Чи тавре ки қайд карда шуд, охири асри XYIII ва аввали асри XIX дар Осиеи Миёна 3 давлати феодали – Бухоро, Қуқанд ва Хева мавчуд буданд. Ахволи сиёсии ин хонигарихо якхел буд. Дар ин хонигарихо хокимияти маркази суст ва ахволи оммаи халқ тоқатфарсо буд.
Дар сари давлат амир (Бухоро ва хони Қуқанд) меистоданд. Ҳокимияти хон ва амирон номахдуд буд. Ягон органи интихобе, ки аз болои фаъолияти онхо назорат барад, вучуд надошт. Дар замони амри Шохмурод шӯро, ки аз якчанд кас иборат буд, амал мекард ва дар халли масъалахо ширкат меварзид. Аммо ин шӯро характери маслихати дошта, қарор аз тарафи амир бароварда мешуд. (История
Таджикского народа.- Ч. II.- С.68).
Дар аморати Бухоро баъд аз амир – Атолик меистод, ки тамоми корхои иктисодию сиёси ва маъмуриро дида мебаромад. Корхои хочаги, маъмури ва хироч, чамъкуни дар ихтиёри Кушбеги буд. Корхои молиявиро закотчии калон мебурд. Девонбегихо дар ихтиёри ӯ буданд. Масъалахои хадядихи ва инъонбахши дар ихтиёри парвоначи буданд. Ба корхои чосуси кукалтош замон рохбари мекард. То замони Шохмурод идорахои кабули арзу шикоят мавчуд надошт, бинобар ин, хукми қози катъи ва раднашаванда буд.
Яке аз вазифахои хосро Раис ё худ мӯхтасиб ичро мекард. Вай ба риоя расму оини дини ислом, хондани намоз ва гирифтани рӯза назорат мекард. Аз солхои 30-юми асри XIX баъзе вазифахои Кушбеги ба ихтиёри Раис гузоштанд. Нуфузи Раис дар идоракунии давлат баланд гардидУ сиёсати хоричии давлатро муайн мекард. Баркарор кардани муносибат бо давлатхои хоричи ва таъин кардани сафирон ба ихтиёри Раис гузошта шуд.
Масъалаи тартиботи чамъияти (вазифаи полисияро) дар ихтиёри Курбоши ё мухтасиб (баъзан миршаб) гузошта шуда буданд. Масъалаи тақсимоти об дар дасти мироб буд, ки дар шароити Осиёи Миёна дар зироаткори сахми асоси бозй мекард.
Дар аморати Бухоро ва хонигарии Канд рониён дар ҳаёти сиёси саҳми калон доштанд. Ғайр аз ин, дар давлатҳои феодали Осиёи Миёна закотчии калон, қозикалон,
сардорони вилоятҳо (ҳоким, бек, нокиб, саркор, амин, даха, сада, мироб ва ғайрахо) мансабдорони асоси дар зинаи давлатдори ба хисоб мерафтанд.
Аз ҷиҳати маъмури давлат ба бекигариҳо (аз чумла Бухорои Шарки – кисми маркази ва чанубии имрӯзаи Точикисон) ба вилоятҳо ва туманҳо тақсим мешуданд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …