Файласуфони исломӣ ҳадди ақал ба се даста тақсим мешаванд: файласуфони машшоъ \ перипатетикҳо\ ва файласуфони ишроқӣ ва аҳли ҳаюло. Сардафтари фалосифаи машшоия Абӯюсуф Яъқуб ибни Исҳоқ ал-Киндӣ (ваф.261 х.қ.)ва барҷастатарин симои он Шайхурраис Абӯалӣ Ибн Син(980-1037) ва сардафтари фалсафаи ишроқ Шайх Шаҳобуддин Сӯҳравардӣ ва намояндагони мактаби ҳаюло Ровандӣ ва Эроншаҳрӣ ба шумор мераванд.
Дар ҷаҳони ислом ба ғайр аз ин се равиш боз се равиши дигарро низ ба фалсафа нисбат медиҳанд, ки бо номи равишҳои ирфонӣ ва каломӣ ва исмоилӣ маъруфанд, ки қаблан дар фаслҳои пешин аз онҳо сухан гуфтем. Хулоса дар олами ислом ба ғайр аз мактабҳои фалсафию динӣ мактабҳои холису соф фалсафӣ низ ба вуҷуд омаданд ва дар пешрафти фалсафа нақши босазое гузоштаанд.[1]
Пайравони мактабҳои фалсафӣ дар қаламрави мамолики исломӣ ҳадди ақал ба чаҳор даста тақсим мешаванд: файласуфони машшоӣ Перипатетикҳо\ ва мактаби моддиву илҳодии «аҳли ҳаюло» фалсафи завқию ирфонии «ишроқ» ва ҳикма ти мута ъолия.
Аҳли ҳаюло (ё фалсафаи даҳрия) аз онҳое будаанд, ки равиши моддагароӣ ва илҳодӣ (инкори таълимоти динӣ) доштаанд ва пайравони он Абуҳаёни Тавҳидӣ, Ибни Ровандӣ (816/20-997/99) Абӯбакри Розӣ (865925) аз зумраи озодандешони замони худ будаанд.[2]
[1] Мо дар ин китоб барои пешгирӣ аз такрор ва сарфаҷӯӣ дар ҳаҷми китоб аз тафсили орову афкори файласуфони машшоӣ ва дигар мактабҳои соф фалсафӣ асрҳои миёнаи олами ислом худдорӣ намуда, хонандагони гиромиро тавсия ва ҳидоят мекунем, ки дар ин маврид ба таҳқиқи нисбатан муфассалу мукаммали Мӯсо Диноршоев дар китоби ёдшудаи «Очеркҳои таърихи фалсафа» ва китоби «Фалсафа» қисми 1 муроҷиат кунанд.
[2] Муфассал ниг.:М.Диноршоев., Фалсафаи замони феодализм. //дар китоби «Очеркҳои таърихи фалсафа. Душанбе: Дониш. 1982. –С.29-36.