Аксар мамлакатҳои мутараққии саноатӣ имрӯз умеди худро ба рушди устувори дарозмӯҳлати иқтисодӣ бо гузариш ба роҳи инноватсионаи тараққиёт мебанданд, ки он дар саноат ва соҳаҳои дигари хоҷагии халқ бағоят васеъ истифода бурдани дастовардҳои навтарини илм ва техника, технологияҳои иттилоотӣ, биотехнология, маводҳои нав, технологияҳои захира ва табиатсарфкунанда тавсиф карда мешавад. Бинобар индаркнамоии инноватсионӣи корхона, иқтисодиёт бо пуррагӣ- яке аз вазифаҳои асосии давлатӣ аз ҷиҳати саноатӣ тараққиёфтаи муосир мебошад.
Ҳар кадом мамлакат ин вазифаро тибқи тарзу усули худаш бо назардошти шароитҳои мушаххаси сиёсӣ ва иҷтимоӣ, анъанаҳои мавҷудбуда, хусусият ва талаботи иқтисоди миллӣ, имкониятҳои истеҳсолии мавҷуда, захираҳои инсонӣ, моддӣ, молиявӣ ва табии дар ихтиёраш буда, нерӯи инноватсионӣ ғуншуда ҳаллу фасл менамояд. Якҷоя бо ин як қатор қонуниятҳои басо умумӣмавҷуданд, ки дар ин ва ё он шакл дар давлати дилхоҳи саноатӣ мушоҳида мешаванд.
Вазифаи муҳими менеҷменти инноватсионӣ дар сатҳи макроиқтисод интихоб ва истифодаи воситаҳои дар шароити мушаххаси иқтисодӣ бештар самараноки идоракунии раванди инноватсионӣ ба онҳо вогузоштани захираҳои дар ихтиёри ҷомеа буда мебошад.
Бо алфози дигар, фишангҳои идоракунии иқтисодиро, ки имкони бо хароҷоти камтарини захираҳои ҷамъиятӣ-меҳнатӣ, сармоя ва вақт ба сатҳи муайяни рушди инноватсионӣ баромаданро медиҳанд, бояд муайян намуд.
Зарурияти дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ, ки аз як тараф, бар нақши муҳими пешрафти технологӣ дар таъмини рушди иқтисодӣ, аз дигар тараф, бар он ки бахши хусусӣ на ҳамеша тайёр аст, ки раванди инноватсионӣро барои нигоҳ доштани рақобатпазирӣ дар ҳаҷми пурра ба маблағ таъмин намояд, асос меёбад. Ҳолати охиринро бо сабабҳои иқтисодии сершумор метавон маънидод кард. Яке аз онҳо бо номаълумии зиёд ва таваккали калон ҳангоми бурдани тадқиқот ва махсусан хусусияти бунёдӣ ва ҷустуҷӯи дошта вобаста аст.
Дар як қатор соҳаҳо, ки ба онҳо тақлидкории нисбатан соддатари навигариҳои илмӣ-техникӣ хос аст, ширкати хусусии раванди инноватсионӣро бо маблағ таъминкунанда дар назди рақибон бартарии дарозмуддатро ба даст намеоварад. Натиҷаҳои тадқиқот ва коркардҳои таҷрибавию технологии иҷрошуда ба дорои умумии саноат табдил меёбанд, ки дар натиҷаи он хароҷоти ибтидоӣ барои ба даст овардани онҳо ҷуброн карда намешавад.
Боз як ҳолати муҳим-миқёс ва мӯҳлати калони иҷрои баъзе лоиҳаҳои тадқиқотӣ охиринро берун аз ҳадди имкониятҳои молиявии як ширкати саноатӣ мегузорад, ҳатто агар вай ҳар сол барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибаю технологӣ маблағҳои зиёд ҷудо намояд, ҳам.
Ба ғайр аз ин, набудани бозори ташаккулёфта мавҷудияти истеъмолкунандаи нерӯманди (потенсиалии) яккаву ягона, масалан, давлат, баъзан ба сифати омили завқи бизнесро ба дастовардҳои илму техника боздоранда баромад мекунад.
Барои аз тарафи давлат дастгирӣ намудани фаъолияти инноватсионӣ дар аксар мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ одатан маҷмӯи басо умумигаштаи васоити иқтисодӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар он мамлакатҳо грантҳо ва субсидияҳои нишонадор бештар паҳн гардиданд, ки метавонад то 50% арзиши лоиҳаҳои мушаххасро таъмин намоянд. Дар баъзе мамлакатҳо грантҳо бо шарти пардохт намудани хароҷоти давлат онҳо дар ҳолати ноил гардидан ба муваффақияти тиҷоратӣ, дода мешаванд. Дар ҳолати нобарории бо сабабҳои объективӣ рух додан, маблағҳои аз давлат гирифта шуда метавонанд баргардонида нашаванд. Аксар вақт дар фаъолияти инноватсионӣи корхонаҳо инчунин, андозҳо ва қарзҳои гуногун васеъ истифода бурда мешаванд. Саҳмгузориҳои мустақим, кафолатҳои давлатӣ ва маблағтаъминкунӣ тавассути иштироки давлат дар сармояи ширкатҳои саҳҳомӣ бошад нисбатан камтар истифода бурда мешаванд.
Дар тули солҳои охир аҳамияти тадбирҳои ғайримустақими аз тарафи давлат ҳавасмандгардонии инноватсионӣ дар соҳаҳои алоҳидаи саноат аз ҳисоби маҷмӯи васеъи сабукиҳои додашудаи андозбандӣ, дастгирии мақсадноки бизнеси хурд ва миёнаи инноватсионӣ, ташаккули зерсохтори зарурии инноватсионӣ ва институтҳои дахлдори супоридани технология аз бахши давлатӣ ба саноат ва ғайра баланд гардид. Ба ин тадбирҳо такя намуда, аксар мамлакатҳои саноатӣ (аз ҷумла мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо) мақсади стратегӣ то 30 % баланд бардоштани ҳиссаи хароҷоти миллиро барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва маҷмӯи маҳсулоти дохила пешниҳод намуданд.
Аён аст, ки дар соҳаҳои мухталифи саноат сабабҳои гуногун барои мудохила ё баръакс, мудохила накардани давлат боло гирад, аз ин сабабҳо ҳаҷми умумӣ ва механизмҳои кӯмаки давлатӣ вобастаанд.
Дар даҳсолаи охир сиёсати мамлакатҳои муттараққии саноатӣ нисбат ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ хусусияти бештар интихобиро медоштагӣ шуд. Тамоили тамазкури дастгирии давлатӣ дар самтҳои муайян, аз ҷумла, ба ҳалли масъалаҳои муҳими зерин алоқаманд буданд:
- дастгирӣ намудани бахши хусусӣ дар аз худ намудани технологияҳои пешқадами барои баланд бардоштанир рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ аҳамияти муҳимдошта;
- пурқувват намудани иқтидори илмӣ-техникии хурд ва миёна;
- такмили зерсохтори корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ.
Бо ҳамин роҳ давлат озмуданист, ки ба бахши хусусӣ, ба он ҷое, ки тибқи қонунҳои бозор бебарориҳои бағоят калонро метавон чашмдор шуд, китфи худро барои такя гузорад. Сухан пеш аз ҳама, дар бораи ҳавасмандгардонии тадқиқоти илмӣва амалии таваккалӣ хавфнокиашон баланд (аз сабаби сатҳи баланди номуайянии натиҷаи ниҳоӣ), баланд бардоштани имкониятҳои инноватсионӣи бизнеси хурд ва миёна, ташкили аксуламали субъектҳои мухталифи муносибатҳои хоҷагидорӣ дар марҳилаҳои торақобатии ба дастории донишҳои нави илмӣ ва технологӣ, меравад.
Такмили сиёсати давлат бо мақсади бозсозии сохторӣ ва мавҷудияти маҳдудияти қавии буҷавӣ дар бист мамлакати муттараққии саноатӣ паҳншавии чунин нуқтаи назар оварда расонд, ки тибқи он давлат набояд кӯшишҳои худ ва захираҳои дар ихтиёраш бударо дар байни самтҳои тараққикардаистода майда-майда тақсим намояд. Онҳоро ба соҳаҳои стратегии барои ояндаи тамоми иқтисоди миллӣ бағоят муҳими саноат бояд равона кард.
Мафҳуми аз тарафи умум қабулшудаи «соҳаҳои стратегӣ»-и саноат ҳанӯз пайдо нашудааст. Дар адабиёти илмӣ барои тавсифи онҳо маҳакҳои мухталиф, аммо якдигарро ивазнамоянда мавриди истифода қарор гирифтааст. Ба ғайр аз ин, ҳар кадом давлат манфиатҳои хосаи иқтисодиро дорост ва инчунин осори худашро мегузорад.
Ба сифати мисол, се таърифро меорем, ки дар яке аз тадқиқотҳои муайянсозӣ ташкилоти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд дода шудаанд.
- Ҳамон соҳаҳои саноатӣ стратегӣ ба ҳисоб мераванд, ки ба туфайли бунёд кардани имкониятҳои нави технологӣ ба рушди бисёр соҳаҳои дигар, ширкатҳои саноатӣ ва истеъмолкунандогони ниҳоии маҳсулот таъсири пурқуввати мусбӣ мерасонад.
- Ҳамон соҳаҳои стратегӣ ҳисоб меёбанд, ки маҳсулоташон барои тараққиёт ва рушду равнақи иқтисодиёт зарур аст.
- Ҳамон соҳаҳои саноат стратегӣ ҳисоб меёбанд, ки барои таъмини сохтории миллӣ аҳамияти муҳим доранд.
Дарк кардан душвор нест, ки таърифҳои якум ва дуввум амалан ба ҳам монанданд. Нисбат ба таърифи сеюм бошад, бояд қайд намуд, ки аксар соҳаҳои саноати мансуб ба ин таъриф маҳсулоти таъиноти дугонадоштаро мебароранд, дар соҳаҳои иқтисодиёт метавонад васеъ паҳн шавад. Аммо таърифҳои мавҷуда ҳар қадаре, ки байни худ фарқ кунанд ҳам, чизи асосӣ он аст, ки дар заминаи онҳо соҳаҳои аз нуқтаи назари давлат, афзалиятноки саноат ҷудо мегардад, ки ба онҳо диққати бештар равона карда мешавад.
Дастгирии «соҳаҳои стратегӣ»-и саноат амалан аз тарафи ҳамаи мамлакатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикарда ба ҷо оварда мешавад, гарчанде, ки дар амал шаклҳои гуногунтаринро ба худ гирад ҳам, аксарияти давлатҳо дар ин маврид танҳо бо субсидияҳои молиявӣ маҳдуд намегиранд. Онҳо маҷмӯи ҳолатҳои мухталифи ба бахши хусусӣ таъсиррасониро, ки ба раванди сармоягузорӣ, соҳаи савдо, шароити рақобати бозорӣ ва ҷараёни азхудкунии технологияи нав дахл менамоянд, мавриди истифода қарор медиҳанд.
Дар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ дастгирии «соҳаҳои стратегии» саноат ҳам дар сатҳи давлатӣ ва ҳам дар сатҳи байнидавлатӣ ба ҷо оварда мешавад. Мисолҳои хоса дар ҳолати якум, ба тараққиёти нақлиёти бо истифодаи сарчашмаҳои нави сӯзишворӣ, баланд бардоштани суръати роҳи оҳан ва рушди электроника дар Фаронса, саноати кайҳонӣ дар Британияи Кабир, Олмон ва Итолиё, ҳавопаймосозӣ дар Нидерландия алоқаманд мебошанд.
Ҳар сатҳи байналмиллалӣ мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ кӯшишҳои худро барои баланд бардоштани сатҳи илмӣ-техникӣ ва технологии ширкатҳои миллӣ дар рӯ ба рӯи тезутундшавии рақобат аз тарафи ширкатҳои ИМА, ҷаҳон ва мамлакатҳои нави саноатӣ муттаҳид месозанд. Бо ин мақсад чунин барномаҳои калонмиқёси иттиҳодияҳои (корпоратсияҳои) истеҳсолӣ ва илмӣ-техникӣ, ба монанди «Аэробус», «Эврика», «Фреймуорк» таҳия карда шуданд.
Ҳатто ҳукумати ИМА, ҳангоми маъмурияти Р.Рейган, ки ба таври шифоҳӣ дастгирӣ намудани соҳаҳои муайяни саноатро рад карда, ҳаматарафа ҳимоя намудани рақобати озодро тарафдорӣ карда буд, унсурҳои сиёсати нишонии саноатиро дар амал мавриди истифода қарор дода буд. Нозирон таҳмин мекунанд, ки маҳз ҳамин мақсадро, аз ҷумла, иштироки фаъоли давлат дар бунёди консорсиуми ширкатҳои бузурги «Сематек» дар саҳли микроэлектроника, дар худ дошт.
Бо ҳамин тариқа ҳиссаи бузург дар рушди биотехнология дар ИМА аз ҳисоби маблағ таъминкунии калонмиқёсикорҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ аз тарафи институтҳои Миллии тандурустӣ ва Фонди миллии илмӣ таъмин карда шуда буд. Ба ёд наовардани он мумкин нест, ки бисёр соҳаҳои саноати ҳолат ИМА (масалан, аэрокайҳонӣ) моҳиятан дар заминаи харидҳои калонмиқёси вазорати дифоъ қомат рост карданд. Сиёсати мазкур инчунин дар тӯли ҳукмронии ҳамаи президенти минъбаъдаи ИМА идома ёфт.
Аён аст, киаз тарафи давлат дастгирӣ кардани афзалиятноки илмӣ- техникӣ бисёр соҳаҳои саноат низ, ниёз доранд. Қазия дар он аст, ки бо назардошти занҷираи муқараршудаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, муҳимтарини онҳоро дуруст муайян намуд.
Хатогии дилхоҳ дар муайян намудани соҳаҳои стратегӣ ба давлат бағоятгарон меафтад. Дар айни ҳол, бояд фаҳмо бошад, ки тақсимоти захираҳои маҳдуди буҷавӣ тибқи принсипи «ба ҳар хоҳар як гушворагӣ» самараи зарури иқтисодӣ ба даст намеоварад.
Вобаста ба ин, имрӯз қазия дар давраи ҳозира муайян намудани афзалиятҳо ва технологияҳои нозук,ки ба онҳо кӯшишҳои давлат бояд тазаккур дода шавад, ба мадди аввал мебарояд.