Маълум, ки дини насронӣ дар заминаи дини яҳудия ба вуҷуд омад ва асосгузори он Эсо аз яҳудиён буд. Аммо чун дини насронӣ оҳиста-оҳиста берун аз ҳудуди миллати яҳуд ва Фаластин нуфуз кард ва дар қаламрави империяи Рум густариш ёфта, кам-кам сурати дини мустақилро мегирифт.
Шогирдони Эсои Масеҳ дар ҷараёни густариши дини насронӣ масеҳиёни хатнанашударо, низ ғусли таъмид мекард. Баъдан ҳаворӣ Павел зарурати риояи шариати яҳудӣ барои насрониёнро аз байн бурд.
Павелро дар воқеъ метавон дувумин муассиси масеҳият номид. Ҷиду ҷаҳди ӯ дар роҳи коркарди илми илоҳӣ (теолужик) ва ислоҳи шариати он сабаб шуд, ки дини насронӣ оламгир- дини ҷаҳонӣ гардид.[1]
Павел аз рӯи анъанаи насронӣ дар оилаи яҳудии шаҳрванди Рум, дар шаҳри Тарси Осиёи Хурд таваллуд шудааст. Ӯ дар аввал аз онҳое буда, ки насрониёнро таъқиб мекарда, вале баъдан яке аз мубаллиғони фидокори дини насронӣ дар Осиёи Хурд гардид, ба насроният хусусияти ғайри миллӣ додааст.
Баъд аз Павел таҳаввули насроният аз тариқи пайдоиши фирқаҳо ва равияҳо сурат мегирад.
Баробари густариш ёфтани насроният таркиби иҷтимоии пайравони дини нав низ тағир меёбад. Дар аввали асри IV империяи Рум сиёсати ҳимояву пуштибонӣ аз ин динро пеш мегиранд. Ниҳоят, соли 313 император Константин фармонеро имзо кард, ки ба масеҳият чун динҳои дигар ҳуқуқи баробар медод ва аз паси он соли 324 расман дини масеҳиро дини расмӣ-давлатӣ эълон кард.
Соли 325 мелодӣ ба раёсати худи император Константин аввалин анҷуман (собор)-и калисоҳои насронӣ дар шаҳри Никей шуда гузашт, ки дар роҳи устувории ин дин нақши арзандае гузошт.
Ҳамзамон бо пароканда гардидани империяи Рум ҷудоӣ дар дохили калисои насронӣ афзудан гирифт ва дар натиҷа он ба чор калисои худмухтор (афтокефалии): Константинопол, Искандария, Антиох, Иерусалим тақсим гардид.
Баҳсу мунозираҳои баъдӣ аксаран дар атрофи моҳияти зоти Эсо давр мезанад. Инсон будан ё Худо будани Ӯ. Тибқи таълимоти насронӣ «Шахсияти Эсо мураккаб аз ду унсур аст, яке унсури илоҳӣ ва холиқият, дувум унсури инсоният ва махлуқият».[2] Дар натиҷаи ин ихтилоф равияҳо ва фирқаҳое дар қисмати шарқии империяи Рум ба вуҷуд омаданд, ки муҳимтарини онҳо: ариёнҳо (Апиз),[3] Апуллинариҳо (Аро1Нпаги8),[4]Настуриҳо (Иез^огиз)[5], Монофизитҳо ва Яқубитҳо ( ^асоЬИез)[6], Монотелитҳо (МопоИ1е1Ие8)[7] [8]Иконоборҳо (1сопос1а81е8)7 буданд.
Ин ихтилофҳо сабаби он шуд, ки соли 451 калисоҳои насронӣ ба ду қисм/ шарқию ғарбй тақсим шуданд.
Ин ихтилофи ҳосила байни калисоҳо баъди тақсим шудани империяи Рум ба шарқию ғарбӣ (соли 395), расман соли 1054, ба ташаккули ду равияи бузурги насроният: Католикӣ ва Православӣ (ортодокси шарқӣ) сабаб шуд.
Равияи католикӣ – (аз кал. юн. умумиҷаҳонӣ) яке аз шохаҳо- равияҳои асосии дини насронӣ буда, бештар дар қисмати ғарбии империяи Рум густариш пайдо кард. Калисоҳои католикии Рум аз бузургтарин ва бонуфузтарин калисои насронӣ дар Ғарб ба шумор мерафт. Асосгузори онро худи Апостол Петр меҳисобанд.
Дар асрҳои миёна калисои католикӣ қудрати бениҳояти сиёсӣ ва сарвати моддӣ дошт. Калисои католикӣ дар муқоиса бо православй дорои як маркази идорй мебошад. Аз ин рӯ, калисо дар асрҳои миёна Поп (Папа) дар ҳақиқат султони воқеии тамоми кишварҳои мағрибзамин буд.
Масалан, дар соли 800 мелодӣ тақрибан аз як севуми хоки Фаронса ва ҳамчунин қисмати зиёди кишвари Олмон ва Итолиё дар таҳти қаламрави калисо қарор дошт. Дар ин давра интихоб ва аз қудрат дур сохтани император ва шоҳони ин кишварҳо бо дасти попҳои католик сурат мегирифт. Вале ба тадриҷ Папаи Рим ба дастнишондаи ашрофу аъёни итолиёвӣ табдил ёфта, аз нақшу эътибори рӯҳониву ахлоқии онҳо коста мешавад.
Асоси таълимоти котуликҳоро Навиштаҷоти Муқаддас ва Ахбори Муқаддас ташкил мекунанд. Эътиқодномаи котуликҳо эътиқод бар он доранд, ки Рӯҳул-Қуддус на танҳо аз Падар Худо балки аз Писар Худо низ бармеояд.
Католикҳо ҳафт муқадасот: ғусли таъмид (крешение), ашои раббонӣ, яъне тановули нону май (рус. причащение, лот. евхаристия), тақдис (священство), тавбаву иқрор (покаяние, исповед), оламмолидани (миропомазание), никоҳ ва санавбарсӯзи (елосвящение)- ро эътиро мекунанд.
Дар бораи нақши иҷтимоии калисои католик дар асрҳои миёна ихтилофи назар ҳаст. Аз як сӯ муҳақиқон онро таърихан, омили эҷоди ваҳдати фарҳангии Аврупо бо вуҷуди парокандагии сиёсӣ медонанд. Аз сӯи дигар калисои католик бо эҷоди «Девони тафтиши ақоид (Инквизисия)» ва ҷангҳои салибии шарқию ғарбӣ аз худ нақши асорати маънавӣ ва сиёсии номатлубе дар сафҳаи таърих гузоштааст.
Сарвари асосии калисои котуликҳо ҷонишини Эсои Масеҳ ҳокимияти олии давлати Ватикон папаи Рум мебошад. Дар ҳоли ҳозир ин мансабро шахси собиқ лаҳистонӣ кардинал Кароль Войтила (тав.1920) ба уҳда дорад, ки номи Иоанно Павел II гирифта. Мувофиқи қарори анҷумани I Ватикан, аз соли 1870 папа поку бегуноҳ ба шумор меравад.
Ватикон дар маркази Рум (масоҳ. 44 га.,аҳолиаш зиёда 1 ҳ. наф.) маркази католикҳои ҷаҳон мебошад. Ватикон дорои тамоми атрибутҳои давлатӣ: герб, байрақ, гимн, пул, почта, ТВ-радиё, телеграф, матбуот ва ҳатто миқдори муайяни горд ва жандарм ва роҳи оҳан (800 м) мебошад. Ватикон дар созмонҳои ҷаҳонӣ ва мамолики Амрико намояндагӣ ва сафоратхонаҳо дорад. Аз ҷумла, дар СММ ва Юнеско нозирон дорад. Сарвари ин давлати кӯчак Папа буда, барои якумр интихоб мешавад.
[1] Ҷон Нос, Таърихи ҷомеъаи адён. С. 410.
– Ҳаворӣ (- апостол) – шогирдони Эсои Масеҳ
[2] Ҷон Нос. Таърихи ҷомеъаи адён.- С. 426.
[3] Ин аввалин фирқаи навпо(- бидъат)-и насронӣ буд, ки дар Искандария ба вуҷуд омада, онҳо мункири азалияти Масеҳ шуданд, Масеҳро танҳо одами муқаддас ва писархондаи Худо мешумориданд.
[4] Пайравони усқуф бо номи Аполлинариус буда, мӯътакиданд, ки башарияти Эсо зоҳирӣ ва ғайри ҳақиқӣ аст.
[5] Пайравони усқуфи константиния бо номи Настуриус, буда ҷанбаи башарӣ ва илоҳии Масеҳро аз ҳам ҷудо медонанд.
[6] Инҳо пайрави усқуф Яъқуб, буда барои Эсо фақат як ҷанбаи илоҳӣ қоил буданд ва ҷанбаи башарии ӯро маҳвшуда дар ҷанбаи илоҳӣ медонистанд
[7] Инҳо фирқае буданд, ки Эсоро дорои ду ҷанба, вале як ирода медонистанд.
[8] Ин фирқа дар қарни ҳафтум ва ҳаштум бар муқобили кашидан ва дар калисоҳо гузоштани тасвирҳо ва муҷассамаҳои динӣ буданд.