Главная / Илм / МАРОСИМҲОИ ЗАРДУШТИЯ

МАРОСИМҲОИ ЗАРДУШТИЯ

Нахустмаросими зардуштия ба муносибати ба балоғат расидани ҷавон аст ва яке аз муҳимтарин расмияти он бастани «куштй» (ав. айвёнгаҳан), камарбанди динии хосе (,ки аз ҳафтоду ду нах, аз пашми гӯсфанди сафед аз шаш риштаи дувоздаҳнахй) дар се ҳалқа ва бо чаҳор гиреҳ дутогй аз пешу ақиб мебошад. Ин ҳама рамзе дорад. Аз ҷумла себор печонанд ё бастани ресмон рамзест аз асли пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек. Ҷашни куштибандй яке аз абузургтарин рӯйдодҳои зиндагии ҳар як зардуштй аст.

Халқҳои эронй дар давраҳои қабл аз Зардушт се вақт ибодат мекарданд. Зардушт ба ин се вақт ибодат, ки саҳар /хаванй/ ва баъд аз нисфирӯз /уҷайара/ ва шабонгоҳ /авистура/ баргузор мешуд, боз ду вақти дигар /рапитва/ — нисфирӯзй, дигар нисфи шаб /уша/- ро илова кард. Ҳамин тавр, намози панҷвақтаи ҳаррӯза вазифаи ҳатмии ҳар як пайрави Зардушт мебошад.

Маросими намоз аввал аз пок кардани худ, яъне таҳорат, шустушӯи дасту рӯй ва пой баъд камарбанд /кусти/ ро кушода бо ду даст онро дар пеши худ нигаҳ медорад, бо чунин хаёле, ки гӯё дар назди офаридгор аст. Нигоҳи ӯ ба оташ – чун ба рамзи росткорй дӯхта шудааст. Диндор дар ҳини намоз Аҳуромаздоро ситоиш ва Аҳриманро лаънат мехонад. Сипас вай боз камарбандашро баста намозро идома медиҳад. Ҳамин тавр ин амал чанд бор такрор мешавад.

Аз ҷумлаи маросимҳои зардуштия ҳафт иди ӯст. Ҳамаи идҳои Зардуштия бо тақвимҳои деҳқонй зич алоқаманд аст. Масалан: мобайни баҳор (маидйой-зарэмайя), мобайни тобистон (маидйой- тема), иди ҷамъоварии ғалла (паитишахйа), иди баргаштани чорво аз чарогоҳи тобистонй (айатрима), мобайни чиллаи зимистон (майдйаирйа) ва ниҳоят ид ё маросими бегоҳи охири пеш аз баробаршавии шабу рӯзи баҳорй (хамаспатмаэдайа), ки ба ёди фаравашрӯҳи ниёгон, баргузор мешуда.

Бузургтарин ҷашни зардуштия, ки онро ҳанӯз пеш аз пайдоиши оини зардуштй халқҳои эроннажод бо тантанаву шукӯҳ ҷаш мегирифтаанд, иди Наврӯз аст. Зардушт ин идро, ки эрониён чун оғози фасли баҳор қайд мекарданд, қабул намуда, ба он рамзи тозае бахшид. Наврӯз дар Зардуштия ҳафтумин ва бузургтарин ҷашнест, ки ба бузургдошти АшоВахишта /беҳтарин ростиву адолат, ки рамзи он оташ аст ва охирин рӯзи олам, ки дар он ашо /ростй/ ғалаба мекунад ва ҳамин рӯзи охирин дар ҳамон як вақт аввалин рӯзи ҳаёти нави абадист, бахшида шудааст. Мувофиқи сарчашмаҳои дигар инсон маҳз ҳамин рӯз по ба замин мондааст ва Аҳуромаздо- бузургофаридгор, ҷаҳонро дар чунин рӯз офаридааст.

Ҳамин тавр, бо ҷорӣ кардани намози панҷвақта ва ҷашнгирии ҳафт ид, Зардушт системаи динии дорои қудрати бузургеро бунёд кард, ки дар тӯли се ҳазор сол побарҷост.

Маросими дафн Чун назди зардуштиён хок, обу оташ аносири муқаддас буданд аз ин рӯ ҷасади мурдагонро гӯронидан дар хок ё сӯхтан дар оташ ва ё ғарқ кардан дар об мамнӯъ буд. Онҳо барои мурдагон дар доманаи кӯҳе ё ҷое дуртар аз ободӣ «дахма» ё «бурҷи хомӯшон» интихоб ё бино мекарданд ва мурдаҳои худро он ҷо мегузоштанд то паррандагон ё сагҳои махсус гушти онро бихӯранд, сипас устухонҳоро дар он «дахмаҳо» ё «осуараҳо» нигоҳ медоштанд.

Зардуштия баъдан оҳиста-оҳиста бо унсурҳои хурофотӣ, санавият ва ҳатто бутпарастӣ олуда гардида, ба дини аристократияи деҳконӣ ва дарборӣ табдил гардида, аз асли худ бегона ва ба ҳомии ҷомеаи наздик ба каставии сосонӣ табдил гарда буд.

Имрӯз зардуштиён дар Ҳиндустон ва қисмате аз Эрон боқӣ мондаанд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222