Комиссияи тақсимот кори худро моҳи сентябри соли 1924 ба итмом расонда, ҳисоботи худро ба Бюрои Осиёи Миёнагии КМ РКП(б) супорид. Аз 15-16 сентябри соли 1924 барои барраси намудани масъалаи милли – ҳудуди сессияи фавкулоддаи КИМ Туркистон даъват карда шуд. 19 сентябри соли 1924 масъалаи тақсимоти милли- маъмуриро анчумани V-уми Бухорои дида баромад. Дар як вакт комиссия дар рохи муайян намудани сарҳади байни чумхуриҳо кори худро идома дод. Комиссияи Точикистони дар ҳайати И.Имомов, Ҳочираҳматуллоев ва А. Хочаев дар чаласаи худ 1 октябри соли 1924 пешниҳод карданд, ки аз Чумҳурии Бухоро ба Точикистон вилояти Сариосиё ва аз вилояти Самарқанд – нохияи Панчакент, Киштут, Фароб, Ургут, Уротеппа, Шахристон, Ғончи дода шавад.
Аз вилояти Фарғона, Конибодом, Исфара, Сох ва волостҳои дигар бояд мегузаштанд. Дар рафти муҳокима А.Ҳочибоев изҳор намуд, ки дар шароити ҳозира ба Точикистон ҳамроҳ кардани точини Фарона ба мақсад мувофиқ нест, зеро дар Бухорои Шарки, ки кисми асосии Точикистон мешавад, корҳои зиёдро ба сомон расондан лозим меояд.
А. Ҳочибоев бо ин акидааш ба душманони миллат луқма партофт. Дар оянда кисми асосии сарзамини точикнишин аз Точикистон берун монд.
Мувофики қарори комиссияи маъмури – милли дар заминаи ҷумхуриҳои халкии Бухоро ва Хева, Чумхурии Мухтори Туркистон ду Чумхурии этникии Туркманистон ва Узбекистон ва аз хисоби точикони Мастчоҳ ва ноҳияҳои Бухорои Шарки вилояти автономии (Мухтори) Точикистон дар ҳайати Узбекистон дар назар дошта шуд.
11-октябри соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ВКП масъалаи тақсимоти маъмуриро барраси намуда қарор дод, ки Точикистон ҳамчун вилояти Автономи не, балки Чумхурии автономии дар ҳайати Узбекистон ташкил карда шавад.
14 октябри соли 1924 иҷлосияи II КИМ Умумииттифоки қарори КИМ ЧХШС Туркистонро муҳокима намуда, ба халқи точик ҳуқуқ дод, ки Ҷумхурии Мухтори Шӯрави Сосиалистии худро ташкил диҳад.
26 октябри соли 1924 Пленуми КМРКП (б) масъалаи Милли- маъмурии Осиёи Миёнаро барраси намуд. 27 октябри соли 1924 иҷлосияи II КИМ умумииттифоқ қарорҳои сессияи КИМ – Туркистон ва Анчани V советҳои Бухоро дар бораи тақсимоти милли – маъмурии Осиёи Миёнаро тасдиқ намуд. Дар асоси қарори КИМ ЧШС дар Осиёи Миёна ЧШС Узбекистон, Туркманистон ва дар ҳайати Узбекистон Ч,МШС Точикистон, вилояти худмухтори Кароқалпокистон, Ч.МШС Каоқистон таъсис дода шуданд.
Ба ҳайати 4,умҳурии Мухтори сотсиалистии Точикистон вилоятҳои Душанбе, Қургонтеппа, Кӯлоб, Панчакент, Уротеппа, Ғарм, Ҳисор дохил шуданд. Аҳолии Точикистон мувофиқи маълумоти ба рӯйхатгирии соли 1924, 782 328 нафар, аз чумла точин 553 935 нафар, ӯзбекон -139813 нафар ва миллатҳои дигар 88590 нафар ташкил медоданд. Масоҳати ҷумҳури 135,6 ҳазор километри квадратиро ташкил дод. 2 январи соли 1925 Вилояти Мухтори Бадахшони кӯҳи ба ҳайати Точикистон ҳамроҳ карда шуд.
Ҳамин тавр қисмати зиёди мавзеҳои точикнишин аз чумла марказҳои тамаддуни точик, шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро аз чумҳури берун монданд.
Бо қарори КИМ Узбекистон ҳукумати инқилобии Точикистон 26 ноябри соли 1924 ташкил ёфт. Нусратулло Махсум-раиси ҳукумат, чонишини Раис Б.Додабоев, Р.Бобочонов ва аъзоёни ҳукумат А.Ёрмуҳамадов, С.М. Соколов, Ш.Шотемур дохил мешуданд. Пойтахти ҷумҳури – Душанбе интихоб карда шуд.
Таърихи ташаккул ва инкишофи давлати точикон дар давраи Шӯрави ба чор марҳила тақсим карда мешавад:
⦁ Аз ибтидои инқилоби Октябр то ташкил ёфтани Ч.МШС Точикистон (1917-1924);
⦁ Аз давраи ташкил ёфтани Ч.МШС Точикистон то ташкил ёфтани ЧШС Тикистон (солҳои 1924-1929);
⦁ Аз давраи ташкилёбии ЧШС Точикистон то сохибистиклол гардидани Чумхурии Точикистон (солҳои 1929-1991);
⦁ Аз соли 1991 то давраи муосир, истиклолияти Чумхурии Точикистон.
Ба тамоми махдудиятҳо ва норасогиҳо нигоҳ накарда тақсимоти милли – марказии Осиёи Миёна дар ҳаёти сиёсии халқи точик дигаргунии куллиро ба вучуд овард. Точикон пас аз ҳазор соли пароканда шудани давлати Сомониён тавонистанд, ки сохиби давлат шуда, номи точикро аз нав эҳё кунанд.
Тақсимоти милли-марзи ихтилофҳои миллиро аз байн бурда, барои рушду инкишофи иқтисодиёт, фарҳанг ва бунёди давлати милли замина гузошт.
Дар баробари ин дар гузаронидани тақсимоти милли- худуди ба камбудиҳои чидди роҳ дода шуданд. Бо сабабҳои гуногун аҳоли аз рафти ин воқеаҳо огоҳ нашуданд. Паст будани сатхи маданияти сиёсати шахрвандон, камшумор будани шумораи зиёиён, фаъолияти сусти ташкилотҳои хизби ба тақсимот таъсири манфи расонданд. Амалиёти пантуркистон ва он гурӯҳе, ки ба онҳо тарафдори мекарданд ба манфиатҳои миллии халки точик зарари калон расонд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …