Дар манобеъ ва сарчашмаҳои шаръ – Қуръон ва суннат дар бораи он чизе, ки имрӯз бо номи тасбеҳи таровеҳ шинохта мешавад, ривояте собит нашудааст. Аз амалкарди саҳобагони киром танҳо ҳамин қадар бармеояд, ки онҳо пас аз ҳар чор ракъат намоз, ки бо ду салом баргузор мегардид, таваққуфи нисбие мена-муданд. Зеро онҳо намози таровеҳро низ хеле дароз ва бо тааммул мехондаанд.
Дар Муваттаи имом Молик ривоят шудааст, Бақараро дар ҳашт ракъат (инамозӣ таровеҳ) мехонд. Агар онро дар дувоздаҳ ракъат мехонд, мардум онро сабук мепиндоштанд» . Бинобар ин, онҳо пас аз ҳар чор ракъат каме дам мегирифтанд ва ҳар кас дар нафси худ такбир, тасбех,, таҳлил ва салавот мегуфт.
Баъдҳо ҳамон такбиру тасбеҳ, ва таҳлили онҳо ба сурати тасбеҳи таровеҳ даромадааст, ки имрӯз дар сарзамини мо навъи хоссе аз он маъмул мебошад. Ба ҳар ҳол, вақте он бо садои дилангези кориён бо овози баланд хонда мешавад, рӯҳу қалби намозгузоронро ҳаловат мебахшад ва дар онҳо таассуроти маънави ва руҳиёти некеро ба вуҷуд меоварад. Дар даҳаи ахир ва ё чанд шаби охири мохи Рамазон бошад, мардум бо сузу гудоз ва бо шавқу шури имони ба ин моҳи баракат ва ҳамчунин бо намози таровеҳ ва барномаи хатми Куръони карим дар ин мох, хайру хуш менамоянд.
Тасбеҳи таровеҳ дар моҳи Рамазон
Субхона зи-л-мулки ва-л-малакут, субхона зи-л-изза-ти ва-л-ъазамати ва-л-қуд-рати ва-л-кибриёи ва-л-ҷа-барут, субхонал-маликил-хаййиллазй ло яному вало ямут.
Суббуҳун, кудду-сун раббуно ва раббу-л-ма-лоикати ва-р-рӯх,. Ло илохаиллаллоху, настағфирулло ха ва насъалука-л-ҷанната ва наъузу бики мина-н-нор.
Эълоуссунан, бахши сеюм, Тасбеҳи таровеҳи даҳаи ахири моҳи Рамазон Тасбеҳи таровеҳи даҳаи ахир
Субҳона-л-х,аннони-л-ман-нон, субҳона-л-малики-д-дай-ён, ал-маъруфи би-л-эҳсон ва-л-мавсуфи би-л-ғуфрон. Ал-вадоъ, алвадоъ, ё шаҳра Ра-мазон, алвадоъ, алвадоъ ё шаҳра-л-баракати ва-л-эхсон!.Алфироқ, алфироқ, ё шаҳра-т-таровиҳи ва-т-тасобиҳи ва хатми -Қуръон!.
Аввалуҳу рахматун ва авсатуху мағфи-ратун ва охируху ъиткун ми-на-н-нирон. Ло илоха иллал-лоху настағфируллоха ва нас-ъалука-л-ҷанната ва наъузу бика мина-н-нор.