Дар мавриди назарияи худошиносии динй Зардуштия то ҳанӯз ихтилофи ақида ҷой дорад. Яке аз хатогиҳои маъруф, ақида ба санавӣ – дутопараст (дуалист) будани Зардушт ва зардуштия мебошад.
Дар ҳақиқат таълимоти Зардушт фақат аз назари ахлоқиёт хусусияти санавӣ– дугароӣ дошта, на дар худошиносӣ (-илоҳиёт). Ҳудои зардушт якест ва он Аҳуромаздо мебошад. Бояд гуфт, ки дар ҳамаи динҳо, тамоми мазҳабҳо хуб дар муқобили бад, хайр дар муқобили шарр қарор дорад. Ҳамон тавре, ки дар дини яҳудия, масеҳият ва ислом мафҳуми шайтон вуҷуд дорад, бидуни ин, ки санавияте вуҷуд дошта бошад, ҳамчунин дар дини зардуштия– маздяасно аҳриман нақши шайтонии худро бозӣ мекунад,– бе ин, ки камтарин газанде ба Аҳурамаздо бирасонад. Аҳриман тараф бо инсон аст ба ӯ метавонад зарар расона, аз роҳи ҳаққу рост бероҳа кунад, на ба Аҳуромаздо.
Хулоса дине, ки Зардушт – пайғамбари эронӣ поя гузошт, як оини яктопарастӣ \ тавҳидӣ\ буд. Вай худои дини худро «Аҳурамаздо» яъне худои ҳаким лақаб дод.
Тавҳидӣ будани дини зардуштияро ҳатто муаррихони дин аз мусалмонон пазируфтаанд. Аз ҷумла Шаҳристонӣ менависад, ки яздон– «Бориут–таоло холиқи нур ва зулмат ва офаридгори онҳост. Вай яктост, шарике, зидде ва ҳамтое надорад. Ҷоиз нест, ки вуҷуди торикӣ-зулматро, чунон ки зарвониён мегӯянд, ба ӯ нисбат диҳем. Аммо бадию некӣ, салоҳу фасод, покиву касофат, ҳамоно аз омезиши рӯшноӣ ва торикӣ ба вуҷуд омадаанд, агар ин омезиш набудӣ, олам низ ба вуҷуд наомадӣ.». Ҳам чунин овардааст, ки «Мегӯяд: рӯшноӣ вуҷуди аслӣ дорад, вуҷуди вай вуҷуди ҳақиқӣ аст, аммо вуҷуди торикӣ\ вуҷуди ҳақиқию воқеӣ нест\ мисоли он ба мисоли сояест , ки аз паси одам мегардад. Вай мавҷуди ҳақиқӣ нест. Бо офаридани рӯшноӣ табъан зулмат ҳосил мешавад. Чунки таззод зарурати вуҷуд аст, на зарурат дар қасди аввал.»[1]
Даъвати Зардушт ва дини ӯ маҳдуд ба як қавм ё миллате нест, балки даъват ба ҳамаи инсоният аст. Аҳурамаздо танҳо худои мардуми ориёӣ ё эронӣ нест, балки худои оламиён аст ва рисолати Зардушт низ рисолати ҷаҳонӣ аст.
Аҳурамаздо иродаи худро ба ҳамроҳи рӯҳи муқаддас ва некӯниҳод Спендтамаиню ( ё Спентамаину)[2] ба амал меоварад. Танҳо дар ҳамин зина Анграмаиню бо Спентамаинию муқобил, таззод аст. Яъне санавият танҳо дар сатҳи олами мину- рӯҳонию маънавӣ аст. Дар Ҳоти 30: 3-4 омадааст: «Дар оғоз он ду «мину»-и ҳамзод ва дар андешаву гуфтору кирдор \ яке\ нек ва \дигарӣ\ бад , бо якдигар сухан гуфтанд.
Аз он ду некогаҳон ростиро баргузиданд, на дужогоҳон.
Онгоҳ ки он ду «мину» ба ҳам расиданд, нахуст «зиндагй» ва «нозиндагй»- робунёд\ ниҳодандва чунин бошад ба поёниҳастй:
« Беҳтарин маниш», пайравони «аша»-ро ва «бадтарин зиндагй», ҳаводорони «дуруҷ»-ро хоҳад буд»33
Аммо Спентамаиню кирдугори илоҳии худро ба дастёрии арвоҳҳои муқаддасе- Амшоспандон иҷро мекунад.
Фаришташиноси- ангелологияи зардуштия. Намунаи таҳаввул ва гузариш аз бисёрхудой ба якхудой ё худ аз ширк ба тавҳид, дар мисоли динҳои эронй, муносибати Аҳурамаздо бо Амшоспандон шуда метавонад. Ин фариштагон, ки дар гузашта ( ва ҳатто пас аз Зардушт дар давраҳои баъдй низ) аз ҷумлаи худоёни мардуми ориёй – эронй будаанд, ҳар яке дар Зардуштия номи хос ва масъулияти муайяне доранд. Амшаспандон иборатанд:
- «Ваҳумана» /Баҳман/- фариштаи пиндор ва ниҳод /хирад/–и нек аст, ин нахустин таҷаллии Аҳуромаздо мебошад.
- «Ашо Вахишто» /Урдубиҳишт/ – фариштаи ростй ва адолат, беҳтарин қонун ва дуввумин таҷаллй аз Аҳуромаздост. Вай ба сурати моддй дар оташ ва нур (рӯшноӣ) ҷилвагар аст.
- «Хаштра-Варё /Шаҳривар/- иродаи илоҳй, нерӯ ва қудрати илоҳист, ки тавассути он зиндагй таҳаққуқ мепазирад.
-«Спента-Армайти» /Испандороз/- маҳзари шафқат ва лутф, фурӯтанй ва таслими комил дар баробари иродаи илоҳй, ҳамон ҷавҳари моддй мебошад.
-«Ҳаурватат» Хурдод/ фариштаи расоӣ ва комравоӣ, мазҳари тандурустӣ, камол, борварй.
–«Амератат» /Амрдод/, ба маънои бақо ва ҷовидонӣ ва ё замони бепоён аст.
Дар баробари амшоспандон – ёрони Аҳурамаздо Аҳриман низ ёрони бадкирдоре бо номи «камогарон» дорад, ки ба муқобили қувваҳои некӣ саф оростаанд. Онҳо низ шаш тананд: «Акмана», «Андро», «Саурва», «Нангҳайся», «Таурва», «Заураш» ба тартиб сифатҳои андешаи бад, дурӯғу риё, хашм, бухл-бахилй, фақру гуруснагиро ифода мекунад.
Дар таълимоти Зардушт мо намунаи бостонии афкори фалсафию динии халқҳии эронинажодро дорем. Ин ҷо Ваҳумана беҳтарин хирад ё ба қавли фалосифаи ислом «хиради ҷаҳонӣ» аст. «Ашо»[3] [4] -ростию назму тартиби маздоӣ ва ё нерӯ- энергияи зиндагӣ- «Рӯҳ ё Ҷони ҷаҳонӣ» аст. Хаштраварё ё қудрати илоҳӣ, иродаи илоҳӣ аст, ки зарфи он Армайти ва ё худ моддаи аввалия, ки ба ақли ҷаҳон ошкор ғардидааст.
Ин чаҳор нерӯ дӯш ба дӯш, бо ҳамоҳангӣ ба фаъолият мепардозанд то ба василаи Хаурвартот – макони бе поён ва Амератат—замони бепоён ба ҳадафи худ, ки таҷаллӣ аст, бирасанд.
Зардуштия яке аз аввалин динест, ки ба мақоми пайғамбарӣ диққати махсус додааст. Зардушт худро пайғамбари фиристодашуда–мурсал аз тарафи Аҳурамаздо шиносоӣ карда ва дар «Готҳо» такид намуд, ки худованд ӯро маъмур сохта ва то беҳтарин дин ва роҳи ростро ба мардум нишон диҳад.
«Хрн эй мардум!
Чун шумо худ роҳи ростро натавонед дид ва баргузид, Маздоаҳуро маро довари ҳар ду гурӯҳ(маздопарастон ва девпарастон) барангехту ба сӯи шумо фиристод, то роҳи ростро ба шумо бинамоям ва ҳама бо ҳам зиндагиро бар пояи дини ростин ба сар барем.
Маздоаҳуро худ маро мешиносад ва гувоҳи дурустии оини ман аст.» \ Ав.Яс.Хот.31:2\
[1] Шаҳристонӣ, Ал -Милал ван-ниҳал. Ҷ.1.-С 237-.238
[2] Спендтамаину- дар Авасто- Гоҳон ба маънии мину (рӯҳи)-и Маздо Аҳуро -офаридгори ҷаҳон ва бартарин фирӯзаи ӯст; аммо дар Авастои нав таҷассуми шахсиятёфта ва муродифи номи Аҳуромаздо шудааст ва гоҳо ба ҷои он меояд.( вожаномаи Авасто: кӯҳнатарин сурудаҳои эрониён, гузориш ва пажуҳиши Ҷалили Дӯстхоҳ. С.1003.
[4] Аша- ростӣ, ҳаққ, ҳақиқат, додгарӣ, сомони офоқ,, қонуни абадии офариниш, назму тартиби комил, назму тартиби маздоӣ ва дигар таъбирҳо низ кардаанд, вале таърифи комилу қатъии онро ҳанӯз касе надодааст.