Марҳилаи муосири рушди инноватсионӣ бо инқилоби технологИ тавсиф дода мешавад, ки бо гузариши коркарди бартаридоштаи механикии предметҳои меҳнат ба истифодаи комплексии шаклҳои мураккаби ҳаракати материя, махсусан равандҳои физикӣ, химиявӣ, ва биологӣ алоқманд аст.
Технология на танҳо тартиби иҷроиши амалиёт, балки интихоби предметҳои меҳнат, воситаи таъсиррасонИ ба онҳо, муҷаҳазгардонии истеҳсолот бо таҷҳизот, воситаҳои ёрирасон, олотҳо, воситаҳои назорат, усулҳои омезиши унсурҳои шахсИ ва моддии истеҳсолотро дар вақт ва фазо, таркиби меҳнат ва муносибати истеҳсолот ба воситаҳои асосиро дар бар мегирад.
Бинобар ин азхудкунии технологияҳои нав ҳамзамон ҳам натиҷа ва ҳам замина барои истифодаи самараноки воситаҳо ва предметҳои нави меҳнатИ мебошад. Ин тамоюли инкишофи технологияи навро чунин бояд шарҳ дод.
Якум, сухан дар бораи гузариш аз ҷараёнҳои бисёрамалиётии танаффусдор (дискретИ), ки танҳо ба самти бештар қисматкунии амалиётҳо инкишоф меёбанд ва ба раванҳои истеҳсолии майдаамалиётӣ мерасонад.
Дуввум, коркарди механикии предмети меҳнат бо амалиётҳои бетанаффус ҷой иваз мекунад: коркарди вибратсионӣ, металургияи хокавӣ (порошковый), шакливазкунии дақиқи пластикӣ, гудозиши дақиқ аз рӯи тарҳи гудохташванда, тамғагузорӣ (штамповка) ва ғайра.
Сеюм, гузариш аз тарҳҳои пӯшидаи технологӣ ба коркарди пурраи нимсохтҳо (технологияи бепартов) оғоз меёбад.
Чорум, дар технология бештар шароитҳои экстрималӣ истифода мешаванд: ҳарорат ва фишорӣ ниҳоят паст ва ниҳоят баланд, вакууми чуқур, усулҳои импулсӣ-таркишӣ, шуъоафкании ядерӣ ва ғайраҳо. Истифодаи технологияҳои плазмавӣ барои истеҳсоли маҳсулоти нав, тағйир додани таркиб ва хусусияти онҳо ва ғайра.
Панҷум, технологияи нав, одатан на танҳо бо истифодаи қувваи барқ, ҳамчун қувваи ҳаракатдиҳанда алоқаманд аст, балки барои коркарди бевоситаи предметҳои меҳнат: қувваҳои баландшиддати электрохимиявӣ, электрофизикӣ (лазерӣ, шуъоафканишҳои электрикӣ, электроимпулсӣ, расишҳои электрикӣ) низ алоқаманд аст. Технологияҳои лазерӣ бошад барои васлкунӣ, буридан, гарми додан, мустаҳкамкунии деталҳо, маҳкам кардани сӯрохиҳо, назорати берасиш истифода карда мешавад.
Шашум, барои технологияҳои навтарин, универсалияти баланд хос буда, он ба гузариш аз мошинҳои гуногуни датгоҳҳои ҳаракатдиҳандаи механикӣ дошта ба таҷҳизотҳои универсалӣ ва истифодаи қувваи барқ ба сифати воситаи универсалӣ дар коркарди масолеҳҳо алоқаманд аст.
Ҳафтум, технологияҳои нав аксаран хислати байнисоҳавӣ доранд. Масалан, ҳам дар металлургия ва ҳам дар мошинсозӣ шакливазкунии пластикӣ, штамповкаи сахти шестернаҳо, тирҳо, вал, ва ғайраҳо истифода карда мешаванд.
Технологияи нав нисбат ба дастгоҳ ва маҳсулот прогрессивӣ буда, солҳои тӯлонӣ истифода карда мешаванд. Бинобар ин сармоягузорӣ ба онҳо тез худхарид карда мешавад. Таснифи технологияҳо одатан ба як чанд аломатҳо асос ёфтааст.
Аз рӯи аломати соҳаи истифодаи технологияҳо намудҳои технологияҳои илм ва маориф, информатика, саноат, бахши хизматрасонӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ ва ғайра.
Аз рӯи аломати дараҷаи навигарӣ технологияҳои ба ихтироот асос ёфта, аслӣ (оригиналӣ) барои ташкилот ва ба нау-хау асос ёфта ҷудо менамоянд.
Технологияҳоро аз рӯи динамикаи инкишоф ба афзоишёбанда, инкишофёбанда, пойдоршуда, пиршуда ҷудо менамоянд.
Аз рӯи доираи истифодабарӣ намудҳои технологияҳои идоракунӣ (асосӣ, ёрирасон, хизатрасон) ва технологияҳои истеҳсолӣ (асосӣ, ёрирасон, хизматрасон) фарқ мекунад.
Аз рӯи аломати таъинот технологияҳои бунёдкунанда, вайронкунанда, дутаъинотаро ҷудо манамоянд.
Оиди муносибат ба захираҳо технологияҳои илмғунҷоиш, сармояғунҷоиш ва энергоғунҷоиш, технологияҳои энергиясарфкунанда, бепартов фарқ мекунанд.
Аз рӯи дараҷаи автоматикунонӣ технологияҳои дастӣ, механиконидашуда, автоматиконидашуда, автоматӣ, бе иштироки бевоситаи одам ҷудо мешаванд.
Аз рӯи аломати рақобатпазирӣ технологияҳои рақобатпазир (дар давлатҳои алоҳида) ва ғайри рақобатпазир ҷудо менамоянд.
Ба монанди рамзгузории инноватсияҳотехнологияҳоро низ рамзгузорӣ кардан мумкин аст, ки он имконият медиҳад раванди идоракунӣ, баҳисобгирӣ, мушахасскунӣ ва патенткунонии онҳо автоматӣ кунонида шавад.