Агар фаразан, соф ҷиҳати худошиносӣ ва дигар масъалаҳои динию мазҳабиро истисно кунем, барҷастатарин ва муҳимтарин ҷиҳати талимоти масеҳӣ ахлоқиёт ва маънавиёти он аст. Асли таълимоти ахлоқии ӯ муҳаббат ба инсон ва муқобилият накардан ба зулму хушунат мебошад. Асоси фалсафии таълими ахлоқии масеҳият ғалаба бар адоватухушунат аз тариқи муҳаббат аст.
Яке аз муҳимтарин боби Инҷил аз ин нуқтаи назар «Мавъизаи болои кӯҳ» мебошад. Инак иқтибосро аз он ҷиҳати шиносоӣ меорем:
- «Шунидаед, ки гуфта шудааст: «Чашме дар ивази чашме, дандоне дар ивази дандоне».
- Лекин ман ба ту мегӯям: ба бадӣ муқобилият макун. Балки, агар касе бар рухсораи рости ту торсакӣ занад, дигарашро низ ба ӯ бигардон:.
- Ва агар касе ба ту даъво карда куртаатро гирифтанӣ шавад, ҷомаи худро низ ба ӯ бидеҳ.
- Ва ҳар кӣ туро ба тай кардани як фарсанг роҳ маҷбур кунад, ҳамроҳи ӯ ду фарсанг бирав.
- Ба касе ки аз ту металабад, бидеҳ ва касе, ки мехоҳад аз ту қарз гирад, рӯ нагардон.
- Лекин ман ба шумо мегӯям: «душмани худро дӯст бидоред, барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед, ба нафраткунандагони худ некӣ кунед ва барои озордиҳандагону таъқибкунандагони худ дуо гӯед.
- То ки фарзанди Падари худ, ки дар осмон аст, гардед, зеро ӯ офтоби худро бар бадону некон тулӯъ мекунад ва борон бар одилону золимон меборонад. (Матто 5: 38-45).
Ҳаким Фирдавсӣ баъзе нукоти болоро аз забони қайсари Рум чунин ба риштаи назм кашидааст:
« Набинӣ , ки Эсои Марям чӣ гуфт, Бад-он гаҳ, ки бикшод роз аз нуҳуфт? Ки пироҳанат гар ситонад касе, Маёвез бо ӯ ба тундӣ басе, В-агар барзанад каф ба рухсори ту, Шавад тира з-он захм дидори ту. Маёвар ту хашму макун рӯй зард, Бихобон ту чашмумагӯэчсард…
(Шоҳнома. Ҷ.9. -С.127) Чунин аст қисмате аз шартҳои инсони комил будан дар дини насронӣ.
Дар давраи нав ахлоқи насронӣ аз тарафи бисёре аз мутафаккирони ғарбӣ, аз ҷумла аз тарафи Ф.Ницше ва К.Маркс хеле сахт мавриди интиқод қарор мегирад.
Ницше ахлоқи насрониро ахлоқи заъифону нотавонон ва ғуломон номидааст.
К.Маркс бошад насрониятро бо он айбдор мекунад, ки усули иҷтимоӣ ё (ахлоқиёт)–и он буздилӣ, нафрат ба худи худ, худтаҳқиркунӣ, ба тақдир тан додан, хулоса ҳама разолатро… ситоиш мекунад.[1]
Аммо дар воқеъ, бояд гуфт, ки ахлоқи эсавӣ як инқилоби куллие дар шуури ахлоқии инсоният буд. Дӯстони худро дӯст доштан,бадиро бо бадӣ ҷавоб додан аксуламали табии аст, ҳеҷ шаҳомату аз худгузаштагӣ талаб намекунанд, вале дар муқобили душманӣ бо дӯстӣ, бо муҳаббат, бо мудоро, дар муқобили бадӣ бо некӣ ҷавоб гуфтан шаҳомату қаҳрамонист ва барҷастатарин сатҳи маънавияти инсон аст. Идеалу ормони волое, ки дар ин ҳикматҳои пурарзиши « мавъизаи болои кӯҳ» ниҳон аст, инсониятро ба мадори нави арзёбии ахлоқӣ ва муносибати байни ҳамдигарии инсонҳо бардошт. Агар инсоният ақаллан, ба ҳадди васати ин шуури аҳлоқӣ ҳам ки расад, ба пояҳои баланди маънавияту одамият ноил шудааст.[2]
[1] Ниг: Ф. Ницще. Антихристианин (опыт критики христианства), ва К. Маркс и Ф. Энгельс, Соч, т. и. Саҳ. 204205.
[2] Шоир гуфтааст: Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,
Бо дӯстон муруват, бо душманон мудоро.