Главная / Илм / Суханони уламо дар бораи Имом Шофеъӣ

Суханони уламо дар бораи Имом Шофеъӣ

Ибни Касир мегўяд: «Бисёре аз имомони бузурвор Имом Шофеъиро мавриди ситоиш қарор додаанд. Аз он ҷумла, Абдурраҳмон ибни Маҳдӣ, ки аз Шофеъӣ хост китобе дар усули фиқҳ таълиф кунад ва Имом Шофеъӣ низ китоби «Ар-рисолат»-ро навиштанд, ў барои Имом Шофеъӣ дар намоз дуо мекард. Аз он ҷумла устодаш Молик ибни Анас ва Қутайба ибни Саъид, ки мегўянд: «Шофеъӣ имом ҳастанд». Ҳамчунин Суфён ибни Уяйна ва Яҳё ибни Саъиди Қаттон, ки дар намоз барои Имом Шофеъӣ дуо мекарданд. Абўубайд мегўяд: «Фасеҳтар, оқилтар ва ботақвотар аз Шофеъӣ надидаам».
Довуд ибни Алии Зоҳирӣ китобе дар фазоили Имом Шофеъӣ навишта, ки дар он мегўяд: «Шофеъӣ хислатҳои некўе дорад, ки ғайри ў надорад. Аз он ҷумла, шарафи насаб, сиҳҳати дину ақида, саховати нафс, огоҳӣ ба саҳеҳ ё заиф, носих ва мансух будани ҳадис, ва ҳифз доштани Қуръону ҳадис ва зиндагии хулафо, китобҳои муфид ва шогирдону ёрони хуб монанди Аҳмад ибни Ҳанбал, ки дар зуҳду тақво ва пайравӣ аз ҳадис машҳур аст».
Аҳмад ибни Ҳанбал мегўяд: «Фасеҳтар ва бофаҳмтар аз Шофеъӣ надидаам».
Инҳо намунае чанд аз фазоили Имом ва ақволи уламо дар бораи ў мебошад, ки муносиб ба ин китобчаи мухтасар аст.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222