Главная / Илм / ТАШКИЛОТ ВА СОЗМОНҲОИ ДИГАРИ ҶАМЪИЯТИЮ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН

ТАШКИЛОТ ВА СОЗМОНҲОИ ДИГАРИ ҶАМЪИЯТИЮ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН

Дар баробари барпо шудани Ҳокимияти Шурави, хизби коммунисти дар байни чавонон корҳои тарбияви ва чорабиниҳои муфид мегузаронд. Барои пеш бурдани корҳои тарбияви созмонҳои чавонон ташкил ёфтанд. Дар Точикистон бори аввал соли 1918 ячейкаҳои комсомоли дар нохияҳои Шимоли ва баъди алабаи инкилоби Бухоро дар марказ ва чануби Точикистон низ ташкил ёфтанд. Дар Помир бори аввал соли 1923 дар Хоруғ ва деҳаи Поршнев ташкилотҳои комсомоли таъсис ёфтанд.
Аввалин комсомолон Ч.Зокиров, Ш.Хочаев, К.Баракаев, А.Салимзода, А.Ҳайдаров,М.Тошмуҳам мадов, М.Ҳочибоев, Б.Ҳамдамов дар ташкили созмони комсомолии Точикистон сахм гузоштанд.
Мохи декабри соли 1925 дар Душанбе конфернсияи якуми комсомолии Точикистон барпо гардид, ки ин рӯз ҳамчун рузи ташкилёбии комсомолии ҷумхури хисоб мешавад. Ҳамон сол 48 созмонҳои (ячейкаҳои) комсомоли 1288 нафар комсомолонро муттахид менамуд.
Мохи ноябри соли 1930 Анчумани якуми комсомолони Точикистон даъват карда шуд, ки дар он комитети Иттифоки Ленинии Коммунистии чавонон таъсис ёфт.
Комсомолии Точикистон дар шароити махсус ташкил ёфт. Дар чумҳури пеш аз инкилоб муносибатҳои иқтисодии то капиталисти ҳукмрон буда, синфи коргар вучуд надошт. Аксари чавонон бесавод буданд. Барои ҳамин дар сафҳои комсомол чавонони деҳот бартари доштанд. Дар Точикистон ячейкаҳои махсуси комсомолии духтарон ташкил карда шуданд. Таърихи комсомолии Точикистон ба таърихи чумхур алоқаманд аст. Комсомол дар барқарор ва мустахкам намудани Ҳокимияти Шӯрави, тарбияи маънавии чавонон, бунёди иктисодиёт саҳми калон гузошт.
Дар солҳои 20-30 50% муаллимони чумхуриро
комсомолон ташкил медоданд. Комсомолон дар саноаткунони ва сохтмони колхози фаъолона иштирок намуданд.
Дар солҳои 20-уми созмонҳои дигари наврасон ташкил ёфтанд. Бо қарори конференсияи 2-уми Умумииттифокии РКСМ мохи майи соли 1922 дар бораи созмон додани ташкилоти пионери қарор кабул карда шуд. Дар Точикистон аввалин отряди пионери соли 1923 дар шахри Хучанд ташкил ёфта буд. Бо қарори конференсияи якуми ЛКСМ дар Точикистон, мохи октябри соли 1925 ташкилоти пионери таъсис дода шуд.
Дар солҳои 20 як қатор ташкилотҳои оммави аз қабили Куи иттифоки касаба ташкил ёфтанд. Иттифоки Қушчи такягохи асоси давлат дар қишлоқ ба хисоб мерафт. Гап дар сари он буд, ки баъди хотима ёфтани чанги шахрванди масъалаи ҳарчи тезтар фош ва безарар гардонидани кувваҳои зидди Шӯрави бисёр мухим буд. Дар чунин мархила муттаҳид намудани камбаалон ва ба сохтмони ҳаёти нав чалб намудани онҳо дар мадди аввал меистод. Барои ҳамин «Куи» чун ташкилоти чамъияти-сиёси ба оммаи сокинони деҳот маълум ва наздик буд. Соли 1927 ойинномаи «Қушчи» кабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки вазифаи асосии ин ташкилоти чамъияти-сиёси аз он иборат аст, ки итифоки байни синфи коргар ва дехдононро мустахкам намуда, дехдонони миёнаҳолро ба сохтмони ҳаёти нав чалб намояд. Баъдтар иттифоки «Куи» ба иттифоки «Чуфтгарон» табдил дода шуд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222