Главная / Илм / ТАЪРИХИ ДИН ҲАМЧУН ИЛМ

ТАЪРИХИ ДИН ҲАМЧУН ИЛМ

Таърихи дин яке аз қисмати илми диншиносӣ аст. Диншиносӣ аз ҷумлаи илмҳои ҷомеашиносӣ ва фалсафию таърихӣ аст. Мавзӯи баҳси он на дин ва масоили фалсафию назарӣ ва таърихи пайдоишу таҳаввул ва такомули динҳо мебошад. Объекти он на як дини хос балки тамоми динҳое мебошад, ки инсоният дар таърихи худ доштааст ва шинохтааст.1

400px-faravahar-svgДиншиносии илмӣ ( ё илми адён) ҳамчун илму фанни мустақилу алоҳидае, дар нимаи дуюми а.Х1Х ба қатори илмҳои ҷомеашиносӣ ворид гардид. То ин давра масоили диншиносӣ зимни баҳси матолиби илмҳои дигар, алалхусус таърих, фалсафа ва илоҳиёт[1] [2] мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта буданд.

Нахустин бор Макс Мюллер мафҳуми ”илми адён” ва ”мутолиоти муқоисавии дин”-ро ба кор бурдааст. Таърихи динҳо низ дар донишгоҳҳо аз ҳамин давра (охири асри XIX ) оғоз гардид. Нахустин кафедраи таълиму таҳқиқи таърихи дин соли 1873 дар Женева таъсис гардид ва сипас чаҳор чунин кафедра соли 1876 дар Ҳуланд ва соли 1879 дар « Колеҷ де-Фронс» ва соли 1884 дар донишгоҳи озоди Брюксел ва соли 1885 бахши махсуси илмҳои динӣ дар донишгоҳи « Сорбон» ташкил шуданд. Каме баъдтар дар соли 1910 кафедраи динҳо дар донишгоҳи Берлин ва ҳамчунин дар Лейптсиг ва Бонн ба вуҷуд омад.

Аз ҳамин давра сар карда, ҳамзамон бо таълим ва таҳқиқоти илмӣ кори табъу нашри китобу рисолаҳо ва маҷаллоти соҳаи диншиносӣ вусъат меёбад.

Дар охири асри XIX аввалин нашрияҳои даврагию доимии диншиносӣ дар кишварҳои аврупоӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла соли 1880 нашрияи « Баррасии таърихи адён» дар Пориж, соли 1898 нашрияи «Бойгонии* таърихи адён» дар Фрайбург ва соли 1905 нашрияи «Инсон», ки бештар ба омӯзиши динҳои ибтидоӣ машғул буд, дар Вена тавассути Вильгельм Шмидт таъсис шуд ва соли 1925 нашрияи «Мутолиот дар боби таърихи адён» тавассути Рафаэл Патазони ба нашр шурӯъ намуд. Баъдан аз ибтидои асри XX то нимаи он дар донишгоҳҳои аврупоӣ ва амрикоӣ нашрияҳои зиёде дар баррасии таърихи адён ба вуҷуд омаданд.

Дар ин давра интишори манобеъ ва маъхазҳо низ рӯ ба афзоиш мениҳад. Аз ҷумла «Доират-ул- маъорифи дин ва ахлоқ» ( дар 13 ҷилд, Эйденгбург, 1908-1923, виростаи Ҷ. Ҳастинг-.1.1 Ьышд); “Илоҳиёт ва таърихи адён” ( дар 5 ҷилд аз с.1909 то с.1913), “Таърихи адён” (виростаи А. Бертолет -(А.Вег1Ио1е1) солҳои 1908, 1926) “Китоби дарсй дар боби таърихи адён” виростаи Е. Лаҳман (Е .ЕаЬтап) дар Лейптсиг с.1912) ва баъдан тавассути Е. Лаҳман ва Ҳ. Ҳосс ( Н. Назз) китоби «Манобеъи таърихи адён назди муаллифони бузурги лотинӣ» (Бонн с.1920) ва ҳамчунин тавассути Ҳ. Ҳосс ва дигарон «Атласи адёни ҷаҳон» (Лейптсг с.1924) ва як қатор адабиётҳои илмию тадрисии дигар ба табъ расиданд.

Бояд гуфт, ки дар Россия низ, чӣ пеш аз инқилоб ва чӣ пас аз он, ба омӯзиши дин таваҷҷӯҳи хосе шудааст. Аз ҷумла осори диншиносон: С.А. Токарев,[3] [4] Л. С. Васильев,[5] И. А. Крывелев,[6] Угринович Д.М.[7]; исломшиносон: Бартольд В.В.[8], Крымский А.Е.[9] Петрушевский И.П[10]., .Г.Большаков[11] дар ғанӣ гардидани илми диншиносӣ ва исломшиносӣ саҳми зиёд доранд. Алалхусус дар солҳои охир китобҳое зери таҳрир ва таълифи И.Н. Яблоков,[12] Гараджи В.И.[13], А.А. Радугин[14] як қатор китобҳои дарсии диншиносӣ ба табъ расиданд, ки қадамҳои тозае дар диншиносии муосир мебошанд.

Ногуфта намонад, ки муҳақиқони тоҷик: М. Диноршоев, М. Ҳазратқулов, К. Олимов, А. Муҳаммадхоҷаев, Х. Додхудоев, М. Султонов, И. Саидов ва муаллифи ин сатрҳо дар омӯзиши таърих ва фалсафаи динҳо, аз ҷумла дар омӯхтани масоили таърихӣ ва таълимоти ислом, равияву мактабҳои фалсафаи он, корҳои зиёде анҷом дода, саҳми арзандае гузоштанд.

Ҳамин тавр, чунон ки мулоҳиза мешавад, илми диншиносӣ зиёда ду сад сол аст, ки дар мактабу донишгоҳҳо тадрис ва дар доираҳои илмию таҳқиқотӣ баҳсу баррасӣ, табъу нашр ва интишор дода мешавад

Аммо, таърихи динҳо (адён) -яке аз қисматҳои асосии диншиносӣ мебошад, ки динҳоро аз доираи муҳити замонӣ ва маконии пайдоиш ва таҳаввул ва такомули таърихиашон таҳқиқу баррасӣ мекунад. Таърихи адён шароити таърихии пайдоиши динҳои мухталиф ва таҳаввул, яъне такомул ва тағйирёбии мунтазаму доимии ғоявию ақидавӣ ва маросимии онҳоро дар тамоми тӯли таърихи инсоният меомӯзад. Таърихи адён манзараи комилу яклухт, нимоиши пайдарҳами саҳнаҳои пайдоиш, таҳаввул ва такомули динҳо ва ҳамзамон раванди рушди таърихии шуури динии инсоният аст.

Дониши ҳаматарафа аз таърихи динҳо ва огаҳӣ аз ҳама адёни башар барои шинохти амиқи дин умуман ва дини худи мо ислом хосатан, ҳамчун як навъ падидаи маънавию иҷтимоӣ хеле зарур аст аст. Гузашта аз ин огаҳӣ ва шинохти асотир ва адён ба шинохти амиқ ва дурусти фарҳанги гузашта ва вазъияти фарҳангию равонии ҳозираи ҳар як миллат ҳатмист. Дар ин китоб муаллиф барои эҷоди як манзара (панорама)-и комили таърихи адён кӯшиш намудааст, ки ҳадди ақал оид ба тамоми адёни зинда ва аз байн рафта (солифа[15]) маълумот диҳад.

1 Муфассал дар бораи илми диншиносӣ нигаред ба китоби ин ҷониб бо номи «Асосҳои диншиносӣ». Душанбе: Дониш.2001

[2] илоҳиёт- илми динӣ- худошиносист

3 * бойгонӣ- архив

[4] С.А. Токарев. Ранние формы религии. М.: 1990 ва ҳамчунин «Религии в истории народов мира»,

[5]  Л.С. Васильев. История религии Востока. Уч.пос. М.: 1983

[6] И.А. Крывелев. История религий. М.,1976, Т. 1-2.

[7] Д.М. Угринович. Введение в теоретическое религиоведение М., 1973 ва ғ-ра

[8]   В.В. Бартольд. Сочинения. Т. 6. М.1966.

[9]    А.Е. Крымский. История мусульманских народов. Ч.1- 2. М. 1902- 1903.(наш.2.- !912-1913)

[10] И.П. Петрушевский. Ислам в Иране в У11-ХУ веках.( курс лекций). Л., 1966.

[11] О.Г. Большаков. История халифата. К.1. Ислам в Аравии 570-633. М.,1989.

[12] Аз ҷумла: Основы Религиоведения.Учеб./ Ю.Ф. Борунков, И.Н. Яблоков, К.И.Никонов и др.; Под ред. И.Н. Яблокова.-2-е изд., М.:Высш.шк., 1998. ва И.Н. Яблоков. Религиовеление. Учеб.пос. и учебный словарь- минимум по религиоведению/ под ред проф. И.Н. Яблокова.-М.: Гардарика, 1995.

[13] Гараджа В.И. Религиоведение. М.,1995. ва ҳам ӯ Социология религии.,1996.

[14] А.А. Радугин. Введение в религиоведение: теория, история и современные религии. Курс лекции .-М: Центр, 1999.

15 солифа- ар. аз байн рафта, гузашта

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222