Главная / Илм / ТАЪЦИБОТИ СИЁСИ ДАР ТОҶИКИСТОН

ТАЪЦИБОТИ СИЁСИ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар сар то сари мамлакати Шӯрави чустучуи ҳаммаслакони гурӯҳҳои опозитсиони, миллатчиён, чосусони империализм, душманони халқ сар шуд. Точикистон, ки кисми чудонашавандаи ИЧШС буд аз ин маърака дар канор намонд. Дар мавчи ин тӯфон ҳазорҳо нафар шахсони миллатдӯст ва зиёиёни бохирад талаф ёфтанд.
Бо Қарори КМ ХКИШ аз 5-декабри соли 1933 дар Точикистон таъкиботи васеи сиёси сар шуд. Қарори мазкур роҳбарони он вактаи ҷумҳури Н.Махсум раиси КИМ, А.Ҳочибоев раиси шӯрои вазирони халқ ва Ш.Шотемур, А.Муҳиддинову дигарон барои вайрон кардани самти сиёсати хизб ва миллатгарои гуноҳкор донист.
Шахсони мазкур дар охири солҳои 20 ва ибтидои 30 барои пешрафти ҷумхури, ҳимояи манфиатҳои милли халки точик хизмати зиёд карданд. Онҳо часурона дар назди ҳукумати шӯрави масъалаи аз нав дида баромадани тақсимоти Милли-худудии Осиёи Миёна, ба Точикистон муттаҳид кардани мавзеъҳои тоҷикнишии, ки аз каламрави он берун монда буданд, барои барраси пешниҳод карданд. Хизмати ин ватанпарварон дар ташкилёбии ЧШС Точикистон низ басо калон аст. Бо иғвои душманони халки точик роҳбарони марказ аз ин рафтори роҳбарони Точикистон норози шуданд ва онҳоро дар миллатчиги айбдор карданд. Соли 1933 чаласаи КМ Точикстон онҳоро аз вазифаҳои иш олкарда сабукдӯш карда шуда, ба чазо маҳкум карданд.
Дар як вакт айбчуй аз болои А. Мухиддинов сар шуд. А.Миддинов яке аз созмондиҳандагони чамъияти «Тарбияи атфол» дар Бухоро буд. Дар рӯзномаи «Правда» мақолае чоп шуд, ки дар он А.Мухиддинов аз тарафи рақибонаш чун «кулак» ва миллатгаро ба қалам дода шуд.
Сабаб дар он буд, ки А.Мухиддинов дар баромадҳои худ сабабҳои ба Афонистон фирор намудани мардуми пахтакорро ошкоро нишон дод. у қайд намуд, ки сабаби фирор иллатҳои ичтимоию иқтисодии сиёсати ҳукумати маркази аст. А.Муҳиддиновро чун душмани роҳи пешгирифтаи ҳизб, тарафдори сохти сармоядори, ҳимоятгари кулакҳо ва роҳбари «Иттиҳоди Шарқ» дере нагузашта аз вазифа дур ва бо қарори ОГПУ аз 31 майи соли 1934 бо ҳамроҳи боз 78-нафар бо айбномаи миллатгарои буржуази ба қатл расонда шуд.
Яке аз шахсони сарсупурдаи миллати точик, ки курбони шаспарасти гардид, Ш.Шотемур буд. Ш.Шотемур аз рӯзи нахустин дар системаи ҳизби ва давлати хизмат карданаш муборизаи худро барои хифзи ҳуқуқ озодиҳои Точикистон огоз намуд. Ин муборизаи ӯ то охирин нафаси ҳаёташ давом дошт.
Маъною мароми зиндагии Ш.Шотемур тамоми умр хизмати содиқонаи халқи точик буд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222