Главная / Илм / Тариқаи эътикоф нишастан

Тариқаи эътикоф нишастан

Эътикоф дорои одобу мустаҳаббот, воҷибот ва як силсила муқар-
рароте мебошад, ки бояд мавриди риоя қарор гиранд. Онҳоро аз ки-
тоби «Фиқҳи исломи бар асоси мазҳаби ҳанафӣ» ба таври пурра зикр
менамоем.
Эътикоф иборат аст аз макс (нишастан) ва руза гирифтан ба ни-
яти ибодати Худованд дар масҷид ва камтарин муддати он як рӯз аст.
Эътикоф дар ҳар замоне, ки руза гирифтан дар он ҷоиз бошад,
дуруст ва қобили таҳаққуқ аст, вале беҳтарин замон барои эътикоф
моҳи мубораки Рамазон, махсусан даҳ рузи охири ин моҳ аст, ки дар
он эътикоф суннати муаккада мебошад, зеро Расули Худо (с) онро
пайваста анҷом додааст.
Дар шаръи муқаддаси Ислом асли эътикоф мустаҳаб аст, аммо
ҳар гоҳ касе назр намояд, ки эътикоф менишинад, эътикоф бар вай
воҷиб мегардад. Ҳар гоҳ назр намояд, ки чанд рузи муайян эътикоф
менишинад, лозим аст як ҷо ва пай дар пай онро ба ҷо оварад.
Дар шабҳои эътикоф хурдану нушидан ҷоиз мебошад, вале муо-
ширати заношавҳари ва наздики бо занон: ҳамбистари намудан, ламс
(молиш) кардан ва ё бо шаҳват бусидан барои шахси дар эътикоф ҳа-
ром аст. Худованд мефармояд: «Ва бо занони худ, дар холате ки дар мас-
ҷид барои этикоф нишаста бошед, мубошират (ва наздики) нанамоед».
Эътикоф бояд дар масҷид ба таври пайваста – беинқитоъ анҷом
дода шавад ва агар шахси муътакиф бе зарурат қатъ намояд, масалан,
соате ҳам аз масҷид хорич шавад, эътикофи ӯ фосид мегардад.
Агар дар масҷиде эътикоф нишинад, ки дар он намози ҷумъа на-
мехонанд, метавонад бо фаро расидани рузи чумъа барои адои намози
ҷумъа ба масҷиди ҷомеъ рафта ва баъди хатми намоз ба ҷои эътикофи
худ баргардад.
Ҳамон гуна ки аз гуфтаҳои боло бармеояд, дар эътикоф нишастан
се чиз лозим аст: 1) Масҷиде, ки дар он намоз бо ҷамоат баргузор гар-
дад, 2) нияти эътикоф ва 3) пок будан аз ҳайзу нифос ва ҷанобат. Би-
нобар ин, эътикоф дар масҷидҳои матрука – бенамоз дуруст намегар-
дад, ҳамчунин шахсе рӯз то бегоҳ бе нияти эътикоф дар масҷид ба сар
барад, он эътикоф ба шумор намеравад. Шахси ҷунуб ва занони дар
ҳайзу нифос низ наметавонанд эътикоф бинишинанд, зеро поки шарти
дуруст гардидани тамоми ибодатҳост.
Аз ҳама беҳтар он аст, ки эътикоф дар Масҷидулҳаром (атрофи
хонаи Каъба), баъд аз он дар Масҷиди Набави ва баъд аз он дар
Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас ба ҷой оварда шавад, сипас дар
масҷиди ҷомеъ ва ба дунболи он масҷиди маҳалла ва ҳар масҷиде, ки
дар он ҷамоат бештар бошад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222