Системаи асаби одам
дар муқоиса аз системаи
асаби тамоми мавҷудо-
ти дигар мукаммалтар буда, шаклҳои олии инъикоси пси-
хологӣ ва системаи мураккаби амалу рафторро дар наму-
ди фаъолияти бошуурона имконпазир мегардонад.
Сохтори мураккаби он, ки аз шабакаи нахҳо ва гиреҳҳои
зиёди асабӣ, инчунин ретсепторҳои ба шаклҳои мухтали-
фи таъсироти муҳит мутобиқшуда таркиб ёфтааст, аксу-
ламалҳои зуд ва дақиқ, механизми соддаи ҳосилшавии
алоқаҳои муваққатии асабӣ, ки азхуднамоии таҷрибаҳои
нави ҳаётӣ бо онҳо алоқаманд аст, инчунин таҳлили
амиқи таъсироти муҳит ва рафтори мураттабу муракка-
бро таъмин менамояд.
Тамоми ташкилаҳои
асабӣ аз ҳуҷайраҳои асабӣ
таркиб ёфтаанд. Ҳуҷайраи
асабӣ нейрон ном дорад.
Миқдори нейронҳо танҳо дар
мағзи сари одам ба 1012 (як
триллион) мерасад.
Ҳуҷайраи асабӣ сохтори му-
раккаб дорад. Он аз тана ё
сома, ядро ва шохаҳои
кӯтоҳу дароз иборат аст.
Шохаи дароз дар як нейрон
одатан якто буда аксон ном
дорад. Шохаҳои кӯтоҳи
ҳуҷайраи асабӣ якчандто бу-
да, дендрит номида мешаванд. Аксон ва дендритҳои як
ҳуҷайраи асабӣ бо ҳуҷайраи дигар тавассути синапсҳо
пайваст шуда, барои интиқоли импулсҳои асабӣ аз як
нейрон ба нейрони дигар хидмат мекунанд. Синапсҳо
ташкилаҳои махсуси асабие мебошанд, ки алоқаи
муваққатӣ ё тӯлонию устувори байниҳамии ҳуҷайраҳои
асабиро таъмин мекунад.
Пайвасти миллиардҳо нейрон ташкилаҳои муракка-
би асабӣ ва шабакаи сершохаи робитаи байни онҳоро ба
вуҷуд овардааст, системаи асаб но-
мида мешавад.
Системаи асаби одам аз ду
қисмат иборат аст: қисми марказӣ ва
қисми канорӣ (периферӣ,. Расми 7.
Қисми марказии асаб ё системаи
марказии асаб (СМА) аз ҳароммағз
ва мағзи сар иборат аст. Мағзи сари
одам, ки 1/50 ҳиссаи вазни бадани
ӯро ташкил медиҳад, ташкилаи му-
раккабтарини биологӣ дониста ме-
шавад. Вазни ин узв дар навзодӣ
тақрибан 350г, ва дар одами болиғ ба ҳисоби миёна 1400г
– ро ташкил медиҳад. Он дар синни 18 – 30 солагӣ вазни
максималии худро соҳиб гардида, пас аз 50 – солагӣ мун-
тазам хурд ва сабук шудан мегирад, ки сабабаш пиршавии
бофтаҳои асабӣ ва атрофия (хушкшавӣ) – и мағз мебошад.
Мағзи сар дар навбати худ, аз мағзи дарозрӯя, мағзи
миёна, мағзи мобайнӣ, мағзча ва мағзи пеш таркиб ёфта-
аст. Расми 8.
Ҳароммағз. Мо пештар қайд кардем, ки дар системаи
асаби гиреҳшакл гиреҳҳои алоҳида вазифаҳои худро ба
таври мустақилона иҷро мекунанд. Дар баъзе намоянда-
гони системаи асаби мутамарказ низ ин чиз дар шакли
мухторияти нисбии ҳароммағз боқӣ мондааст. Масалан
таҷрибаҳои физиологи рус И.П.Павлов нишон доданд, ки
дар сурати дур кардани мағзи сари қурбоқа ҳам он мета-
вонад бо панҷааш барои аз худ дур сохтани ангезандаи
ногувор (кислотаи ба пӯсти вай чаконидашуда) кӯшиш
кунад. Ин имкониятро ба вай фаъолияти автаномии
ҳароммағз фароҳам меоварад. Ҳароммағзи инсон аз
мухторият маҳрум аст, вале дар натиҷаи ҳамкорӣ бо дигар
сохторҳои системаи асаб функсияҳои муҳими психикиро
иҷро менамояд.
Ҳароммағзи одам дар ковокии сутунмӯҳра ҷойгир
шуда, бевосита ҳам бо мағзи сар ва ҳам бо системаи асаби
канорӣ пайваста аст. Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавиаш
он, дар иҷроиши фаъолияти психикӣ яке аз вазифаҳои
муҳимро иҷро мекунад, ки он ҳам бошад, таъмини робита
дар байни «штаб» – мағзи сар ва узвҳои канории организм
мебошад. Вазифаи дигари муҳими ин узв аз фаъолияти
рефлектории он бармеояд. Дар ҳароммағз маркази бисёр
рефлексҳои муҳим ҷойгиранд.
Мағзи дарозрӯя аввалин барҷастагӣ дар канори бо-
лоии ҳароммағз аст, вале барҷастагӣ дар ин қисмати си-
стемаи асаб тағйироти ягона нест, дар ин ҷой сохтори
таркибии мағз низ тағйир меёбад. Ҳамаи ин нишонаи он
аст, ки ҳароммағз ба охир расида, узви дигар – мағзи сар
оғоз меёбад. Маҳдудшавии баъзе вазифаҳо дар ин мин-
тақа имконият медиҳад, ки онро ҳамчун қисми алоҳидаи
мағзи сар баҳо диҳем.
Дар мағзи дароз-
рӯя марказҳои бисёр
рефлексҳои ғайри-
шартӣ ҷойгиранд (дар
бораи рефлексҳо нига-
ред ба зермавзӯи
баъдӣ). Аз он ҷумла
маркази рефлекс-ҳои
таппиши дил, нафас-
кашӣ, фурӯбарӣ, ҷудо-
шавии оби даҳон, арақ-
ҷудокунӣ, атсазанӣ,
сулфа-занӣ, ҳикакзанӣ,
қай-кунӣ, ҷудошавии оби даҳон, рефлексҳои мавқеи бадан
дар фазо ва ғайра. Иҷроиши вазифаҳои ин марказҳо аз
шӯъбаҳои олии (қишрии) мағзи сар идора карда меша-
ванд.
Мағзи миёна дар болои мағзи дарозрӯя ҷойгир
шуда, давоми онро ташкил медиҳад. Дар он ҳуҷайраҳои
зиёди асабӣ ҷамъ омада, марказҳоеро ба вуҷуд меоваранд,
ки аз рӯи вазифаашон ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд:
марказҳои ҳиссӣ ва эффекторӣ (ҳаракатӣ). Марказҳои
ҳиссӣ ба шиддати мӯшакии тамоми бадан ва ба ин васила
ба тамоми ҳаракатҳои одам ё ҳайвонот таъсир мерасо-
нанд. Вазифаҳои марказҳои ҳиссӣ бошад, бо функсияҳои
биноӣ ва шунавоӣ алоқаманданд. Маркази ба ном «старт –
рефлексҳо» низ дар мағзи миёна ҷойгир аст. Ин рефлексҳо
вазифаи эҳтиёткунанда дошта, дар он зоҳир мешаванд, ки
одам ё мавҷудоти дигар ҳангоми таъсироти ногаҳонӣ як-
бора ва бе сарфаҳм рафтан ба ҳодиса магурезад, худашро
панаҳ месозад, чашмашро мепӯшад ва монанди инҳо. Ин-
чунин дар мағзи миёна рефлексҳои тарзи ист, нигоҳ доша-
ни мувозинати бадан ҳангоми рост роҳ рафтан, ҳаракат ба
баландӣ ва нишебӣ, чархзанӣ ва ғ. ҷойгиранд.
Мағзи мобайни дар қисми марказии мағзи сар ҷой-
гир буда, аз се тараф бо мағзи миёна, мағзча ва нимкӯр-
раҳои мағзи пеш пӯшонида шудааст. Мағзи миёнаро мар-
кази эҳсос меноманд, зеро ҳама роҳҳои асабии аз узвҳои
ҳис ба соҳаи қишрии мағз раванда тавассути он мегуза-
ранд. Марказҳои муҳими ҳиссиёт ва эмотсияҳо низ маҳз
дар ин сохтори мағз ҷойгиранд. Тавассути таъсироти
барқӣ ба баъзе нуқтаҳои он дар ҳайвонот ва инсон ҳиссиё-
ти ғазаб, қаноатмандӣ ё тарсро ба вуҷуд овардан мумкин
аст. Дар мағзи мобайнӣ инчунин марказҳои физиологии
танзими ҳарорати бадан ва иштиҳо низ ҷойгиранд. Ҳан-
гоми таъсири сунъӣ ба қитъаи муайяни он иштиҳои бар-
тарафнашаванда ба вуҷуд меояд ва ҳангоми таъсир ба
қитъаи дигар бошад, новобаста аз гуруснагии чандрӯза
ҳайвон ба хӯрок эътибор намедиҳад.