Главная / Илм / Таносуби омилҳои биологӣ ва иҷтимоӣ дар инкишофи психикии шахс

Таносуби омилҳои биологӣ ва иҷтимоӣ дар инкишофи психикии шахс

Одам бо нишонаҳои муайяни қобилияту ис

теъдодҳои ирсӣ ба дунё

меояд. Ағлаби онҳо би-
сёрмаъноянд: дар асоси онҳо сифатҳои мухталифи шахс
ташаккул ёфта метавонанд. Барои амалӣ гардидани он
раванди тарбия нақши ҳалкунанда мебозад.

Воқеан имкониятҳои тарбия бо хусусиятҳои ирсии
фард низ алоқаманд мебошанд. Асоси ирсии организми
одам хусусиятҳои анатомӣ- физиологӣ, сифатҳои асосии
системаи асаб ва ҷараёни протсессҳои асабии ӯро муайян
менамояд.Табиату имкониятҳои инкишофи ояндаи пси-
хикаи одам дар сохти биологии ӯ ниҳода шудаанд.

Генотипи фард (маҷмӯи генҳои ҳамин фард) нақшаи
инкишофи фардии ӯро муайян мекунад. Марҳилаҳои гу-
ногуни инкишофро генҳои мухталиф назорат мекунанд,
аммо фаъолгардонии онҳо на худ ба худ, балки таҳти
таъсироти олами берунӣ сурат мегирад.

Раванди инкишофи психикӣ вобастаи на фақат маб-
даи иҷтимоӣ, балки марбут ба мабдаи ирсӣ низ мебошад.
Ва ин муайянкунандаҳои асосӣ байни ҳам алоқаманданд.
Ҳар қадаре функсияи ташаккулдиҳанда мураккабтар
бошад, ҳамон қадар робитаи дутарафаи мабдаъҳои таби-
иву иҷтимоӣ зичтар мешавад.

Дар ҳар давраи инкишоф ҳассосияти баланди инти-
хобии одам ба таъсироти муайяни муҳит (сензитивӣ) ҷой
дорад. Сензитивӣ – чун софкунакест, ки баъзе таъсироти
муҳитро аз худ гузаронида, дигар таъсиротҳои боқимон-
даро бозмедорад. Вай дар баъзе одамон маҳдуд ва дар
гурӯҳи дигар нисбатан васеътар мушоҳида мешавад. Ин
ҳама таъсироти муҳитро ба инкишофи ҳамин фард ва ра-
вияҳои ӯ муайян менамояд.

Ҳар як марҳилаи инкишоф барои тараққиёти мин-
баъда асос мегузорад. Аммо фақат фаъолии одам ӯро
субъекти инкишоф мегардонад. Хусусиятҳои психикии
одам инчунин таъсироти муҳити иҷтимоии ба ӯ равона
бударо муайян мекунанд. Одам бо дигаргун сохтани
муҳит баҳри амалигардонии барномаи генотипи хеш ша-
роитҳои беҳтаринро фароҳам меоварад. Дар марҳилаҳои
аввали тараққиёт афзалан тарзҳои рафтори намуди уму-
мидошта ва дар марҳилаҳои оянда бошад тарзҳои фар-
дии рафтор ташаккул меёбанд.

Ҷиҳатҳои табиии одамро бо моҳияти иҷтимоии ӯ
муқобил гузоштан лозим нест. Мабдаи биологиро дар
одам ҳамчун мавҷудияти ким чӣ гуна сохти пасттарин
набояд донист. Набояд фаромӯш кард, ки нишонаву ало-
матҳои табиию биологии одам нишонаҳои одамӣ мебо-
шанд, на ҳайвонӣ. Одам аз лаҳзаи таваллуд дорои сохти
олии биологӣ аст, ки дар он ба таври ирсияв инкишофи
ҳаматарафаи ӯ ниҳода шудаанд. Худи биологияи одам та-
биати иҷтимоиро дошта, бо инкишофи ҷамъиятӣ-таърихӣ
муайян карда мешавад.

Камолот ва ташаккули психикаро бояд аз ҳам фарқ
кард. Тағйирёбии худ ба худи дохилии психикаи одам ка-
молоти он аст. Инкишофи психика таҳти таъсироти бе-
рунӣ ва пеш аз ҳама таъсироти иҷтимоӣ сурат мегирад.

Маҷмӯи ҳама хусусиятҳои физиологию психологии
фард, ки инкишофи онҳо марбути амали омилҳои умумии
генетикист, конститутсияи (аз лотинии сотШи1ю-сохт)
одамро ташкил медиҳад.

Масъалаи таъсири мутақобилаи хусусиятҳои биоло-
гию иҷтимоӣ дар таърихи психология назарияҳои мухта-
лифи инкишофи психикаро ба вуҷуд овард. Яке аз онҳо
назарияи камолоти биологӣ мебошад ва он таъкид меку-
над, ки вазифаҳои психикии одам ба таври ирсӣ муайян

шудаанд ва онҳо аз муҳити беруна вобаста набуда, ба
андозаи камолоти биологии организм инкишоф меёбанд.
Зимнан инкишофи фард инкишофи кулли авлоди одамиро
такрор мекунад (қонуни биологӣ).

Назарияи дигар – назарияи нақши пешбаранда до-
штани муҳит буда, намояндагон бар он ақидаанд, ки
муҳит дар инкишофи психикии одам омили ҳалкунанда
аст. Ҷонибдорони ин назария дар инкишофи психикӣ
тағйироти сифатии синнусолро ба назар намегирифтанд
ва онҳоро аз ҷамъкунии донишҳо ва маҳорату малакаҳо
иборат медонистанду халос.

Дастовардҳои муосири илмӣ аз он шаҳодат
медиҳанд, ки омилҳои муайяни биологӣ ба сифати шаро-
итҳое метавонанд баромад кунанд, ки онҳо ташаккули ин
ё он сифатҳои психикаи одамро ё душвор, ё сабук мегар-
донанд.

Чуноне маълум аст, ҳастаи (ядро) ҳуҷайраи биологии
одам аз 23 ҷуфти хромасома бо тақсимоти якхелаи хромо-
сомаҳои % ва у иборат аст. Аммо одамоне дучор меоянд,
ки дорои ҳодисаҳои ғайриодддии хромосома (бо зуди
1:500) мебошанд ва дар ҳастаи ҳуҷайравии онҳо на 46,
балки 47 хромосома мавҷуд аст. Шахсони дорои хромо-
сомаи зиёдатии % буда, бо ноустувории эмотсионалӣ,
агрессияи баланд ва шахсони хромосомаи зиёдатии у
дошта, бо сустиродагӣ ва дараҷаи пасти ақлӣ аз дигарон
фарқ мекунанд.

Албатта, падидаи ғайриоддии хромосомаро ҳамчун
мавҷудияти «генҳои ҷинояткорӣ» дар одамони ҷудогона
шарҳ додан мумкин нест. Низоми мусоиди тарбия, ки ху-
сусиятҳои биологии ҳамин фардро ба назар мегирад,
ҷиҳатҳои манфии ин ҳодисаҳои ғайриоддии хромосомаро
заиф мегардонад.

Соҳаи бо геншиносӣ ҳамҷавори психология – генши-
носии психикӣ (психогенетика) робитаи мутақобилаи ге-
нотип ва шароитҳои муҳитро тадқиқ мекунад, ки дар ху-
сусиятҳои рафтори фард зоҳир мегардад. Дар ин маврид,
методи дугоникҳо (ҳанӯз онро Ф.Галтон дар соли 1876
пешниҳод карда буд) истифода мешавад, ки тавассути он
нақши хосаи муҳит ва ирсият таъкид карда мешавад. Ге-
нотипи дугоникҳои монозиготӣ (аз як тухмҳуҷайра ба
дунёомада) ба ҳам монанд аст.

Барои ҳар як фард шароитҳои ба худ хоси ирсӣ ва
муҳити инкишоф мавҷуданд. Муҳит сабабгори зуҳуроти
имкониятҳои генетикӣ шуда метавонад.

Асоси гурӯҳбандии фардҳоро ҳамчун намояндагони
намуди биологӣ се меъёр ташкил медиҳад: генетикӣ,
нейрогуморалӣ ва хусусиятҳои модарзодии типи фаъоли-
яти олии асаб (нейротип).

Аз рӯи хусусиятҳои нейрогуморалӣ, вобаста ба ху-
сусиятҳои         эътибордиҳии          системаи         симпатикӣ-

адреаналинӣ ба таъсироти муҳит се тарзи рафторро фарқ
мекунанд: 1) тарзи рафтори А (адреаналинӣ); 2) тарзи
рафтори НА (норадреналинӣ); 3) тарзи рафтори А+НА
(омехта).

Намояндагони тарзи рафтори А бо изтиробу ҳаяҷон,
масъулияти баланд, худтанқидкунӣ фарқ карда, мушки-
лиҳои асабиро вазнин аз сар мегузаронанд ва мубталои
амрози қалбанд (байни мардон ҳиссаи тарзи рафтори А
зиёда аз 30% ва байни занон 30% – ро ташкил медиҳад).

Намояндагони тарзи рафтори НА бо пуршиддатии
зиёди эмотсионалӣ фарқ мекунанд. Инҳо одамони ҷиддӣ,
дамдузд, камсухан, канораҷӯ ва ҳукмфармоянд. Онҳо дар
роҳи ба мақсадрасӣ фаъол буда, ба рафъ намудани муш-
килиҳо қодиранд, аммо нобарориҳоро бо душворӣ аз сар
мегузаронанд, гирифтори бемории асабанд (тарзи рафто-
ри НА байни мардон 17% ва байни занон 26%-ро ташкил
медиҳад).

Намояндагони тарзи рафтори А+НА (омехта) бо ҳо-
лати эмотсионалии баланд, бо зуд ивазшавии ҳолати рӯҳӣ
ва бо ноустувории ҳиссиётҳо аз дигарон фарқ мекунанд.

Инҳо одамони типи истероидиянд; онҳо моҳиру мумтоз
буда, дар маркази таваҷҷӯҳ буданро хуш медоранд, дорои
ҳассосии баланд буда, бо атрофиён зуд унс мегиранд ва
тоқати нохушиҳоро надоранд.

Хусусиятҳои нейтрогуморалии одамон дар шаро-
итҳои фавқулодда хело тезутунд зоҳир мешаванд.
Гурӯҳҳои фавқуззикр аз ҳамдигар бо нишондиҳандаҳои
биокимиёвӣ, масуниятӣ (иммунологӣ) ва дигар нишон-
диҳандаҳои ҷисмонӣ фарқ мекунанд.

Хусусиятҳои биологии фард дар раванди иҷтимо-
ишавии ӯ тағйир меёбанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222