Дар атрофи таълимоти Буддо ақидаҳо гуногунанд: як гурӯҳ донишмандон онро фалсафаи соф, дигарон навъи дини баркамол меҳисобанд. Вайро саволҳои « Кӣ оламро офарид?», «Ҳастӣ аз куҷо ва кай ба вуҷуд омад?» ҷалб намекунад. Вазифаи ӯ нишон додани роҳи наҷот аст. Ӯ дар як мавъизаҳояш масале овардааст, ки дар он гуфта мешавад : « шахсе ки тир ба бадани ӯ фурӯ рафта, на ба баҳси сабаби тир хӯрдан, балки ба чӣ гуна берун кашидани тир эҳтиёҷ дорад.»[1]
Буддо усули мазҳаби худро дар суханронии маъруф бо «Мавъизаи боги газолон» баён кардааст, ки чунин аст: «Дар тамоми ашёро ду ҳадд(-и ифрот) аст, марди солик бояд аз ҳар ду ҳадди ифрот бипарҳезад. Масалан, зиндагонии саросар айшу нӯш ва шаҳватронӣ нописанду зишту фурӯмоя аст, ҳамчунин зиндагонии саросар фақру ранҷу риёзат, пур аз сахтиву заҳмат низ номатлуб ва беҳуда мебошад.
Аз ин рӯ, марди солик ва толиби ҳақиқат (тамогата) аз ин ду сарҳад (ифроту тафрит) бояд канораҷӯӣ кунад ва нуқтаи мобайниро, ки адолати ҳақиқӣ аст, ба даст оварад, ки дар он нуқта нури маърифат тобиш мекунад ва гавҳари илм ва саъодат ва осоишу иштиёқ дар он ҷост ва ниҳоят нирвона аз он нуқта ҳосил мешавад.» Буддо масъули вазъияту ҳолати ҳар шахсро худи ӯ медонад. «Вуҷуди кунунии ҳар фард натиҷаи аъмоли ӯст.» [2]
Бовари ба рукни дуввум -дхарма ба пояи шинохти чаҳон ҳақиқат ва ҳашт усули амал устувор аст. Ва он чаҳор ҳақиқа т иборатанд:
- Даккха-яъне зиндагӣмусибатуранҷ аст; [3] таввалуд-ранҷу азобаст, касалӣ- ранҷу азоб аст, марг-азоб аст;
- Самудая– яъне сабабиранҷу мусибатҳо- хостҳо-шаҳватҳост;
- Ниродха-яънероҳинаҷот, хомӯшкарданихостҳова оташишаҳватҳост;
- Марга(ёмагга)-яънероҳи хомӯшва пахшкардан -ислоҳва тазкияинафсаст[4]
Дар таълимоти Буддо мақоми намоёнро ақида дар бораи «Нирвона» ташкил мекунад. Тибқи ақидаи Буддо ҳар фардеро, ки ба нирвона расидааст, дигар эҳтиёҷ ба «карма» нест. Нирвона ҳолати оромише ҳаст, ки пас аз галаба бар нафс ба одамӣ даст медиҳад Дар буддизм ҳолати болотар аз нирвона низ вуҷуд дорад, ки онро «Кара Нирвона» номанд. Ин ҳолат фақат баъд аз марг ба даст меояд. «Нирвона» куштани ҳамагуна хоҳиш, чӣ нагзу, чӣ бад нест.
Аз рӯи маънии ҳақиқии нирвона фурӯ нишонидани шаҳват, нафрат ва ҷаҳолат аст. Нирвона камолталабӣ аст, на фаноҷӯӣ. Нирвона раҳоӣ ёфтан аз шарри фардият ва аноният ва пайвастан ба кулл, бозгашт ба ҷараёни мулоими рӯди ҳастӣ аст. Нирвона нопадид шудани нури шамъ дар баробари нури хуршед аст.[5] Нирвона ин хомӯш гардидани хостҳои дурӯгин , на ҳама гуна нестиву фаност.[6]
Ин ҳама дар натиҷаи пайравӣ аз ҳашт усули амал, ки асоси таълимоти ахлоқии буддоия ҳаст муяссар мешавад. Таълимоти ахлоқиву маънавии буддоия. Тариқати Буддо роҳи мобайнӣ аст, вай аз ифроту тафритҳои ҳар ду тараф, онҳое, ки сад дар сад побанди майлу шаҳватанд ва онҳое, ки мехоҳанд ҳамагуна майлу хоҳишҳоӣ табии инсонро нест кунанд, канораҷуӣ кардааст. Ин роҳи мобайнӣ-роҳи наҷот ва тазкияи нафсро роҳи ориёнӣ номидаанд, ки ибтидои онро Зардушт бар се зинаи камоли ахлоқӣ гузошта ва Буддо онро то ҳашт зина тавсиъа бахшидааст:
- пиндори нек
- гуфтори нек
- рафтори нек
- муҷодилаи нек
- нигоҳи нек
- тааққули нек
- касбу кори нек
- идроки нек
Муҳимтарин шарти таҳзибу тазкияи нафс, расидан ба саодат, пок сохтани замири ботин аз афкори бад мебошад. Ин нуктаро, ки пеш аз Буддо Зардушт матраҳ карда аст, воқеан усулитарин аслпояи тазкияи нафс, ибтидо ва сарчашмаи покии шуури ахлоқии инсон аст. Наҷот танҳо дар ҷаҳони дарун аст. Наҷот танҳо аз тариқи тағйири равиши афкор аст. Фикру андеша асоси ҳастии маънавии одамист. Ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ:
«Эй бародар, ту ҳамин андешаӣ»
Буддо барои раҳоӣ аз афкори баду нопок панҷ дастур додааст:
- афкори покро ҷойгузини афкори нопок кун;
- мардона ба афкоринопокрӯ ба рӯшав ва онҳоро нопок, зиёновар ва ҳузнангез, чунон ки ҳаст, ҳамон тавр бишнос;
- афкори нопокро аз худ дур кун;
- афкори нопокро мавриди таҳлилу таҷзия қарор деҳ ва таркиби онро бишнос;
- бо тамоми қудрат бо афкори нопок мубориза намо, онро нобуд соз.
Ҳар гоҳ инсоният тавонист ба афкору пиндори бад пирӯз шавад ва фикру зикр, пиндору афкори некро ҷойгузини пиндору афкори бад қарор диҳад, заминаи ахлоқу рафтори бад, ангезаи зиштиҳо аз байн меравад.
[1] Эррикер К. Буддизм/ Пер.с анг. Л.Бесковой.-М.: ФАИР-ПРЕСС, Информпресс, 1999._ С. 16.
[2] Джавохирлал Неру, Открытие Индии, к.1, М: Политиздат 1989.- С.198.
[3] Ба ёд оред рубоии зерини Умари Хайёмро:
Олам ҳама меҳнат асту аёми гам аст,
Гардун ҳама офат асту гетӣ ситам аст.
Филҷумла чу дар кори ҷаҳон менигарам,
Осуда касе нест ва гар ҳаст кам аст.
[4] Мехрдоди Мехрин, Фалсафаи Шарк. С. 92.
[5] Джавахарлал Неру. Открытие Индии. Кни.1.-С.199
[6] Муҳаммад Р. Фалсафа аз огози таърих.- С.37-38