Таъбироти куръонй ва назокатҳои каломи Худо бисёр боазамат
ва ниҳоят зебо мебошанд. Ҳамхобагй ва омезиш бо занонро бо беҳта-
рин лафзҳо, олитарин ифодаҳо ва бо риояи назокат ва асосҳои дакики
ахлокй баён намудааст. Дар калимоти куръонй аз як тараф, одоби
баланди муошират, меъёрҳои олии гуфтор ва ҳусни сухан ва аз сӯи ди-
гар, камоли ифода ва фарогирии онҳо ҳолати эъҷоз доранд.
Таъбири: «Онхо либосе барои шумо ва шумо либосе барои онхо ме-
бошед» баландтарин мақоми маънавй, нафистарин ҳолатҳои рӯҳй ва
зеботарин навъи ҳамзистиро дар баркарор намудани аҳди хонаводагй
ифода менамояд. Бар ҳамин асос, бунёди хонавода ва бинои пойгоҳи
иҷтимоии заношавҳарй аз дидгоҳи Ислом аз ҳар гуна карордодҳои ду-
ҷониба болотар буда, азамат ва арзиши ин ниҳодро дар пешгоҳи Ху-
дованд нишон медиҳад. Ҳеҷ таъбири дигаре наметавонад ҷанбаҳои гу-
ногуни маъноии калимаи либос ва пушишро дар ин маврид ба ин да-
қиқй ва зебой баён намояд.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисмӣ дар Ислом
дар баробари ин ҳама бахрахои маънавй, баракоти рухй ва фоидахои бехдоштие, ки рӯза барои шахси …