Главная / Илм / Таҳлил ва ояндабинии дараҷаи ташкилӣ-техникии истеҳсолот

Таҳлил ва ояндабинии дараҷаи ташкилӣ-техникии истеҳсолот

Дар сатҳи корхона натиҷаи фаъолияти илмӣ-техникӣ ва сиёсати инноватсионӣ дар дараҷаи ташкилӣ-техникии истеҳсолот инъикос мегардад. Дараҷаи ташкили-техникии истеҳсолот бо самарабахш будани сиёсати инноватсионӣ ва мувофиқати дараҷаи технологӣ ва ташкилии ҷараёнҳо ба сатҳи талаботи низоми «воридшавӣ» тавсиф дода мешавад.

Агар сифати «воридшави»-и ҷузъҳои такмилдиҳанда, ашёи хом, масолеҳ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-конструкторӣ, иттилоот ва дигар ҷӯзъҳо ба талаботи рақобатпазирӣ ҷавобгӯ бошанд, пас сифати «ҷараёни» коркарди «воридшавӣ» ва «хориҷшави»-и низом бояд баланд бошад.

552041cce12207b322c894849f532c59Масалан агар сифати «воридшавӣ» ба талаботи рақобатпазирӣ ҷавобгӯ бошад, яъне бо 5 ва сифати «ҷараён» бо 3 баҳо дода шавад, пас дар «хориҷшавӣ» ҳам ба 3 баробар мешавад. Сармоягузор барои баландбардории сифати «воридшавӣ» хароҷоти зиёд карда, дар «хориҷшавӣ» наметавонад натиҷаи дилхоҳро ба даст орад, агар технологияи ташкили ҷараён наметавонад «воридшави»-ро бо сифати баланд коркард кунад. Дар ҳолате, ки технология ва ташкили ҷараён ба талаботи рақобатпазирӣ ҷавобгӯ бошанду, сифати «воридшавӣ», масалан нишондиҳандаҳои сифат ва масолеҳғунҷоишии молҳо дар ҳуҷҷатҳои конструкторӣ рақобатпазир нестанд, пас сифати «хориҷшавӣ» низ рақобатпазир намешавад. Дар ин ҷо оиди зарурияти таъмини дараҷаи мутавозини сифати «воридшавӣ» ва «ҷараён» дар низом хулосабарорӣ кардан мумкин аст.

Дараҷаи техникии истеҳсолот ҳамчун зинаи инкишофи воситаҳои истеҳсолот ва пешрафти технологияро тавсиф медиҳад. Дараҷаи ташкилии истеҳсолотбошад дараҷаи инкишофи ташкили истеҳсолот, меҳнат ва идоракунӣ, дараҷаи ҷараёнҳои муташаккилиро нишон медиҳад.

Ба омилҳои ба дараҷаи техникии истеҳсолот таъсиррасон одатан инҳоро дохил менамоянд:

  • дараҷаи механизатсия ва автоматизатсияи истеҳсолот (таносуби коргарони асосӣ ва ёрирасон, ки ба назорати автоматҳо ва бо ёрии мошин кор мекунанд ба шумораи умумии коргарони асосӣ ва ёрирасон муайян карда мешавад);
  • дараҷаи пешрафти ҷараёнҳои технологӣ (таносуби ҷараёнҳои пешрафта ба шумораи умумӣ мувофиқи методикаҳои расмӣ);
  • синни миёнаи ҷараёнҳои технологӣ;
  • синни миёнаи дастгоҳҳои технологӣ;
  • фондмусаллаҳии меҳнати коргарони корхона (таносуби арзиши қисмати фаъоли фондҳои асосӣ ба шумораи умумии коргарони корхона).

Ба омилҳои ба дараҷаи ташкилии истеҳсолот таъсиррасон инҳо дохил мешаванд:

  • Дараҷаи махсусгардонии истеҳсолот (масалан, таносуби арзиши солонаи ҳаҷми маҳсулоти махсуси соҳавӣ ба ҳаҷми умумии маҳсулоти дар ҳамин давра истеҳсол шуда);
  • Дараҷаи коопериронииистеҳсолот (таносуби ҳаҷми солонаи маҳсулоти такмилдиҳанда ба ҳаҷми умумии маҳсулоти дар ҳамин давра истеҳсолшуда);
  • Зариби (коэффисенти) басти кории дастгоҳи технологӣ;
  • Мукаммалии тақвими штатии корхона, %;
  • Вазни қиёсии коргарони асосии истеҳсолӣ дар шумораи умумии коргарон, %;
  • Нишондиҳандаи сайлонияти кадрҳо дар давоми сол, %;
  • Талафи вақти корӣ, %;
  • Зариби (коэффисенти) аёнияти осеббардорӣ (аз рӯи ҳисоботҳои оморӣ);
  • Зариби (коэффисенти) мувозинатии ҷараёнҳои истеҳсолӣ мувофиқи иқтидорҳо;
  • Зариби (коэффисенти) мунтазамии ҷараёнҳои истеҳсолӣ;
  • Зариби (коэффисенти) паралелии ҷараёнҳои истеҳсолӣ;
  • Зариби (коэффисенти) дақиқии ҷараёнҳои истеҳсолӣ;
  • Зариби (коэффисенти) низоми ҷараёнҳои истеҳсолӣ.

Идоракунии тактикии омилҳои номбаршудаи дараҷаи ташкилӣ- техникии истеҳсолот имконият медиҳад, ки захираҳои баландбардории он муайян карда шавад. Барои амалисозии идоракунии стратегии омилҳои дараҷаи ташкилӣ-техникии истеҳсолот зарур аст, ки тағйирёбии онҳо дар оянда пешбинӣ карда шавад.

Нишондиҳандаҳои хос, ҷамъбастӣ ва комплексии дараҷаи ташкилӣ-техникии истеҳсолот барои таҳлили пешравии онҳо, ошкори роҳҳои баландбардории дараҷаи ташкилӣ-техникии истеҳсолот ва ояндабинии стратегӣ истифода карда мешавад.

Пешбинии дараҷаи ташкилӣ-техникии истеҳсолот бо чунин пайдарпайи амалӣ карда шавад:

  1. пешбинии нишондиҳандаҳои «воридшави»-и низом рақобатпазирии маҳсулоти корхона дар мӯҳлате, ки дар стратегияи он нишон дода шудааст (ин корро шӯъбаҳои маркетинг ва корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва озмоишӣ конструкторӣ иҷро мекунанд);
  2. пешбинии нишондиҳандаҳое, ки зернизомро таъмин мекунанд;
  3. пешбинии нишондиҳандаҳои хоси дараҷаи ташкилӣ-техникии истеҳсолот, ки мувофиқати «ҷараёни»-дараҷаи ташкилӣ-техникии истеҳсолотро ба талаботи «воридшавии» низом таъмин мекунанд.
  4. баҳодиҳии дараҷаи ташкилӣ-техникии истеҳсолот аз рӯи меъёрҳои пешбиншуда;
  5. коркард ва мувофиқати чорабиниҳое, ки дар оянда имконият медиҳанд баландшавии дараҷаи ташкилӣ-техникии истеҳсолот то сатҳи тақозошаванда таъмин карда шавад;
  6. коркард ва мувофиқати лоиҳаҳои ташкилӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222