Главная / Илм / Тарҷумаи мазмунӣ ва таҳтуллафзии воҳидҳои фразеологӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ

Тарҷумаи мазмунӣ ва таҳтуллафзии воҳидҳои фразеологӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ

Забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дорои захираи хеле бойи калимаву таркибҳо мебошад. Як гурӯҳ калимаву таркибҳо сермаъно буда, вобаста ба ифодаи фикр яке аз маъноҳои он корбаст мегардад. Гурӯҳи дигар маъноҳои зиёд надоранд ва танҳо як- ду маъноро ифода мекунанду бас. Гурӯҳи сеюм ба ғайр аз маъноҳои аслии худ маъноҳои маҷозиро мефаҳмонанд. Аз ин рӯ, ҳангоми кор- басти калимаю таркибҳо барои ифодаи мақсади худ калимаи мувофиқ ва маънои муносиби онро бояд истифода кард, вагарна маънои ҷумла тағйир меёбад, ё ки мақсади гӯянда ё нависанда ба таври возеҳ ифода намегардад.

1610980671_Омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки паҳлӯҳои мухталифи маъно, ҳам аслӣ ва ҳам маҷозии воҳидҳои фразеологӣ ҳамеша боиси хушобуранг баён ёфтани фикр мегарданд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки воҳидҳои фразео- логӣ дар ҳарду забон истифода мешаванд ва то дараҷае аз ҳамдигар тафовут ва умумиятҳо доранд. Ҳамин тафовут ва ё худ умумиятҳо ҳан- гоми тарҷума ба забони англисӣ ва ё баръакс ба мутарҷимон ҳамеша мушкилиҳоро пеш меорад. Аниқ сарфаҳм рафтани маънои асосии кали- ма, маҷоз ва ё асл будани он, муродиф шудани он дар ҷумла дар аксар маврид нофаҳмиҳоро ба миён меоварад. Аслан, аксари муҳаққиқон бар онанд, ки тарҷума як навъи санъати сухан аст ва тарҷумон бояд
ҳамин санъатро моҳирона, устодона ба кор барад, то ин ки маънои асл дар асари тарҷумашуда коста нагардад. Тарҷума худ яке аз воситаҳоест, ки дар таҳкими равобити гуногуни халқҳои олам нақши бориз дорад. Тарҷума кардан ҳамеша ва дар ҳама даврҳо имконият фароҳам мео- вард, ки халқҳо ба ҳамдигар алоқаманд бошанд, аз урфу одат, маданият, фарҳанги ҳамдигар бархурдор гарданд. Тарҷума ҳамчун илм қонун ва қонуниятҳои худро дорад. Аз ин нигоҳ ҳар як мутарҷим уҳдадор аст, ки аз он огаҳ бошад ва дар тарҷума то ҳадди имкон истифода барад. Оид ба тарҷума ва илми тарҷума олимон ва забоншиносони гуногуни дунё ба монанди В.Гумболдт, А.Шмигел, А. Тайлер, А.В.Фёдоров, О.Ка- де, В.Н.Комиссаров, Ю.Найда, Ж.Вине, Л.С.Бархударов, А.Д.Швейтсер, Э.Муллоқандов, Б.Камолиддинов, М.Б.Нағзибекова, М.М.Мирзоева ва дигарон назария ва ақидаҳои гуногун пешниҳод намудаанд.

Дуруст аст, ки усулҳои гуногуни тарҷума аз нигоҳи бисёр олимони забоншинос, мутарҷимон дар илм пешниҳод шудаанд. Истифодаи ин принсипҳо ва ё методҳои тарҷума дар амал татбиқ карда шудаанд ва онҳо дар ҳама маврид бояд риоя карда шаванд. Аслан, дар тарҷума риоя кардани принсипҳо ба монанди дуруст дода тавонистани фикри нусхаи асл, калимаҳои матни аслро вусъат дода тавонистан, хонда шудани тарҷума ҳамчун матни асл, нигоҳдоштани услуби матни асл принсипҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд. Дар асари А.Тайлер «Принсипҳои тарҷума» принсипҳои зерин пешниҳод шудааст:

Тарҷума бояд пурра ғояҳои матни аслро дар бар мегирад;

Услуб ва тарзи ифодаи тарҷума ба матни асл монанд бошад; Тарҷума низ мисли матни асл осон хонда шавад.

Яъне, дар тарҷума бояд принсипҳои мазкур ҳамчуноне риоя шаванд, ки ифодаи маълумотро бо ҷузъиёташ, маъноҳои вожаҳои алоҳидаро таъмин карда тавонад, аниқтараш нусхаи саҳеҳи матни асл бошад.

Аслан, ҳангоми тарҷумаи ибораҳои фразеологӣ аксарияти фразе- ологизмҳои маъмул роҳи дурусти худро пайдо мекунанд, аммо дар баробари он усулҳои гуногуни тарҷума сабабгори истифода нашудани ҳамин вожаҳо дар забони тарҷумашаванда гардиданашон мумкин аст. Мушоҳида кардан мумкин аст, ки онҳо гоҳе тарҷумаи таҳтуллафз, гоҳе тасвирӣ, ва то ҷое мутарҷимон кӯшиш менамоянд, ки дар забони тарҷумашаванда муродифи мувофиқ пайдо намоянд. Аслан, тарҷумаи
вожа ё калима аз кӯшиши дар забони тарҷумашаванда ёфтани вожаи ҳаммаънои он оғоз мешавад. Аксарияти калимаҳои забони тоҷикӣ ва ё англисӣ вожаҳои ҳаммаънои худро дар ҳарду забон доранд. Дар на- зарияи тарҷума вожаи забони тоҷикиро, ки маънояш ба ягон калимаи забони англисӣ наздик мебошад мувофиқати вожагӣ ё мувофиқати луғавӣ меноманд.

Воҳидҳои фразеологӣ ҳам дар забони тоҷикӣ ва ҳам англисӣ мах- сусан дар асарҳои бадеӣ фаровон истифода мешаванд ва онҳо ба забонҳои гуногуни дунё бо тарзҳои мухталиф тарҷума мешаванд ва ба хонандагон пешниҳод мегарданд.

Воҳидҳои фразеологӣ дар забон маъноҳои ба худ хос доранд. За- боншинос Маҷидов Ҳ. қайд мекунад, ки «ифодаи маънои яклухти ба ҳиссаҳо ҷудонашаванда аз хусусиятҳои муҳими воҳиди фразеологӣ мебошад. Воҳиди фразеологӣ бо маънои яклухт ва тобишу оҳангҳои фардии худ хели махсуси маъноро ба вуҷуд меоварад”. Муайян кардани маънои калимаҳо, аниқ дарк кардани он ҳамчун воҳиди фразеологӣ, дар маънои маҷозӣ омадани онҳо ҳамеша ба мутарҷим мушкилиҳоро пеш меорад.

Ба забони англисӣ ифода кардани ибораҳои фразеологӣ вазифаи мушкил дар назди тарҷумонҳо мебошад. Тавассути густурдагии маъно, маҷозият, кӯтоҳӣ ва возеҳ будани маъно ибораҳои фразеологӣ дар забон нақши муҳимро мебозанд. «Дуруст аст, ки як қатор воҳидҳои фразеологӣ аз ҷиҳати ҷузъҳои дохилиашон тағйир ёфта метавонанд. Дар ин маврид вариантҳои нави воҳидҳои фразеологӣ ба вуҷуд меоянд.

Ибораҳои фразеологӣ хусусан дар нутқи шифоҳӣ, матнҳои бадеӣ ва сиёсӣ истифода мешаванд. Ҳангоми тарҷумаи ибораҳои фразеологӣ ба тарҷумон зарур аст, ки ҳам маъно ва ҳам фасоҳати онро тасвир карда тавонад ва дар айни замон набояд вазифаи услубии ибораҳои фразеологиро аз мадди назар дур монад. Дар сурати мавҷуд набудани ибораи фразеологии муродиф, мутарҷим маҷбур аст, ки муродифи наздик ба онро ҷустуҷӯ кунад. Аслан, чӣ тавре ки зикр шуд се навъи тарҷумаи ғайрифразеологиро метавон мушоҳида кард:

  • тарҷумаи луғавӣ (агар дар забони тарҷумашаванда муодили мувофиқ пайдо нашавад, ибора бо лексикаи аз ҷиҳати маъно наздик тарҷума мешавад);
  • таҳтуллафзӣ (бо мақсади муайян кардани матлаби нависандаи асар, дар ҳолати пайдо накардани тарҷумаи он бо усулҳои дигар);
  • тасвирӣ (шарҳи воҳиди фразеологӣ ва муайян кардани мазмуни он барои хонанда).

Дар забони англисӣ муодилҳои ибораҳои фразеологӣ метавонанд пурра ва ё қисмӣ бошанд. Муодилҳои пурраи фразеологӣ он экви- валентҳои тайёри забони англисӣ мебошанд ки ба забони тоҷикӣ аз ҷиҳати маъно, сохтор, фасоҳат, тобиши услубӣ ва сохтори грамматикӣ бо ҳам мувофиқат мекунанд. Масалан, дар мисоли зерин ҳамин нуктаро дидан мумкин аст:

намаки замин – the salt of the earth;

бо оташ бозӣ кардан – to play with the fire;

бе оташ дуд нест – there is no smoke without fire ва ғайра.

Тарҷума бар заминаи эквиваленти қисмӣ, маънои онро дорад, ки ҳангоми тарҷума фасоҳат, обуранги бадеии фразеологизмҳо пурра дода шаванд. Дар зери ин истилоҳ бояд назар дошт, ки дар варианти пешниҳодшудаи тарҷума баъзе фарқиятҳо нисбати забони тоҷикӣ вуҷуд доранд. Яъне, ба тарҷумон ҳангоми тарҷумаи ибораи фразео- логӣ сохтори забонии он муҳим набуда, обурангии он (яъне, маънои комил) муҳимтар аст. Эквивалентҳои қисми ибораҳои фразеологиро ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст. Ба гурӯҳи якум фразеологизмҳое дохил мешаванд, ки аз ҷиҳати маъно, рангорангии услубӣ ва хушобу- рангӣ бо ҳам наздик мебошанд, аммо аз ҷиҳати узвҳои лексикӣ фарқ доранд. Масалан, дар ибораи кӯҳҳои тилло / ситора ваъда додан – to promise wonders, to promise the moon ва ғайраҳо. Гурӯҳи дуюми онҳо аз ҷиҳати шумора, тартиби калимаҳо аз ҳамдигар тафовут дошта, аз ҷиҳати маъно, сохтори лексикӣ ва услуб мувофиқат мекунанд. Масалан: Дар шаҳри кӯрон якчашма шоҳ аст. ~ Among the blind one-eyed is a king (фарқ дар шумора).

Гурӯҳи сеюми фразеологизмҳо қариб аз ҳама ҷиҳат бо ҳам муво- фиқат мекунанд, ба ҷуз тарзи ифода ва фасоҳат. Масалан, кас нагӯяд, ки дӯғи ман туруш аст – every bird likes its own nest ва ғайраҳо.

Яке аз хусусиятҳои хоси калимаҳои дохили ҳар як забон ин имкони- яти ташкил кардани ҳар гуна пайвастагиҳо мебошад. Он пайвастагиҳое, ки доимо ҳамчун намунаҳои тайёр истифода мешаванд, ибораҳои рехта ва онҳое, ки доимо иваз шуда метавонанд пайвастагиҳои озод
меноманд. Аз ин рӯ, ба тарҷумон ҳамеша лозим аст, ки ибораҳои рехтаи забони тарҷумашавандаро нағз донад, зеро онҳо ба нутқ хусусияти идиоматикӣ/маҷозӣ медиҳанд. Масалан, намунаи пайвастагиҳои озод: девори оҳанин – an iron fence, маззаи тез – a bitter testes; инстикти гург – a wolf’s instinct; пайвастагиҳои рехта: иродаи оҳанин – a cast-iron will; ҳазли тез – bitter irony; иштиҳои гург – voracioius appetite ва ғ. Дар аксар маврид дар тарҷумаи чунин вожаҳо усулҳои пайдо кардани эквива- лент дар забони тарҷумашаванда истифода мегарданд. Яъне, ҳангоми тарҷумаи ибораҳои рехта муродифи мувофиқ ё тайёри забони дигар истифода мешавад. Дар сарчашмаҳои гуногун чунин роҳи тарҷумаро эквиваленти зиёддошта ном мебаранд.

Дар ҳамин ҳол принсипи мазкур вайрон намешавад, агар ба забони тарҷумашаванда роҳҳои гуногуни ифода вуҷуд дошта бошад. Чунончӣ дар ибораи мазкур: мусаллаҳша- вии бошитоб, бо шитоб мусаллаҳ шудан – arms race ё худ arms drive. Ҳангоми тарҷумаи ибораҳои рехта аз усулҳои гуногун кор фармудан мумкин аст. Масалан, тарҷумаи интихобӣ. Дар зери ин мафҳум одатан тарҷума бо ёрии муродифҳои имконпазири забони тарҷумашаванда дар назар дошта мешавад. Интихоби муродиф ё худ синоним аз матни забони тарҷумашаванда вобаста аст. Бояд гуфт, ки дар тарҷумаи чунин ибораҳо ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки онҳо дар забон эквивалент надоранд. Дар ин сурат истифодаи методи тарҷумаи озод қобили қа- бул аст.

Аслан, аз рӯи пешниҳоди сарчашмаҳои илмии гуногун ду роҳи тарҷумаи озоди ибораҳои рехтаро имконпазир меҳисобанд: тарҷумаи таҳтуллафзӣ кардан ва ё аз методи тасвирӣ истифода бурдан, ки дар ин бора болотар сухан рондем. Албатта, бояд зикр кард, ки методҳои дигари тарҷума дар забон вуҷуд доранд, аммо тарҷумаи тасвирӣ нисбат ба тарҷумаи интихобӣ асосёфта аз мутарҷим маҳорат ва малакаи муай- янро ҳангоми тарҷума талаб мекунад, ки ҳамин усулҳоро дар тарҷумаи асарҳои интихобшудаи ин рисола мушоҳида кардан мумкин аст.

Муаалиф: Абдуллоева Асмоа –
магистранти соли дуюми
факултети забони англисӣ
ва забонҳои Шарқ

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222