Пас аз вафоти Буддо шогирдонаш таълимоти ӯро интишор ва такмилу тадвин намудаанд. Маҷмӯи таълимоти ӯ дар китоби муқаддас «Трипитака»(« Се сабад ҳикмат») ҷамъоварӣ гардид. Як аср баъд дар дохили буддоия ихтилофот сар заданд. Ин ихтилофҳо рӯи масъалаи сабук кардани як қатор талаботи шариати буддоия буданд. Дар натиҷа буддоия ба ду фирқа: тхеравадароҳи пирон, ки мухолифонашон хинаяна(«аробаи дучархаи хурд», ки роҳи борик, маҳдуд) меноманд ва махаяна («аробаи дучархаи калон», ки роҳи васеъи наҷот аст) тақсим шуд. Ин ҳодиса дар ҳудуди соли 200 т.м. то 200 м. рух дод. Дар тӯли ин муддат ва минбаъд дар дохили буддоия боз 16 фирқаи нав пайдо шуданд, ки ин буддизми ибтидоиро ба куллӣ таъғир дод.
Дар Тибету Муғулистон баъдтар равияи нави буддоия –лама (ламаизм) дар заминаи таълимоти махаяна ва ваҷраяна (аробаи алмосӣ) ташаккул ёфт.
Дар таърихи таҳаввули будизм ва интишори он берун аз Ҳиндустон нақши сулолаи Гуптҳо (с.200т.м.)ва шоханшох Ашока (269-232 тм)хеле бузург аст.
Дар айни замон як қатор фирқаву ҷараёнҳои нави буддоия бо номҳои дзенбуддизм, необуддизм ва ё метабуддизм ба вуҷуд омадаанд. Буддизм имрӯз дар аксари кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ: Хитой, Жопун, Курия, Ветнам, Тайван, Шириланка,Камбуҷиё ва ғ–ра паҳн шуда, нақши муҳими иҷтимоию сиёсӣ мебозад. Таърих ва фарҳанги гузаштаю имрӯзаи ин кишварҳо аз бисёр ҷиҳат ба дини буддоия вобаста аст.
Дар хотима баъд аз шиносоӣ бо динҳои ориёнии Ҳиндустон метавон гуфт, ки дар ин олами маънавии рангинкамон сармояи гаронбаҳои тамаддуни инсонӣ нуҳуфтаст. Динҳои дар ин сарзамини асил бунёд гардида, аксаран хусусияти ирфонӣ дошта, дар пояи риёзат ва тазкияву софкории нафс асос ёфтааст. Динҳои ҳиндуориёӣ ҳарчанд аз назари илоҳиёт гуногунанд ва аз ширку бисёрхудоӣ гирифта то шинохти нахуст пояҳои тавҳид «-монизм»- ваҳдат ва ваҳдонияти олами ҳастӣ ва зоти илоҳӣ(-ваҳдати вуҷуд) мерасад, вале муҳимтарин хусусияти адёни ҳинду-ориёӣ, ба ақидаи мо, инсонмадорӣ ва ахлоқмеҳварии онҳост. Яъне дар маркази таълимоти ин адён масъалаи наҷоти нафс, инсон ва ахлоқиёти вай қарор дорад.