Афкори чамъиятй – сиёсии точикон дар давраи ташакули муносибатҳои феодалй тадричан рӯ ба таравдй ниҳод. Ин давра замони бархӯрди тамаддунҳо ба хисоб меравад. Агар тамаддуни Эрон дар он давра дар ҳолатимарказиятнокиву пешравй, вахдати сиёсиву фарҳангии Сосониён густариш ёфта бошад, тамаддуни Варазрӯд (Осиёи Миёна) дар ҳолати бархӯрди тадричии халкиятҳои бумй (бохтариҳо, сугдиҳо, хоразмиҳо ва айра) бо кавмҳои кӯчй (юечжиҳо, ҳайтоллиён туркон) омезиш ёфтани фарҳанги эронй бо унсурҳои мадании туркон, ниҳоят дар вазъияти парокандагии сиёсй пеш рафтааст, ки ин ҳолат албатта аломатҳои фаркнандаи дин, афкори ичтимоию сиёсй ва тамаддунро ба вучуд овардааст.
Дар асрҳои IV-VIII Варазруд маъмулан ба дину ойини зардуштй, буддой масеҳй ва монавй эътимод доштанд. Зардуштия дар Хоразм, Суғд ва Чоч зиёд пахн шуда буд. Такрибан дар ҳамаи шахрҳои хурду калони Варазрӯд оташкадаҳои зардуштиён мавчуд буданд. Оташи муқаддас озархуро номида шуда, дар оташкада шабу рӯз фурӯзон буд.
Аз манбаҳои хаттй ва бозёфтҳои бостоншиносй маълум мешавад, ки дар асрҳои VI-VIII талкини динй буддой на танҳо дар Тахористон (Бохтар), Сугд, Фаргона ва
Туркистони Шарки низ пурзур шудааст.
Ба туфайли китобҳои динй акидаҳои буддой дар бораи покизагии рӯҳу дисм росткорй ва камолоти рӯҳй таргиб гардида, дуздй, дуруги, бадахлоки сарзаниш карда мешуд.
Ибодатхона- марказҳои таҳвилкунандаи афкору акида ва ойини Буддо дар харобаҳои Ачинатеппа, Кофаркалъа, Каротеппа ва ҷойҳои дигари Тахористони кадим пайдо шуданд, ки ба дину ойин накши созгор гузоштаанд. Чанд теъдод осрори сугдии буддой аз кабили «Вассантра статагки», « Достони мавлуди Буддо» ва «Сутуройи иллат ва маълул» ёфта шудаанд, ки аз забони санскрит ё чиной ба забони сугдй тарчаю тафсир шудаанд.
Инчунин аз манбаҳо маълум мешавад, ки дар Варазрӯд ба ғайр аз зардуштиёну буддоиён, боз пайравони таълимоти мазҳаби несториании динй массеҳй зиёд буданд. Нохияи Ургути Самарқанд на факат барои Сугд, балки барои тамоми Варазрӯд маркази пахнкунандаи ойини масеҳй маҳсуб
Тахмин меравад, ки дини насронй ба Суғд дар асрҳои V- VI ворид шуда бошад, дар ибтидои асри VI дар Самарқанд эпиокоп, дар асри VIII бошад, митрополит ва дигар пешвоёни олимақоми динй ба чамоаҳои насронй раҳнамой мекарданд.
Инчунин байни мардум эътиқоди сачда кардан ба худои антиқй аз қабилй Худои ҳосилу об Аноҳито ва ҳайкалҳои худозанҳо чой доштанд. Дар асоси динй дар байни мардум маросиму урфу одатҳои гуногун риоя карда мешуданд. Мувофиқи одат дар баъзе музофотҳо устухони мурдаҳоро дар оссуарҳо- саонаҳо гузошта мегӯронданд. Дар муклкҳои дигар часади мурдагонро ба паҳлу рост хобонда, дасти чапашро аз болои синааш ба пеш дароз мекарданд. Ҳамрохи часад чизҳои рӯзгорро дар қабр мегузоштанд.
Умуман дар асрҳои VI-VIII, то паҳн шудани ислом мардуми Осиёи Миёна расму русуми зиёди динй ва урфу одати зиёд доштанд, ки ба динҳои пеш аз исломй иртибот доштанд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …