Солҳои 20-уми асри ХХ дар Точикистон ташкилоти хизби ва созмонҳои чамъияти ба фаъолият сар карданд. Ҳанӯз инкилоби солҳои 1905-1907 аввалин гурухдои сотсиал – демократи дар нохияҳои шимолии Точикистон ташкил ёфта буданд. Барои ташкил ёфтании ҳибҳои комунисти ин гурухдо замина гузоштанд. Дар натичаи муттахид гаштани гурӯҳҳои сиёси ташкилоти нахустини болшевики дар охири соли 1917 дар нохияҳои Шимолии Точикистон пайдо шудаанд, ки он вакт 7- ташкилоти хизби 170-коммунистро муттаҳид мекард. Дар ин кор дар баробари болшевикони рус, Ч.Зокиров, Х.Усмонов ва дигар точин сахм гузоштанд. Соли 1921 комиссияи ҳарби – сиёси, ки ба он М.Дияков ва Ш.Шотемур роҳбари мекард, дар Помир ячейкаи хизбиро ташкил доданд. Баъди ғалабаи инкилоби Бухоро дар нохияҳои Маркази ва Чанубии Точикистон аввалин ташкилотҳои хизби ташкил ёфтанд. Аз болои тамоми ташкилотҳои хизбии Точикистон КМ ВКП(б) роҳбари мекард. 19-ми май соли 1922 органи намояндагони ваколатдори КМ ВКП(б) ташкил дода шуд, ки он то мохи октябри соли 1934 фаъолият кард.
Ба мақсади ташкил намудани ташкилоти хизби Ч,МШС Точикистон 6 декабри соли 1924 Бюрои Осиёи Миёнагии КМ ВКП(б) бюрои ташкилии ХК(б) Узбекистон дар Ч.МШС Точикистонро таъсис дод, ки ба он Ч.Имомов. М. Соколов, О.Окчурин, А.Алиев, Б.Додобоев, Ч.Зокиров, А.Путовский, В.Толпиго, Ш.Шотемур, А.Ёрмуҳаммадов дохил мешуданд.
Бюрои ташкили дар зарфи се сол фаъолияти худ корҳои зиёди сиёси-иқтисоди ва тарбиявиро ба анчом расонд барои даъват намудани конференсияи якуми вилоятии хизби Точикистон шароити фароҳам овард.
24-27 октябри соли 1927 Конференсияи якуми хизбии вилояти Точикистон шуда гузашт ва Комитети хизбии вилоятии Точикистонро ба расмият даровард.
25-ноябри соли 1929 ташкилоти вилоятии хизб ба хизби коммунистии (большевикони) Точикистон табдил дода шуд.
Анчани якуми муассисони ХК(б) Точикистон ки аз 6 то 15 июни соли 1930 дар Душанбе кори худро давом дод, таъсис ёфтани хизби коммунистии Точикистонро аз чиҳати ташкили ба расмият даровард. Он вакт дар сафи хизб 5358 нафар коммунистон шомил буданд. Баъди Анчуман пленуми КМ барпо гардид, ки Д.Ҳусейнов котиби якум, Ш.Шотемур котиби дуюми КМ ХК (б) Точикистон интихоб гардиданд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …