Главная / Илм / ТАҲАВВУЛИ МАЗХАБИЮ СИЁСИ ШИЪА ВА ФИРҚАҲОИ ОН

ТАҲАВВУЛИ МАЗХАБИЮ СИЁСИ ШИЪА ВА ФИРҚАҲОИ ОН

Чунон ки гуфтем, пас аз вафоти Паёмбари ислом (с) чизе нагузашта буд ва ҳатто , ҳанӯз ӯро гӯр накарда буданд, ки ихтилоф дар атрофи масъалаи ҷонишини ӯ, яъне дар масъалаи интихоби х а л и ф – шахси ҷонишин, идомадиҳандаи кори Паёмбар (с), пешво ва роҳбари сиёсӣ ва мазҳабии уммати исломӣ ба вуҷуд омад. Зиддият байни чанд гурӯҳ буд. Яке муҳоҷирон , онҳое ки аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карда буданд, дигаре а н с о р , онҳое ки Муҳаммадро (с) ба Мадина даъват карда, ба ӯ пайвастанд ва барои дифоъ аз ҷону молаш паймон баста буданд, сеюм онҳое буданд, ки тарафдории халиф аз хонадони Муҳаммад(с) мекарданд, яъне тарафдорони Алӣ ибн Абӯтолиб(р) амакбачча ва домоди Муҳаммад(с) буданд. Худи Паёмбар (с) бевосита ба тарзи равшану ошкоро пеш аз вафоташ, агар ҳадиси Ғадири Хумро ва чанд мавриди дигаре, ки аҳли ташшаюъ ба онҳоҳхамчун санади таъйини халиф ишора кардаанд, ба инобат нагирем, касеро ба ҷои худ таъйин накарда буд, фақат дар чанд рӯзи бемории ӯ Абӯбакр симмати имомати намозро дар масҷид дошта, он ҳам ба ҳурмати калонсолиаш.

Муҳаммад ибн Абдулкарими Шаҳристонӣ ҳарчанд дар бораи фирқаи шиъа танҳо дар боби шашӯми китобаш маълумот додааст. Аммо дар оғози китоб ба тартиб дар бораи ихтилофҳои аввалин сухан мегӯяд ва дар қатори аввалин ихтилофҳо, ки баршуморидааст муҳимтарин ихтилоф, ки баъдан сабаби ҷудоӣ дар ислом шуд, имомат низ ҳаст, ки ӯ онро ҳамчун панҷумин ихтилоф баён кардааст. Бояд гуфт, ки ҳарчанд заминаи ихтилоф ва ҷудоӣ, чунон, ки гуфтем, било фосила баъд аз вафоти Муҳаммад(с) ба миён омад, ҷудоӣ ва зиддияти шадиди сиёсӣ дар замони хилофати халифи сеюм Усмон(р) (солҳои 644-658) зоҳир шуда, тамоми давраи хилофати умавиён рӯ ба афзоиш буд. Норизиятии оммаи васеъи мардум ва алалхусус мардумии кишварҳои ғайри арабии истилошуда ва дар раъси он эрониён заминаи иҷтимоии ин зиддиятро ташкил карданд ва ниҳоят бо дастгирии эрониён, ки гароиши шиъа доштанд, хилофати Уммавиён бо хилофати Аббосиён иваз гардид.

Ҳарчанд Алӣ (р)пас аз қатли Усмон ( аз соли 658-661 ) ба хилофат расид, вале пас аз қатли ӯ (с.661) боз то соли 750 охирин соли ҳокимияти Марвони дуюм хилофат дар дасти уммавиён боқӣ буд.

Дар таърихи мазҳаби шиъа фоҷиъаи Карбало, ки дар он писари дуюми Алӣ Ҳусайн(р)бо хонавода ва ҳамроҳонаш ба дасти сарлашкари Язид ибн Муъовия- Саъд ибни Ваққос кушта шуд, хеле ҳодисаи ҳамосии таъсирнок аст ва дар ташаккули шиъа нақши зиёд дорад. Ба сари ҳокимият омадани Аббосиён низ шӯришу зиддиятҳои пайравони Алиро хомӯш нагардонд ва ба хулафои аввали аббосӣ чандин бор лозим омад, ки ин шӯришҳоро пахш кунанд.

Аввалин доъиёни машҳури мазҳаби ташаюъ Абӯзари Ҷаффорӣ, Миқдод ибни Асвад ва Салмони Форсӣ буданд. Дар коркарди асоси назариявии имомат Абдуллоҳ ибни Саббоҳ , ки аслан яхудӣ буд саҳми зиёд гузоштааст. Абдуллоҳ ибн Саббоҳ ақида дошт, ки Муҳаммад (с) намурдааст ва ӯ мисли Эсои Масеҳ бозмегардад ва Алӣ дар замони ғайбати ӯ васӣ- ҷонишини қонунии ӯст. Имомат аз диди аҳли ташаюъ амри илоҳист ва наметавонад интихобӣ бошад ва он чун паёмбарӣ аз иродаи Худо вобаста аст. Онҳо барои асоснок кардани ин ақидаи худ назарияе кор кардаанд, ки тибқи он дар Алӣ (р) низ чун дар Муҳаммад (с) нури илоҳӣ асар намуда ва аз ӯ ба авлоди ӯ ворид гардида, аз ин рӯ имомат фақат меросӣ метавонад бошад. Аҳли суннат ин ақидаро қабул надоранд ва имоматро интихобӣ мешуморанд.

Фарқи этиқодию шаръии аҳли шиъа бо аҳли суннат ва ҷамоъат ночиз аст. Онҳо низ ба Худои ислом Аллоҳ ва Ппёмбари ӯ Мухаммад(с) эътиқоду имон доранд ва “алипараст” гуфтани онҳо, чунон ки дар байни сунниҳо роиҷ аст, дуруст нест. Ҳамчунин шиъа китоби муқаддаси ислом Ҳуръон ва суннати Расули Худоро қабул доранд, танҳо ба қавли онҳо ҳангоми таҳрири усмонӣ дар баъзе оятҳое, ки сухан аз имомати Алӣ ибн Абӯтолиб (р)мерафта ё далолат ба он мекарда, таҳриф ё ҳазф шудаанд ва дар суннат танҳо ба ҳадисҳое эътимод қоиланд, ки аз қавли саҳобаҳои наздики Муҳаммад(с) ё аҳли байт-хонадони вай нақл шуда бошанд. Маҷмӯи инчунин ҳадисҳоро а х б о р меноманд. Гайр аз ахбор ҳамчун сарчашмаи маънавию ахлоқи маҷмӯаи гуфтаҳо ва хутбаҳои Алӣ (р) бо номи “Наҳҷат -ул- балоғат”-ро доранд. Дар баён ва шарҳи усули дин, чунон ки қаблан гуфтем, баъзе тафовутҳо мавҷуд аст.

Фарқҳои ҷузъии тафсилӣ чун дар матни а з о н дахил шудани “Ашҳаду анна Алиюн валиюл-лоҳи” пас аз шаҳодати рисолати Муҳаммад, ва тарзи адои намоз, зиёрати ҷойҳои муқаддас ва иду маросимҳо низ мавҷуданд. Муҷоз донистани т а қ и я пинҳон намудани асли эътиқод ва тазоҳур, аз фарқиятҳои байни шиъаву суннӣ мебошанд. Аммо фарқи асосӣ, чунон ки гуфтем, ҳамон назария (доктрина)-и имомат аст, ки бо номи ” Имомат ва вилояти фақеҳ” як назарияи мукаммали фиқҳӣ, фалсафию сиёсии ислом аз дидгохи шиъа аст. Яке аз маросимҳое, ки дар шиъа хеле арзиш дорад маросими сӯгворӣ \таъзия\ барои фоҷиаи шаҳодати имоми сеюм Ҳусайн (с.609) мебошад. Он ниҳоят бо шӯру ҳаяҷон дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам мегузарад. Алалхусус рӯзҳои нӯҳум ва даҳуми он, ки ба арабӣ “тосуъо” ва “ошӯро” гӯянд, хеле таъсирбахш ва бо эҳсосоти баланд, занҷирзанӣ ва хокбарсаркунӣ ва саҳнаҳои теотрии он фоҷиа мегузарад. Дар тӯли ин муддат дар масоҷид ҷаласаҳову хутбаҳои таъзиятӣ, марсияхониву равзахонӣ ташкил карда мешавад.

Фирқи шиъа дар навбати худ дар натиҷаи ихтилофоти дохилӣ ба чандин фирқа тақсим гардида аст. Фирқҳои асосии он: қ а й с о н и я, з а й д и я, и м о м и я, и с н о а ш а р и я, ғ у л о т ва и с м о и л и я мебошанд. Ба қавли Шахристонӣ дар усули эътиқод баъзеи онҳо ба суи мӯътазила, баъзе ба сӯи аҳли суннат ва баъзе ба мушаббиҳин (антропоморфистҳо) майл мекунанд. Дар байни ин фирқаҳои танҳо ғулот \ифротгаро\ ва ё “алииллоҳиён”-ро метавон “алипараст” номид, чун онҳо Алиро ба дараҷае боло мебаранд, ки аз паёмбар афзалтар ва ҳатта ӯро ба мартабаи Худоӣ мерасонанд.

Гурӯҳи асасии шиъаёнро имомияи исноашарӣ (дувоздаҳимома) ташкил мекунанд. Шаҷараи имомон дар ин фирқа аз Алӣ ибн Абӯтолиб ( 661) оғз гардида ба тартиби зайл аст:2-Ҳасан (ваф.с.669);3-Ҳусайн (шаҳодат с. 680); 4- Алӣ Зайнул Обиддин \ваф.с.712); 5- Муҳаммад ал-Боқир (ваф.с. 721) \- писари дигари Зайнул- Обиддин Зайд асосгузори фирқаву мазҳаби зайдия аст. \; 6. Ҷаъфари Содиқ (ваф.с. 765); 7-Мӯсои Козим (ваф.с. 797) писари дигари имом Ҷаъфари Содиқ Исмоил асасгузори фирқа ва мазхаби исмоилия\; 8- Алии Ризо (ваф.с.818); 9-Муҳаммади Ҷаввод (ваф.с.835); 10-Алии Нақӣ (ваф. с.863); 11-Ҳасани Аскарӣ (ваф.с.874); 12- Муҳаммад Маҳдии Мунтазир (ғайбат с.878).

Мувофиқи эътиқоди шиъаён имоми дувоздаҳум Маҳдӣ намурдааст, балки ғоиб шудадааст ва дар охирзамон бармегардад ва адолатро пойдор месозад. Вуҷуди чунин ақида дар шиъа як бурҳони дигаре дар мавриди таҳаввул ва такомули табиии динҳо аз ҳисоби як дигар ва боварӣ ба ниҳояти некбинона (оптимистӣ) доштани адён нисбат ба тақдири ҷомиъаи инсонӣ аст. Дар ин маврид шахсияти имом Маҳдӣ дар шиъа шабоҳати зиёде бо шахсияти Исои Масеҳ дар дини насронӣ дорад.

Чунон ки гуфта шуд имомат дар мазҳаби шиъа дар қатори нубувват мақоми баланде дорад. Имом низ мисли набӣ (паёмбар) мукаллаф аз тарафи Худо-Аллоҳ аст. Яъне мақоми сиёсиву рӯҳонии имом тақдир шуда аз тарафи Худост. Имом дар шиъа мазҳари “исмат”-покӣ ва бегуноҳӣ ба шумор меравед. Мувофиқи назарияи сиёсии имомат “вилоят”- ҳукумати сиёсӣ бояд баъд аз ғайбати Маҳдӣ ба дасти фақеҳи муҷтаҳид гузарад. Ва мувофиқи назарияи вилояти фақеҳ вай низ дорои як қатор сифатҳову қобилиятҳои ахлоқиву сиёсии баргузидааст.

Дарчанд мазҳаби шиъа дар аввали пайдоиши маншаи арабӣ дошт, баъдтар он барои эрониён беҳтарин чатри идеологие барои мубориза бо араб ва сиёсати арабикунонии уммавиён гардид, онро эрониён ба ормон ва аҳдофи сиёсии худ созгор ёфтанд ва қабулу ривоҷ доданд, ниҳоят дар натиҷаи муборизаи қувваҳои мухолиф, ки дар он нақши асосиро,чунон ки гуфтем, эрониён мебозиданд хилофати Аббосия сари кор омад, ки дар дастгохи идории он вузарои эронҳ аз Оли Бармак наКши мухим мебозиданд. Дар асри XVI мазхабҳ шиъа маКоми дини давлатии Эронро касб мекунад. Вале дар асари таассуби шиъагароии Шох Исмоили Сафавҳ, ки дар Баҷдод ва дигар навохии суннинишин рох андохт, ман фикр мекунам, ягона шонси таърихии ба дасти эрониён гузаштани хилофати ислом аз даст рафт ва аз он туркони усмонҳ, ки ҳамчун ҳомии аҳли тасаннун зуҳур карданд, истифода намуда, лаӣоми хилофатро ба даст гирифтанд ва то асри XIX, то замони аз тарафи Мустафо Камол (Отатурк) ба хам пошида шудани осори хилофати ислом ва ташкили Ҷумҳурии Туркия, ҳокимият карданд. Имрӯз мазхабҳ шиъа дини расмии Иумхурии Исломии Эрон мебошад, ки соли 1979 дар натиӣаи инКилоби исломии Эрон ба сари Кудрат омад. Дар ин инКилоб наКши рохбарикунандаи рӯхонияти шиъа бо сарварии Оятуллох Узмо Хумайнҳ (1900-1989) нихоят бузург буд. Баъд аз инКилоб дар Эрон, шояд нахустин бор дар таърихи шиъа, тамоми умури идорҳ, фархангҳ ва иӣтимоию иКтисодҳ ва сиёсҳ исломҳ карда шуд ва воКеъан давлати соф исломии шиъа тахаККуК пазируфт.

Xориӣия – яке аз он фирКахоест, ки дар асари ихтилофи сиёсҳ ба вуӣуд омадааст. Таърихи пайдоиши фирКаи хориӣия- ро бидъатнигорони исломҳ ба натиҷаи мухорибаи байни сипохи Алҳ ибн Абитолиб ва хокими Сурия Муъовия дар махале бо номи Сиффин (с. 657) сурат гирифта, вобаста мекунанд, вале дар мавриди аз чи иборат будани асли ихтилоф иттифоКи назар вуӣуд надорад. Яке аз ривоятхо чунин аст, ки гӯё дар мухорибаи номбурда, ҳангоми ҷанг сипохи Алҳ наздик буд сипохи Муъовияро тору мор кунад, вале тарафи Муъовия бо рохи макр ба сари найзахои ӣанговаронаш варақҳои ^уръонро халонда, хохони бо рохи гуфтушунид дар асоси ,1уръон ва суннати пайҷамбар хал кардани ихтилоф шуд ва дар гуфту шунид низ бо макру ҳилла намояндаи Муъовия Амр ибни Ос масъаларо ба манфиати Муъовия ҳаллу фасл карданд. Аз ин ҳодиса як гурӯҳи ҳазор нафарҳ норозҳ шуда, аз сипохи Алҳ хориӣ шуданд ва “хориҷия” ном гирифтанд.

Мухимтарин ихтилофи онхо бо мазхаби шиъа рӯи масъалаи имомат аст. Хориӣиён мӯътаКиданд, ки имом метавонад ҷайри Курайшҳ бошад. ТибКи аКидаи онхо хар як мусалмоне, ки онхо сазовор донанд, хох ҷулом, хох озод, хох набатҳ, хох Курайшҳ, метавонад имом бошад. Яъне, хориӣиён баробарии мусалмонон ва дар умури рахбарҳ ва имомат интихобҳ будани ин маКомро талаб мекарданд. Хамин аКидаи онхо сабаби зуд интишор ёфтан ва пайравони зиёд пайдо кардани онхо гардид. Ихтилофи дигари онхо аз хамон зиддият оид ба Казовати Сиффин сарчашма мегирад ва мегӯянд: ” Танхо Аллох метавонад Казоват ва хукм кунад” ва ба хамин далел хукму Казовати одамонро эътироф намекунанд.

Хориӣиён имомати Абубакру Умарро мепазиранд вале имомати Усмонро рад мекарданд, аз амали Алҳ дар махали Сиффин норозҳ хастанд. Баъзе аз онхо, масалан а з р а К и я Усмон, Талха, Зубайр хатто Оиша хамсар ва Абдуллох ибни Аббос амаки пайҷамбарро махкуми дӯзах ва азоби абадҳ мешуморанд. Онхо ӣиходро ба муКобили мухолифонашон, чи мусалмон ва чи ҷайри мусалмон, ӣоиз медонанд ва мӯъмини аз ӣиход рӯ тофтаро кофир мешуморанд. Куштани занон ва кӯдакони мухолифини худро иӣозат додаанд. Шахси гунохи кабира содир карда ва ашхосе, ки фароизи диниро иӣро накардааст ва хатто як гунох кардаанд, бо вуӣуди эътирофи вахдонияти Худо ва рисолати Мухаммад кофир ва махкум ба оташи дӯзах медонанд. Онхо сангсор кардани шахси зино содир карда ва ӣазои туҳматкардаро бекор кардаанд. Ба аКидаи онхо хамрохи мушрикон фарзандони онхо низ ба дӯзах хоханд афтод. ТаКияро на дар сухан ва на дар амал Кабул надоранд. Хориӣиён дар масъалаи сархушихо ва хашомату ороиш сахт таассуб доранд, тамокукашҳ ва мусиКиро манъ карда буданд.

Дар масоили аКидатҳ онҳо куръонро махлуКкмешуморанд, иӣмоъ ва Киёсро намепазиранд. Сураи “Юсуф”-ро рад мекарданд ва онро ба шаъни китоби муКаддас мувофиК намешуморанд, чун дар он оид ба ишКу мухаббати Юсуф бо зани мисрҳ ривоят шудааст. Ба аКидаи хориӣиён парвардигор метавонад пайҷамбаре фиристад, ки вай баъд аз рисолати худ кофир шавад ё пеш аз рисолат кофир бошад.

Аввалин намояндагони машхури хориӣая Ашъас ибни Лайс ал-Киндҳ, Мисъар ибни ФадаК ат-Тамими, Зайд ибни Хусайн- ат-Тоъҳ буданд, ки ба муКобили Алҳ хурӯӣ карданд. Хориӣия низ бо мурури замон ба чандин фирКахои ифротҳ ва миёнарав таКсим шуданд ва маъруфтарини онхо: а з р а К и я, с у фр и я, н а ӣ д и я, б а й ҳ а с и я, аӣ р а д и я, с а ъ л а б и я и б о д и я мебошанд, ки дар навбати худ хар кадом боз ба чандин фирКахои хурдтар таКсим шудаанд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222