Главная / Илм / Таҳқиқ ва баррасии Имом дар бораи ровиёни ҳадис ва уламо

Таҳқиқ ва баррасии Имом дар бораи ровиёни ҳадис ва уламо

Ибни Абдулбар дар китоби «Ал-интиқо» аз Имом Молик ривоят мекунад, ки мефармояд: «Ин илм(-и ҳадиси Расулуллоҳ (с)) дин аст, пас бингаред аз чӣ касоне динатонро мегиред. Ман аз ҳафтод нафар аз касоне, ки ҳадисро ривоят мекарданд, ҳадис ривоят накардаам ва ин ба хотири ин нест, ки онҳо мавриди эътимод ва итминон набудаанд, балки агар яке аз онҳо масъули байтулмоли муслимин карда шавад, асло хиёнат намекунад, танҳо ба хотири ин аст, ки шоистаи ин илм нестанд, вале Ибни Шиҳоби Зуҳрӣ ба Мадина омаданд, ки ҳатто пеши дар хонааш ба иллати бисёрии муштоқони ҳадиси Паёмбар (с) издиҳом буд».
Имом Молик мефармояд:
«Аз чаҳор кас илм фаро нагиред: Аз нодон ва аз соҳиби бидъате, ки мардумро ба бидъати худ даъват мекунад, аз дурўғў, агарчи бар Паёмбар (с) дурўғ намебандад ва аз олиме, ки дорои фазлу тақво аст, аммо намедонад дорои чӣ илме аст ва намедонад, ки чӣ чизро ривоят мекунад».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222