Главная / Илм / СОХТМОНИ КОЛХОЗИ ДАР ТОҶИКИСТОН

СОХТМОНИ КОЛХОЗИ ДАР ТОҶИКИСТОН

Накшаи сохтмони сотсиализм зарурияти ба амал баровардани коллективонии оммавии хочагиҳои дехдонро ба вучуд овард. Дар асоси нишондоди Анчани XV ХК (б) соли 1927 давраҳои асоси ва шаклҳои муттахидкунии хочагиҳои дехдонон муайян карда шуданд. Қайд карда шуд, ки дар ин кор ба шитобкори роҳ надода, хусусиятҳои ҳар як ноҳияро ба хисоб гирифта, маъракаи коллективонии хочагии қишлоқ гузаронида шавад.
Дар Точикистон коллективонии хочагии қишлоқ дар шароити мураккаб мегузашт. Точикистон аз чиҳати иктисоди нисбат ба дигар ҷумҳуриҳо қафо монда буд.
Дар муносибатҳои агарари бокимондаҳои давраи феодали чой доштанд. Базаи модди-техникии хочагии кишлок акибмонда буд.
Замин дар дасти сарватмандон буда, дехдонон ба сифати чоряккор ва мардикор дар замини бойҳо кор мекарданд. Аҳоли асосан дар нохияҳои кӯҳистон, ки замини корам кам буд, зиндаги мекарданд.
Барои ба амал баровардани наши коллективонии хочагии шлок як қатор заминаҳо муҳаё карда шуданд. Пешрафти саноат барои коллективонии хочагии қишлоқ заминаи асоси ба ҳисоб мерафт. Сол то сол ба хочагии кишлок техникаи замонави фиристода мешуд.
Дар коллективонии хочагиҳои дехдонони якадаст саҳми синфи коргар хеле зиёд буд. Ҳазорҳо нафар коргарон барои ёрии амали расондан ба сифати бригадаҳои коргари ба деҳот сафарбар карда мешуданд. Қисми зиёди онҳо ба таври доими дар деҳот монданд. Аз ноҳияҳои кӯхистон ба заминҳои нав аз худшуда деҳқонон муҳочир карда мешуданд.
Ташкил намудани намудҳои гуногуни кооператсияҳо (қарздихи, техникаи хочагии қишлоқ, обёрикуни) барои ба сохтмони колхози чалб намудани дехдонон саҳми калон бозиданд.
Умуман се шакли коллективонии хочаги: коммунаҳо, ТОЗ-ҳо ва артелҳо вучуд доштанд. Дар Точикистон аввалин колхозҳо соли 1927 ташкил ёфта ТОЗ-ҳо нисбатан ба шароити чумҳури мувофиқ буданд.
Хочагии кишлоки Точикистон барои пешрафти иктисодии давлати Шӯрави хеле зарур буд.
Чумҳури бояд яке аз базаҳои асосии истеҳсолкунандаи пахта барои саноати мамлакат мегардид. Барои ҳамин ҳукумати маркази ба Точикистон барои аз худ кардани заминҳои нав (Водии Вахш) ва сохтмони системаи замонавии обёрикунанда ҳаматарафа кӯмак мерасонд.
Барои бо техникаи хочагии кишлок пурра таъмин кардани ҷумҳури дар ин чо стансияҳои мошини трактори ( МТС), ки соли 1937 шумораи онҳо ба 48-то расида буд, сохта шуданд.
Ба мақсади бо замин таъмин намудани дехдонон солҳои 20-30 -ум дар Точикистон муҳочиронкунии девдонон аз
ноҳияҳои куҳистон ба водиҳо гузаронида шуд. Аввалин хочагиҳои коллективи низ дар заминҳои нав азхуд карда шуда гузаронида мешуд. То солҳои пеш аз чанг ба колхозҳо 89,9% деҳқонони якадаст муттаҳид карда шудаанд. Ба монанди дигар ҷумхуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯрави дар сохтмони колхозии Точикистон низ ба камбудиҳо роҳ дода шуд.
Пеш аз ҳама принсипи ихтиёри муттаҳидшави ба колхозҳо дар амал вайрон карда шуданд. Деҳқонони миёнаҳолро мачбуран ба колхозҳо дохил мекарданд. Онҳое, ки дохил намешуданд, молу мулкашон мусодира карда, онҳоро ҳамчун кулак шуда ба кишварҳои дурдаст бадара мекарданд.
Дар интихоби шакли колхози ба чои ТОЗ-ҳо, ки ба шароити республика мувофиқ буданд, артелҳо ташкил карда мешуданд.
Бе тайёр кардани заминҳои зарури колхозҳоро шитобкорона ташкил карда, баъди чанд вакт аз нав барҳам доданд. Деҳқононе, ки ба заминҳои нав муҳочир карда мешуданд дар сари вакт ёри нагирифта ба маҳалаҳои пештараи худ бар мегаштанд.
Камбудии чидди дар он буд, ки Иттиҳоди Шӯрави Точикистонро базаи асосии истеҳсоли пахта ҳисобида, соҳаҳои дигари хочагии шлок ба инобат гирифта
намешуданд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222