Чуноне, ки пештар кайд карда шуд, ташаккул ва инкишофи давлати точин дар асри ХХ чор давраи таърихиро дар бар мегирад. Давраи чоруми он аз кабули қонуни дар бораи соҳибистиклолии чумҳури, аз соли 1991 сар мешавад.
Дар ибтидои солҳои 90-ум Иттиҳоди Шӯрави имконияти идора намудани ҷумҳуриҳои иттифокиро аз даст дод. Бинобар ин собиқ ҷумхуриҳои иттифоки паси ҳам соҳибистиклолии худро эълон намуда, роҳҳои гуногуни инкишофи мустақилонаро пеш гирифтанд. Дар баробари онҳо 4,умҳурии Тоҷикистон низ дар иҷлосияи II-уми Шӯрои Оли «Декларатс ия дар бораи соҳибистиклолии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикисон»-ро кабул намуд. 9- сентябри соли 1991 дар иҷлосияи айринавбатии Шӯрои Оли ба ин декларатсия таироту иловаҳо дохил карда шуда, «Эъломия дар бораи давлати мустакили Чумҳурии Тоҷикистон» кабул карда шуд.
Мустақилият барои Тоҷикистон дар шароите насиб гардид, ки ҷумхури ба он омода набуд. Мутахассисони ҳарби, сиёсатшиносони варзида ва дипломатхои соҳибмаълумот надоштем. Соҳибихтиёрии мо дар натиҷаи муборизаи халкҳои дигар, аз ҷумла халкҳои назди Балтика, Озариҳо, Гурҷиҳо, Украинҳо барои истиклолият ба даст дароварда шуд.
Халки тоҷик дар шароити ба даст даровардани озоди дорои умумияти иҷтимои чун марз набуд. Қисмҳои гуногуни марзи тоҷикон дар таърихи баъди давлатдории Сомониён ҷузъи давлатҳои бегона (Аморати Бухоро, хонигарии Қуқанд, Руссия, Афонистон) буд. Аз сабаби чунин парокандагии миёни тоҷикон ҳеҷ гуна умумияти иқтисоди ва этники ва манфиатҳои умумии марзи ба миён намомада буд. Дар Тоҷикистон инчунин ҳаёти ягонаи иктисоди набуд. Минтақаҳои ҷудогонаи Тоҷикистон дар фасли зимистон бо ҳам алоқа надоштанд. Тарзи зисту зиндагонии навоҳиҳои ҷудогонаи Тоҷикистон (ноҳияҳои кистон аз ҳамвориҳои ҷумҳури) аз якдигар фарқ мекард. Бесабаб нест, ки ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон шакли муборизаи қавмҳои маҳали гирифт. Дар замони Шӯрави ашрофон, амалдорони ҳар минтақа барои ҳукмрони дар ҷумҳури мубориза мебурданд. Сабаби дар сатҳи пасти таравдиёт карор доштани Тоҷикистон барои сар задани ҷанги шаҳрванди омили асоси буд. Қашшоқи, бекори ва набудани дурнамое барои беҳбудии вазъият, ба окибатҳои вазнин оварда расонад.
Дар рафти чанги шаҳрванди ба гурӯҳи очизи бунёдгарон шахсоне ҳамроҳ шуданд, ки ғояҳои қозиёт барояшон тамоман аҳамият надошт.
Сабабгори чанг онҳое буданд, ки орзӯи ҳукмрон шудан орзу доштанд.
Ба онҳо мутаасибоне, ки дар тамоми мамолики мусулмони мавчуданд, ҳамроҳ шуданд ва ба хулосае омаданд, ки замони ҳукмронии онҳо фаро расид. Акнун бояд аз рӯи шариат зиндаги огоз намуд.
Дар ин чараён тамоми мухолифони сохти коммунисти муттаҳид шуданд, гарчанд онҳо баъди галаба мақсаду тасаввуроти мухталиф доштанд. Онҳоро фақат як чиз вайрон кардани сохти чамъияти сотсиалисти муттаҳид намуд.
Таъсири бевоситаи Узбекистон, Эрон, Покистон, Арабистони Сауди ва Афғонистон низ ба чанги дохилии Точикистон хеле зиёд буд.
Мавчуд будани бокимондаҳои кавми-авлоди барои ба чанг кашидани минтақаҳои гуногуни Точикистон сабаб гардид.
Тамоми ин омилҳо сабаб шуданд, ки Чумҳурии
Точикистон нисбати дигар ҷумҳуриҳо фарк кунад.
Албатта барои сар шудани чанги шаҳрванди дар Точикистон ба гайр аз омилҳои дар боло нишон дода шуда, инчунин, мавқеи чугрофи – стратеги, геополитики давлатҳои хоричи низ сабаб шуд.
Фарқияти чанги дохилии Точикистон боз дар он буд, ки чанг ба доираи худ точикони минтақаи куҳистони чумҳуриро кашид.
Дар натичаи кушишҳои зиёди ҳукумат, ташкилот ва созмонҳои байналмилали, давлатҳои кафил, ақли солим боло гирифт ва сулҳ дар чумҳури баркарор карда шуд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …