Талабот заминаю сарчашмаи фаъо-
лии одам мебошад. Одамон вобаста ба зарурат ва ниёзма-
ндӣ намудҳои мухталифи фаъолиятро амалӣ мегардо-
нанд. Талабот сабаби инкишофи организм, фард, шахс ва
умумияти иҷтимоӣ буда,барои бунёди амалигардии ша-
роитҳои барои мавҷудияти инсон зарур имконият
медиҳад. Шароитҳои барои инкишофи одам ҳаётан
муҳимро ба се гурӯҳ тақсим мекунанд:
- шароитҳои барои ҳаёт ва инкишофи одам ҳамчун
организми табиӣ зарур (талаботи табиӣ ё худ органикӣ аз
ҳамин бармеояд); - шароитҳои барои ҳаёт ва инкишофи одам ҳамчун
фард, ва ҳамчун барои намояндаи авлоди одамӣ (шаро-
итҳо барои муошират, маърифат, меҳнат) зарур; - шароитҳои барои ҳаёт ва инкишофи одам ҳамчун
шахс, барои қонеъгардонии системаи фарохи талаботҳои
ӯ зарур.
Талабот – ин аз тарафи инсон эҳсос намудани за-
рурат ба шароити муайяни ҳаётӣ ва инкишоф мебошад.
Талаботҳои нисбатан муҳиму асосӣ, равияи фаъоли-
яти психикии одам – ҳиссиёт, тафаккур, ирода ва системаи
ҳиссии ӯро муайян мекунанд.
Талаботҳои одам гуногун мешавад. Вобаста ба
намудҳои асосии фаъолии одам талаботҳоро ба гурӯҳҳои
зерин ҷудо мекунанд:
- талаботҳои бо меҳнат алоқаманданд буда, яъне та-
лаботҳои ба офариниш алоқаманд; - талаботҳои бо инкишоф пайванд буда, яъне талабот
ба бозӣ, донишомӯзӣ, ёддиҳӣ; - талаботҳое, ки бо муоширати иҷтимоӣ, ҳаммонанд-
кунии иҷтимоӣ алоқаманд, яънеталаботи ахлоқӣ ва
маънавӣ.
Ҳамаи ин талаботҳо дорои табиати иҷтимоӣ буда,
дар ҷомеаи муайяни одамӣ ба вуҷуд меоянд ва аз ин рӯ
талаботи сотсиогенӣ номида мешаванд.
Илова бар ин, доираи калони талаботҳои одамро та-
лаботҳои биологии ӯ ташкил медиҳанд. Ин талаботҳо
биогенӣ (виталӣ, аз лотинӣ ^ка -ҳаёт) номгузорӣ шудаанд
ва ба онҳо шомиланд:
- талабот ба амнияту худнигоҳдорӣ;
- талабот ба аз нав барқароркунии қувва ва фаъолии
ҳаракатӣ; - талабот ба омода будан дар бартараф намудани
монеаҳо (яке аз соҳаҳои амалишавии ин талабот ёддиҳӣ ва
бозии ҷисмонӣ мебошад); - талабот ба идомати наслу авлод (расми 9).
Расми 9. «Аҳроми Маслоу» – нақшаи вобастагии иерархии
талаботи одам мувофиқи А.Х. Маслоу
Абрахам Харолд Маслоу (1908-1970) психологи аме-
рикоӣ буда, консепсияи тадқиқи системавии психологии
шахсро пешниҳод намуд. Маслоу сохти маромҳои шахсро
(«Маром ва шахс», 1954) равшаннамуд ва ба андешаи ӯ
талаботҳои олӣ самти рафтори одамро ба он андозае му-
айян мекунанд, ки ба ҳамон андоза талаботи дараҷаи нис-
батан пасттари ӯ қонеъ гардонда мешаванд.
Дар ҳоле ки кулли талаботҳои иҷтимоӣ фақат дар
раванди тарбия ба вуҷуд меоянд, талаботи табиӣ, органи-
кии одам бе ташаккули махсус пайдо мешаванд. Бо вуҷуди
ин, ҳатто талаботҳои органикии одам ҳам дучори ҷоме-
ашавӣ мегарданд. Вобаста аз он ки талаботҳо бо кадом
арзишҳои иҷтимоӣ алоқаманданд, дараҷаҳои гуногуни
онҳо-олӣ ва сиф пастро фарқ мекунанд.
Рафторҳои зиддииҷтимоӣ аз ҳудуди талаботҳои
ақлонӣ берун мешаванд. Талаботҳои ғайриақлонӣ ба ин-
кишофи талаботҳои дараҷаашон нисбатан баландтар сад-
ди роҳ мешаванд. Фақат заҳмати суботкоронаи шахс ва
тамоми ҷомеа дар ҷодаи афзудани талабот метавонад та-
лаботҳои ғайриақлиро (ба ҳадди ифрот расидани чизпа-
растӣ, кӯтоҳназарӣ ва манфиатҷӯйӣ) маҳдуд намояд.
Талаботҳои мардум аз сатҳи таърихан ташаккулё-
фтаи истеҳсолот ва истеъмолот, аз дараҷаи ҳаёти одам,
анъана ва завқу рағбатҳои дар ҳамон гурӯҳи иҷтимоӣ
ҳукмронбуда вобастааст.
Дар фарқият аз ҳайвонот, ки дорои доираи устувори
талабот мебошанд, талаботҳои одам (ба андозаи имкони-
ятҳои истеҳсолии ӯ) пайваста инкишоф меёбанд.
Ҳамаи талаботҳо дорои равия, бошиддатӣ, силсила-
нок мебошанд. Талабот аз нуқтаи назари нейрофизиологӣ
зимни ба вуҷудоии доминантаҳои ташаккул меёбад. До-
минанта барангезиши устувори механизмҳои муайяни
мағзи сар аст, ки амалҳои зарурии рафторро ташкил ва
танзим мекунад.
Талаботҳо дар раванди қонеъ гардониданашон усту-
вор мегарданд. Талаботҳои қонеъшуда аввал хомӯш ме-
шаванд, баъд аз нав бо шиддат пайдо мегарданд. Тала-
ботҳои заиф дар раванди чандинбора қонеъ шуданашон
нисбатан устувор мешаванд.
Талаботҳо дар он мавриде асоси амали рафтор ме-
гарданд, ки агар барои қонеъ гардониданашон воситахо
ва шароитҳо (ашёи фаъолият, олоти фаъолият, дониш ва
тарзи амалиёт) мавҷуд бошанд ё сохта шаванд. Ҳар қадар
воситаҳои қонеъгардонии ҳамин талабот гуногунранг
бошанд, ҳамон қадар онҳо устувортар мегарданд.
Талабот механизми мутобиқшавии психикаро муа-
йян мекунад.
Объектҳои воқеият дар ин маврид ҳамчун шартҳои
имконпазири (ё монеъшавандаи) қонеъгардонии талабот
инъикос меёбанд.
Пайдоиши талаботҳои муҳими зарурӣ, ва қонеъгар-
дии онҳо психикаро барои гузориши мақсади муайян во-
дор менамояд. Дар ин маврид таъсироти берунӣ бо маро-
ми бартаридоштаи рафтори фард дар алоқамандӣ мебо-
шад.