҳ ҳар гуна рутба ва мансабҳо дода мешуд. Мансабҳои олитар фақат ба сипохиёни дарбори амир бахшиш мегардид. Амир ба ивази маош ба ин сипоҳиён андози тамоми як деҳаро мебахшид. Сипохиёне, ки дорои чунин мукофот мегардиданд, «танхоҳ» -дор меномиданд. Дехқонони чунин деҳаҳо ба фоидаи танхоҳ кор мекарданд. Танхохҳур метавонист духтарони ин деҳаҳоро фурад, ба зани гирад, ҳавлиҳои девдононро кашида гирад ва ҳарчи хоҳад мекард. Хариду фурӯши мансабҳо ба тарзи рӯйрост авч, гирифта буданд. Чунин хариду фурӯши мансабҳо боз ҳам аҳволи халки камбаалро бад мегардонид. Солҳое, ки дар Қаротегин ҳокимони амир Алмосбек (1886-1892) ва
Муҳаммадмурод – парвоначи (1842-1904) хукмрони
мекарданд, хариду фурӯши мансабу вазифа ва унвону рутба қариб ки ба расмият даромада буд. Барои нукари одди шудан 1200-3000 танга ришва додан лозим буд. Агар ин гуна нукар дар шахр ё қалъае ба хизмати ҳарби таъин мешуд, аз ҳар гуна андоз озод карда шуда, ғайр аз ин барои таъмини маош ба ихтиёраш ду «буна» – хочагии девдони дода мешуд. Агар нукар худаш замину боғу ҳавли дошта бошад, дар ин сурат ба вай «буна» дода намешуд, вале ягон андоз аз ӯ ситонида намешуд». Мансаби каровулбеги хеле киммат 2-4 ҳазор танга меистод. Ба ихтиёри каровулбеги 4 «буна» дода мешуд. Қаровулбегие, ки дар хизмати амир бошаду дар айни ҳол молу мулку замин дошта бошад, увдадор буд, ки ба фоидаи хазинаи амир ушр (дахяки ҳосил) ва «амал», яъне 21 танга хирочи заминро диҳад». (Маджлисов А. Аграрные отношения в Восточной Бухаре в XIX начале XX века.- Душанбе-Алма-Ата, 1967.-С.71).
Ҳамин тавр, тамоми мансабҳо, аз чумла, мансаби мирохӯр 3-5 ҳазор танга, ба ихтиёраш 4-10 «буна», туксабо 510 ҳазор танга, ба ихтиёраш 100 «буна», мансаби эликбоши 615 ҳазор танга, ба ихтиёраш 150-200 «буна» фурухта мешуд.
Ниҳоят, мансаби «бий», ки онро худи амир медод (дигар мансабҳои аз ин поинро худи беки Қаротегин мефурухт ва аз ин хариду фуруш ҳатто амирро хабардор намекард) то 300 «буна» мегирифтанд, ки онҳоро истисмор карда, кусури харочоташонро мебароварданд.
Мансабу рутбаҳои дини низ дар ҳама нохияҳои Чанубу Шарки ва марказии Точикистон, ки ба ҳайати Бухорои Шарки дохил мешуданд, фурухта мешуданд. Ҳуқуки додани мансабу унвони қозикалон, ду ноиби он ва Раис ба амир таалуқ дошт ва дар ин бобат фақат амир ярлик дода метавонист. Мансабҳои поёниро худи бек тақсим мекард. Ҳар касе, ки бештар пора медод, сохиби хукуку имконияти бештаре мешуду такдири садхо деҳқонону косибонро ҳал мекард. Ҳангоми додани вазифа сифатҳои шахс қобилияти вай мутлақо ба назар гирифта намешуд. Дар ҳамаи дигар бекигариҳо вазъият чунин буд. (Юсуф Ш. Очерки истории Кулябского бекства в конце XIX и начале ХХвв.- Душанбе,1964.- С.38-39).
Албатта ин гуна тартибот ба маъмурони амир маъкул ва мувофики табъ буд. Онҳо дар хурдтарин мансаб истода, дар зарфи 2-3 сол сарвати зиёде чамъ мекарданд.
Ҳокимони вилоятҳои нохияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон дар ғорату таҳкири аҳолии ҳадду канор надоштанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222