Аз ин қоида ва таҳлилу табдилҳо фаҳмидан душвор аст, ки оё ҳамаи ҷумлаҳои пайрави пуркунанда ба ибораи масдарӣ табдил ёфта метавонанд ё не. Агар бадал нашаванд пас ка- дом хели онҳо ба ибора табдил мешаванду кадомашон не? Ин саволҳо дар синтаксиси мактабҳои олӣ бе ҷавоб мондаанд. Азбаски муаллиф ҳангоми табдилдиҳии ҷумлаи пайрави пуркунанда ба ибораи масдарӣ дар назди худ чунин савол нагузоштааст.
Ҷумлаи равону суфтан ба ибораи муғлақи зерин табдил дода шу- дааст, ки боиси аз байн рафтани латофату назокати ҷумла гардидааст:
“I could not imagine how as many people would greet him.”
Худи ҳамин ҷумлаи шаклан вайрон нишон медиҳад, ки на ҳамаи ҷумлаҳои пайрави пуркунанда ба ибораи масдарӣ табдил ёфта ме- тавонанд. Охир ҷумла аз ибора, ҳатто аз ибораҳои синоними ҳам, ба кулли фарқ мекунад. Вай ин ва ё он фикрро бо ҳамаи тобишҳояш ифода мекунад, ки ибораҳо аз уҳдаи ин вазифаи синтаксисии ҷумла баромада наметавонанд.
Бояд зикр кард, ки аксарияти ҷумлаҳои пайрави пуркунанда ва ибо- раи масдарӣ синоними якдигар мебошанд, онҳоро дар ҳар ду шакл ҳам ифода кардан мумкин аст. Аммо баъзе ҷумлаҳои пайравро ба ибора
табдил додан мумкин нест, чунки ҳамаи нозукиҳои маънӣ ва тобишҳои ҷумларо бо ибора ифода кардан номумкин аст. Масалан агар хаба- ри сарҷумла замони гузашта ва ҳозираро фаҳмонаду хабари ҷумлаи пайрав замони ояндаро, онро ба ибора иваз кардан ғайри имкон аст.
Аксарияти ҷумлаҳои пайраве, ки дар шакли ҷумлаи саволӣ воқеъ гардидаанд ва ё дар таркибашон калимаҳои модалӣ доранд, инчунин ҷумлаҳои пайраве, ки тобишҳои гуногуни маънои доранду ҳангоми табдилдиҳии ин тобишҳо барҳам мехӯранд, ба ибораҳои масдарӣ сино- ним шуда наметавонанд ва онҳоро ба ибора табдил додан имконпазир нест.
Дар бораи ҷойи ҷумлаи пайрави пуркунанда ҳам танҳо гуфта шу- дааст: “Ҷумлаҳои пайрави пуркунанда асосан баъд аз сарҷумлаҳои, яъне дар ҷои дуюм меоянд”.
Аммо мисолҳо нишон медиҳанд, ки ҷумлаи пайрави пуркунанда на танҳо пас аз сарҷумла, балки дар мобайни аъзоҳои сарҷумла ва ҳатто пеш аз сарҷумла ҳам омада метавонад.
Мо дар бораи чи тарз ва ба кадом дараҷа маълумот дода шудани ҷумлаи пайрави пуркунанда дар “Очеркҳо”, ки ба қалами академик Б.Н. Ниёзмуҳаммадов тааллуқ дорад, чизе нагуфтем, чунки ҳамаи он чи ки дар китоби дарсии мактаби олӣ дарҷ ёфтааст, бо мисолҳояш айнан аз ҳамин китоб гирифта шудааст.
В.С. Расторгуева семантика ва тобишҳои маъноии шаклҳои феъ- лҳои забони англисиву тоҷикӣ ва мавқеи тарзи истеъмоли онҳоро муайян карда, зиёда аз 15 хели маъноии аористро, ки дар ҷумлаи пайрави пуркунанда истеъмол ёфтанд, ки аз рӯи семантикаи феълҳои сарҷумла баён мекунад.
В.С. Расторгуева дар баробари ин қайд менамояд, ки характери замони аороист дар ҷумлаҳои пайрави пуркунанда то як андоза хира мешавад ва вазифаи нишон додани замони воқеъ гардидани амал то як андоза ба зиммаи феъли сарҷумла, ки ароист тобеъи вай аст, ме- гузарад. Аз ин рӯ, дар ҷумлаи пайрави пуркунанда пас аз сиғаи амрӣ ва ё шаклҳои замони ҳозираю оянда замони ояндаро ифода мекунад, вале пас аз феълҳои замони гузашта амалеро ифода мекунад, ки пас амали феъли асосӣ воқеъ гардидааст, ё бо ӯ дар як замон ба амал ома- дааст. Шаклҳои дигари сиғаи хоҳишманди замони гузашта, ҳозира ва
ояндаро низ ифода менамояд. Дар ҷумлаҳои пайрави пуркунандае, ки хабарашон бо сиғаи хабарӣ ифода ёфтааст, тобиши замони онҳо хеле равшан зоҳир мегардад, чунки ин гуна ҷумлаҳои пайрави пуркунанда ҳеҷ гуна тобишҳои маънои надоранд ва дар онҳо ҳақиқати воқеӣ дар яке замонҳо ифода меёбад.
- Замони ҳозира:
After calming down, I notised that my hand was still burning. No sense in telling you now I don’t wanna rain the suprise.
- Замони гузашта:
I noticed from this verse of the Emir that he understood my purpose and the shot was pointed.
- Замони оянда:
I saw that mice would destroy book.
- Замони ҳозира-оянда:
I know I’m free, I know that during the Shuroi Soveti no one could force me to marry.
Чуноне аз адабиёти болоӣ равшан мегардад, забоншиносон хусусиятҳои зерини ҷумлаи пайрави пуркунандаро баён кардаанд:
- Ҷумлаи пайрави пуркунанда барои эзоҳ додан ва пурра на- мудани амали сарҷумла истеъмол меёбанд.
- Ҷумлаи пайрави пуркунанда ба сарҷумла ба воситаи пайванда- ки «ки» тобеъ мешавад, В. С. Расторгуева бе пайвандак, омадани онро номбар карда, ин ҳолатро маҳз барои такрор наёфтани пайвандаки «ки» маънидод мекунад.
- Ҷумлаи пайрави пуркунанда ба ибораи масдарӣ табдил меё- бад, вале қайд нагардидааст, ки кадом ҷумлаҳои пайрави пуркунан- даро ба ибораи синонимӣ иваз кардан мумкин аст. Ин аст, ки баъзе ҷумлаҳои пайрави пуркунанда бемавқеъ ва нодуруст ба ибора табдил дода шудаанд.
- Вобаста ба таҳлили сиғаи шартӣ- хоҳишмандӣ тобишҳои гу- ногуни маъноӣ гирифтани ҷумлаи пайрави пуркунандаро ба қалам додааст.
Адабиёти мавриди таҳқиқ нишон медиҳанд, ки ҷумлаи пайрави пуркунанда ва хусусиятҳои он то ҳол мавриди баҳси илмӣ ва таҳқиқ қарор нагирифтааст.
Дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ ҷумлаҳои пайрав ба ду гурӯҳи калон тақсим мешаванд:
- ҷумлаи пайраве, ки ба яке аз аъзоҳои сарҷумла тобеъ мебошанд ва ҳамон аъзои сарҷумларо эзоҳ медиҳанд ва ё пурра мекунанд;
- ҷумлаи пайраве, ки ба тамоми сарҷумла мансуб буда, ҳамаи сарҷумларо эзоҳ медиҳанд ва ё натиҷаи он мебошанд.
Ҷумлаи пайрави пуркунанда ба гурӯҳи якум мансуб аст, яъне вай барои эзоҳи яке аз аъзоҳои сарҷумла меояд, онро пурра мекунад ва эзоҳ медиҳад. Вобаста ба ҳамин ҷумлаҳои пайрави пуркунанда ба ду гуруҳи калон ҷудо мешаванд:
- ҷумлаи пайрави пуркунанда, ки барои пурра намудани хабари сарҷумла меоянд;
- ҷумлаҳои пайрави пуркунанда, ки барои эзоҳ додан ва кушодани мазмуни аъзои пайрави пуркунандаи бо ҷонишинҳои ишоратӣ ифо- даёфтаи сарҷумла истеъмол меёбанд.
Ҷумлаи пайрави пуркунанда на ба ҳама гуна сарҷумла тобеъ шуда меояд ва на ҳама гуна хабарҳо пуркунанда талаб мекунанд. Ҷумлаи пайрави пуркунанда ба сарҷумлае тобеъ шуда меояд, ки дар он яке аз аъзоҳои сарҷумла- пуркунанда намерасад ва сарҷумла чи аз ҷиҳати мазмун ва чи аз ҷиҳати мавҷудияти аъзоҳояш ноқис мебошад. Мисол дар ҷумлаи соддаи “I confirmed his introduction whith a gesture” ҳамаи аъзоҳои матлуб дар ҷояшон буда, ҷумла на аз ҷиҳати сохт ва на аз ҷиҳати мазмун ҳеҷ гуна ноқисие надорад, вале ин фикрро нисбат ба ҷумлаи зерин гуфтан мумкин нест.
Ба ин намуди ҷумлаи пайрави пуркунанда чунин қоида додан мум- кин аст: Ҷумлаи пайрави пуркунанда бар эзоҳи хабарҳое меояд, ки дар таркиби сарҷумла аъзои пайрави пуркунанда зикр наёфта бошад. Мисол:
Anna was happy that her husbed was dealing with his best friend today.
Ниҳоят кам бошад ҳам, ҷумлаи пайрави пуркунанда бар эзоҳе меояд, ки ба вай дар айни ҳол аъзои пайрави пуркунанда тобеъ аст. Азбаски аъзои пайрави пуркунандааксар вақт пеш аз феъл ва баръакс, ҷумлаи пайрави пуркунанда пас аз он меояд, дар ин гуна ҳолатҳо ҷумлаи пай- рави пуркунанда ба плани дуюум мегузарад ва ҳамчун ҷумлаи пайрави ҳамроҳӣ воқеъ мегардад ва ин гуна ҷумлаи пайрави пуркунанда наояд
ҳам, ҷумла ноқис ҳисоб намешавад. Мисол:
He was thinking about all this, but he did not know what the future holds.
Феълҳо аз рӯи муносибаташон ба объект ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: гузаранда ва монда. Таъсиру ҳаракати феълҳои монда ба объект намегузарад ва ба онҳо пуркунандаҳои бевосита тобеъ шуда намеоянд, аммо дар феълҳои гузаранда таъсиру ҳаракат ба объект бевосита мегузарад ва онҳо ҳама вақт дорои пуркунандаи бевосита мебошанд. Масалан: феълҳои to see, give, eat, close, dig, pick, ask, carry, bring, have, hear, encourage, prepare, read, To write, to learn, to sow, to reap, to drink, to sprinkle, to invite, to beg, to receive ва монанди инҳо дар паҳлӯяшон омадани пуркунандаро талаб менамоянд.
Пуркунандае, ки дар паҳлӯи ин гуна феълҳо меояд, аъзои пай- рав-пуркунандаи бевосита мебошанд. Саволе ба миён меояд: ҳамаи феълҳои гузаранда ҷумлаи пайравро ба худ тобеъ карда метавонанд? Мисолҳое, ки зери дасти мо қарор доранд ба ин савол ҷавоби манфӣ медиҳанд. Аксарияти феълҳои гузаранда бо тобеъ намудани аъзои пайрави пуркунандаи бевосита маҳдуд мешаванд, барои пурра наму- дани инҳо ҷумлаи пайрав истеъмол намеёбад. Вале бисёр феълҳои гузарандае ҳастанд, ки на танҳо пуркунандаи бевосита, балки ҷумлаи пайрави пуркунандаро ҳам тобеъ менамоянд. Ба ин гурӯҳ феълҳои зе- рин дохил мешаванд: to say, see, hear, understand, ask, write, put, suggest, forget, not forget ва монанди инҳо. Мисол:
I have just said and I will say again that the farmers beat me, insulted me, did not give me the harvest and drove me away.She could hear them gathering at the breakfast table, sounding cups and spoons.
Ҷумлаҳои пайрави пуркунанда на танҳо барои пурра намудани феълҳои гузаранда, балки барои пурра намудани феълҳои дигар низ меояд. Мисол:
You have the right to think so, and so should others.
Дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ ба феълҳои сода тобеъ шудани ҷумлаи пайрав хеле кам воқеъ мегардад. Феълҳои соддае, ки ҷумлаи пайрави пуркунанда бар эзоҳи онҳо меояд, асосан феълҳои зерин мебошанд.
To say – гуфтан:
He was said to have been a very good writer and poet.
To see – дидан:
He saw from the window that his friends were coming to him.
Аксарияти феълҳои эзоҳталаби сарҷумла, ки ҷумлаи пайрави пуркунанда талаб менамоянд, феълҳои таркибӣ мебошанд.
Дар тобеъ намудани ҷумлаи пайрави пуркунанда роли асосиро қисми асосии феълҳои таркибӣ мебозанд. Онҳо вобаста ба хусусиятҳои маъноӣ ва грамматикии худ эзоҳталаб мебошанд, вагарна на ҳама гуна феълҳои таркибӣ эзоҳталаб буда, ҷумлаи пайрав мехоҳанд. Масалан: феълҳои таркибии felt мувофиқи хусусияти ҳиссаи якум эзоҳталаб мебошад, вале феъли таркибии to slip ҳеҷ гуна эзоҳ талаб намекунад.
Миқдори феълҳо дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ зиёданд, вале ҷумлаи пайрави пуркунанда ба миқдори муайяни феълҳо тобеъ ме- шаванд. Онҳоро ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардан мумкин аст:
- Феълҳое, ки news, information, speech, interview, communication and attitude- ро мефаҳмонанд.
Ба ин гурӯҳ феълҳои зерин дохил мешаванд: To tell, to tell, to tell, to confess, to state, to announce, to read, to inform, to command, and so on.
Мисол:
Ms. Van recounted how many good movies she had seen in the movie theater.
- Феълҳое, ки understanding, accepting and discussing-ро мефаҳ- монанд.
Феълҳое, ки маънои дарккунӣ, қабулкунӣ ва муҳокимавӣ доранд ва ҷумлаи пайрави пуркунанда бар эзоҳи онҳо меояд, миқдоран кам буда, дараҷаи истеъмолии онҳо гуногун аст.
Мисол:
She remembers that when the car arrived, everyone ran to look for it.
- Феълҳое, ки амалиёти фикрӣ ва хулосавиро ифода менамоянд.
- Феълҳое, ки ҳолатҳои гуногунро ифода менамоянд.
Ба ин гурӯҳ феълҳои зерин дохил мешаванд: To be afraid, to understand, to be happy, to be ashamed, to be happy, to be surprised, to be hesitant, to be sad ва монанди инҳо. Мисол:
I was afraid that my mother would suddenly become ill.
- Феълҳои модалӣ. Ба феълҳои модалӣ тобеъ шуда онро пурра намудан ва эзоҳ додани ҷумлаи пайрави пуркунанда хеле зиёд аст.
Феълҳои модалии хостан ва тавонистан ниҳоят серистеъмол буда, дар ҳамаи шахсу шумораҳо воқеъ мегарданд. Мисол:
I didn’t want to be late for work.
- Ҷумлаи пайрави пуркунандаи таркибҳои фразеологиеро, ки ба вазифаи хабар омадаанд, низ эъзоҳ медиҳанд. Мисол:
I have no secrets from you, and my heart is full that you will not tell them to anyone.
- Ба таркибҳои бешахс, ки одатан хабари ҷумлаҳои бешахс шуда меоянд, тобеъ шуда, онҳоро эъзоҳ додани ҷумлаи пайрави пуркунанда низ мушоҳида мешаванд. Мисол:
In this regard, language teachers should be encouraged to make more use of the methods of past writers.