Дар ибтидои асри ХХ пеш аз ҳама дар зери таъсири инкилоби рус дар Туркистон фаъолияти созмонҳои сиёсии буржуази фаъол гашт. Робитаҳои миллатчиёни буржуазии Туркистон бо Туркияи Усмони ҳанӯз дар охирҳои асри XIX сар шуда буд, ки дар он миллатчиёни тотор сахми калон доштанд. Равияҳои панисломи ва пантурки идеологияи асосии чавонтуркон буд. Пешвоёни чараёни панисломи таргиб мекарданд, ки давлатҳои исломи дар зери парчами ислом муттаҳид шаванд. Чараёни панисломи барои аз байн бурдани фарҳангу забони мардуми форсизабон хавфи чидди надошт, зеро забонҳои арабию форси якдигарро эътироф мекарданд.
Чараёни пантуркисти бошад бевосита барои фишор овардан ба забони форси, туркигардонии тамоми форсизабонон киш ба харч, медод.
Пешвои чавонтуркон Анварпошшо, Талъатпошшо, Чамолпошшо ва дигарон буданд. Онҳо акидаҳои пантуркиро дар байни халкдои соҳили Волга, Кавказ ва Осиёи Миёнаро таргиб намуда, онҳоро даъват менамуданд, ки дар зери парчами давлати Усмони муттаҳид шаванд. Ходими пантуркистон Зиё Гулаки рӯи рост иброз дошт, ки ватани туркон танҳо Туркияву Туркистон не, балки кишвари беканори Турон аст». (Ғафуров Б. Точикон. К.2.- С.257).
Соли 1909 дар Истамбул «Чамъияти Бухоро оид ба интишори дониш дар байни Ом» таъсис ёфт. Мақоми ин ташкилот дар паҳн намудани ғояҳои пантурки хеле зиёд аст. Ин чамъият дар таҳти назорат ва ҳимояи шӯъбаи маорифи партияи чавонтуркон «Иттиҳод ва тараки», ки роҳбари он доктор Нозим буд амал мекард.
Бо ташаббуси «Чамъияти Бухоро» аз Осиёи Миёна ба макотиби олии Истамбул садҳо нафар чавонон фиристода шуданд, ки онҳо баъди баргаштан ба Осиёи Миёна акидаҳои пантуркистиро таргиб мекарданд.
Дар бисёр мавридҳо ташвиқоти онҳо натичаи дилхоҳ доданд.
Дар зери таблиги ин чараён баъзан точикон ба форсизабон ва ориённажод будани худ шубҳа пайдо карданд. Мардуми Бухорову Туркистон то истилои Руссия ва пайдо шудани чараёни миллатгарои – пантуркизм худро аз ҷиҳати милли чудо намекарданд ва миллат гуфта таалуқоти дини- мазҳабии худро дар назар доштанд.
Пантуркизм таҳти ниқоби панисломизм амал мекард. Азбаски туркон сунни мазҳаб буданд ва аксари точикон низ ба ин мазҳаб мутааликанд, ба хотири ғояҳои исломи ва ягонагии мазҳаб ба зуди таҳти таъсири паисломизми турки меафтоданд.
Забони форси бошад, чун забони дин баробари забони араби шинохта мешуд. Ин забон забони давлати, забони дабистону мадраса, забони муоширати тамоми кавмҳои минтақаи васеъ аз уқёнуси Ҳинд то Кафкоз ва аз даштҳои Қазоқ то водии Қашқари Чин буд.
Маҳз дар зери таъсири пантуркизм кувваҳое миллатгарои пайдо шуданд, ки мақсадашон барангехтани ихтилофоти мазҳаби буд. Бо ҳамин роҳ дар байни қавмҳои эронинажод низои мазҳаби барангехтани шуданд. Ба ин кор мустамликадорони рус низ ҳавасманд буданд. Низое, ки мохи январи соли 1910 дар Бухоро байни мазҳаби шиаю сунни ба амал омад, мисол гуфтаҳои болоянд. «Як маъмури рус бо фармони генерал-губернатор дар беруни дарвозаи Бухоро идорае ташкил карда, шабу рӯз ба корҳои махфие машғул буд. Бо эрониёни Бухоро мусохиба карда, аз точикон эҳтиёт шуданро тавсия менамуд. Дар сӯҳбат бо точин онҳоро бовар мекунонд, ки эрониҳо ба муқобили шумо тайёри дида истодаанд» (Айни С. Таърихи инкилоби Бухоро. – С.89).
Чи тавре, ки маълум мешавад дар ин мочарои байни қавмҳои эронинажод саҳми идеологҳои пантурки хеле калон буд.
Миллатчиги ва миллатчиёни буржуази, ки идеологҳои асосии он пантуркистон буданд, дар таърихи халки точик саҳми муайяни манфи бозиданд.
Робитаи миллатчиёни буржуазии Туркистон ва Туркия ҳанӯз дар охири асри XIX сар шуда буд. Ин робитаҳо пас аз инкилоби соли 1908- уми чавонтуркон боз ҳам инкишоф ёфтанд. Пешвоёни чавонтуркон Анварпошшо,
Талъатпошшо, Чамолпошшо акидаҳои пантуркиро тарғиб намуда, мекӯшиданд, ки халкдои соҳили Волга, Кавказ, Закавказия ва Осиёи Миёнаро дар зери роҳбарияти Туркия ба як «давлати мусулмони» муттахид намоянд.
Ба мақсади амали кардани нияти худ (таъсис додани давлати «Туркони Кабир») пешвоёни чавонтуркон ба Осиёи Миёна ҷосусон ва эмиссарони худро мефиристоданд. Онҳо дар ин ҷо адабиёти лозимиро паҳн намуда, корҳои ташвиқоти мебурданд.
Соли 1909 дар Истамбул «Чамъияти Бухоро оид ба интишори дониши муфид дар байни ом» таъсис ёфт. Ин ҷамъият таҳти назорати махсуси шӯъбаи маорифи ҳизби ҷавонтуркон «Иттиҳод ва таравди» ва ходими намоёни он доктор Нозим амал мекунад.
Дар баробари ба Осиёи Миёна фиристодани ҷосусон, идеологҳои пантуркисти ба тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони Осиёи Миёна дивдати махсус медоданд. Соли 1910 мактабҳои олии Истамбул аз Осиёи Миёна кариб сад нафар донишҷӯй кабул карда буданд. (Ғафуров Б. Тоҷикон. Ч.2.- С. 258).
Яке аз сарварони намоён ва роҳбарони оявии ҷадидони Осиёи Миёна Мунавваркори Г.Абдурашидов буд. Вай дар нашрияҳои панисломия фаъолона ширкат намуда, китобҳо ва маҷалаҳои туркиро тарҷума ва нашр мекард. Чадидҳо дар шаҳрҳои Осиёи Миёна ташкилотҳои гуногуни «Имдоди Туркия» таъсис медоданд. Фаъолияти онҳо асосан ба суст намудани таъсири Россия ва баланд бардоштани нуфузи Туркия равона карда шуда буд.
Чадидон ва пайравони онҳо пантуркистон аз номи «тамоми мусулмонон» гап мезаданд. Лекин онҳо аз халки меҳнаткаш дур буда, манфиатҳои як гурӯҳи хурди буржуазияи миллиро ҳимоя мекарданду халос.
Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯрави намояндагони пантуркизм бо тамоми кувва кӯшиш мекарданд, ки ба таъсиси 4,умҳурии Тоҷикистон халал расонанд.
Намояндагони ин ҷараён – Анварпошшо, Таълатпошшо, Чалолпошшо ва дигарон буданд, ки онҳо халки мусулмони Осиёи Миёнаро ба муттаҳидшави бо давлати Туркияи «усмони» даъват менамуданд. Ходими намоёни пантуркизм Зиёгулкали буд. у нақшаҳои худро чунин иброз дошта буд: «…ватани туркони-на Туркияву Туркистон, балки кишвари абадзиндаи беканори Туронай». (Ғафуров Б. Тоҷикон. қ. 2.- С.257).
Дар даврае, ки забонҳои форси, араби бо ҳам мувофиқат мекарданд, ва яке дигареро эътироф мекард, ин чараён барои аз байн бурдани фарҳангу забони форсизабони Осиёи Миёна хавф надошт. Вале баъдтар чунин хавф зиёд шуд. Зеро ин чараён бевосита барои фишор овардан ба забони форси, туркигардонии тамоми форсизабонон кӯшиш мекард.
Тамоми ин кишҳои чудоиандозони, миллатгарои ва патуркист дар таърихи халки точик накши муайян бозиданд. Чунин кушишҳои чудои андози барои ташаккули миллати точик, ва ягонагии онҳо халал расонда, сабабҳои пайдо шудани хиссиёти маҳалгарои гардид, ки окибатҳои онро мо дар воқеъаҳои солҳои охир эҳсос намудем. Инчунин, фаъолияти миллатгарои дар вақти гузаронидани тақсимоти маъмури – территорияви накши муайян бозид.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …