Главная / Илм / ТАЪСИРИ ИНЦИЛОБИ ФЕВРАЛИ БА АМОРАТИ БУХОРО

ТАЪСИРИ ИНЦИЛОБИ ФЕВРАЛИ БА АМОРАТИ БУХОРО

Қисми зиёди халки точик дар каламрави аморати Бухоро зиндаги мекард ва аз ҳодисаҳои инкилобии соли 1917 дар канор монд. Амири Бухоро дар теллеграммаи худ ба генерал- губернатор ба муносибати «Хуши ба хуши ва ба тарики осоишта ба сохти нав гузаштани Туркистон мамнунияти самими»-и худро баён намуд. Агенти сиёси императори дар Бухоро бо қарори хукумати мувавдати резидентии Россия номида мешуд. Дар худи аморати Бухоро қариб ягон дигаргунии чузъи ба амал наомад. Аммо дар маҳалҳои руснишин вазъият тезу тунд гашт.
Ҳануз, 8-уми марти соли 1917 коргарони рохи оҳани станцияи Когон намоиши шашхазорнафара ташкил доданд. Мехнаткашон яроку аслиҳаи политсейҳоро кашида гирифта, маҳбусони сиёсиро озод карданд.
Дар шахрҳои Бухорои нав (Когон), Чорчу, Тирмиз, Қарши Советҳои депутатхои коргарону солдатҳо ташкил шуданд.
16 апрел ба эътирози партияи муросогар нигоҳ накарда, Советҳо ба намояндаи Ҳукумати мувавдати-резидент Миллер нобовари эълон кард ва дар охири апрел қарор бароварданд, ки аз болои фаъолияти Резидент назорат чори карда шавад. Дар як вакт сафхохи Советҳо аз созишкорон тоза карда шуданд.
Амири Бухоро мохияти Ҳукумати мувавдатиро фҳмида, кадре ором гашт. 10 марти соли 1917 амири Бухоро эътироф намуд, ки созишномаи соли 1868 байни Россия ва Бухоро минбаъд ҳам риоя карда шуда, Бухоро дар зери протекторати Россия хоҳад монд.
Бо маслиҳати Резидент 18-март амир лоиҳаи ислоҳотро кор карда баромад. «Манифест-и амир мухимтарин масъалаҳои сиёси ва иқтисодиро мебоист дар бар мегирифт. Аз чумла, идоракунии мамлакат дар асоси интихоби, таравдиёти саноати, чори кардани адолати ичтимои, ба тартиб даровардани андозҳо, кушодани матбаа ва масъалаҳои дигар дар «Манифест» мебоист халли худро меёфт. Рӯзи 8 апрел бахшида ба эълон кардани «ислоҳот» чадидон ва гурӯҳҳои дигар намоиш ташкил намуда, ба амир миннатдории худро баён карданд. Дар асли кор чадидҳо дар Бухоро барои гузаронидани ягон хел ислоҳоти асоси ҳаргиз намекӯшиданд. Онҳо ба амир талаботи қатъи пешниҳод накарданд ва тарафдори сохти идоракунии амири буданд. Фақат кӯшиш мекарданд, ки бо ёрии ҳукумати мувавдати дар системаи идоракунии баъзе ислоҳотҳо дароварда, иштироки намояндагони худро дар идоракуни таъмин намоянд. Ба ин мақсад намоиш ташкил карданд. Вале амир, ки аз ҳар гуна чамъомаду намоишҳо дар тарсу ваҳм буд, бо ёрии сарбозон ин намоишро паҳш намуда, аз баҳри ичрои ҳамаи ваъдаҳои бардуруаш гузашт. Ҳамин тавр манифест доир ба «ислоҳот» 14 апрел бекор карда шуд. Баъд аз намоиш хучуми кувваҳои иртичои бар зидди ҳама гуна амалиётҳои озодихоҳи пурзӯр гардид. Маҳбасхонаҳою канахонаҳои аморат пур аз маҳбусон шуданд. Унсурҳои демократи барои ёри ба комитети ичроияи Шӯрои депутатҳои коргарону солдатҳои Когон мурочиат карданд. Шӯро ба амир мактуб фиристода таъкид кард, ки ин бетартибиҳоро бас кунад. Баъд барои озод кардани маҳбусон бо розигии резидент Комитет аз Самарқанд ба Бухоро кушун фиристод. Баробари ба шаҳр даромадани аскарон маҳбусон аз бандихонаҳо озод шуданд.
Дар роҳи гузаронидани ислоҳот гурӯҳи чадидон бо роҳбарии Мунзим ва созмони чавонбухориён зери роҳбарии Файзулло Хучаев ва Абдуррауфи Фитрат саъю кӯшиш намуданд. Дар ибтидои соли 1917 ин ду гурӯх ба фиркаи ягонаи чавонбухориён мутахид шуданд, ки раиси он Мунзим интихоб гардид.
Ба ҳайати роҳбарияти он Абдуррауфи Фитрат, Файзулло Хучаев, Ахмадчон Хамди, Усмон Хочаев ва дигарон шомил буданд. Фирқа ба воситаи намояндаи Россия дар Бухоро Миллер ба амир дар бораи гузаронидани ислоҳот таъсир расонидани буд. Рӯзи 7-апрели соли 1917 чаласа дар бораи гузаронидани ислҳот фармони амирро хонданд. Мувофики он амир барои чори намудани тартибу низом, барҳам додани рафторҳои худсарона, ислоҳоти қозиҳона ва андозҳо, гузаронидани интихобот ва ташкили мачлис, чори намудани ҳисобу китоби харчу мадохили мамлакат, озодии матбуот ва кушодани чопхонаҳоро ваъда кард. Вале аз ин икдоми ғаразноки амир ҳамаи мардум огоҳ гардиданд.
Фармонро дар навбати аввал чавонбухориён гарму чушон кабул карданд. Рӯзи дигар ҳазорҳо нафар бо ҳисси каноатманди бо парчаму шиорҳо ба намоиши шукрона баромаданд. Вале амалдорон ва руҳониёни иртичои бар зидди ислоҳот баромада ба амир фишор оварданд.
Қори Ибод (яке аз рӯҳониён ) дар хонаҳои Девонбеги ва роҳбарони дигари аксулинкилоби дар чои дигар ба
гарданашон фута андохта бо нидоҳои зерин халкро мешурониданд: «Во шариато, во дино, во Куръон, эй
мусулмонхо дин аз даст рафт, шариат тамом шуд, акнун рӯи занҳоятонро мекушоянд, ба номуси занҳоятон тачовуз мекунанд, фарзандҳоятонро дар мактаби кофири
мехононанд. Эй аҳли имон, барои ҳифзи дин, имон ва шариат айрат кунед, ба казо ҳозир шавед! Чадидҳо байрок бардошта баромаданд. Чаноби олиро бекор мекунанд!» (Холиқзода А. Таърихи сиёси.- С.36).
Баъди чанде дар хонаҳои Девонбеги издихоми калоне чамъ шуда, бо шӯру гавго ба сӯи қасри подшоҳ равон шуданд. Онҳо бозорнишинҳоро мачбур карданд, ки дуконҳоро баста ба издихом ҳамроҳ шаванд. Балвогарон ба қароргоҳи амир рафта аз амалдорони ӯ супориши зарури гирифта ба назди Қушбеги рафтанд, ҳабсу қатли чадидонро талаб карданд.
Худи ҳамон шаб дар бораи бекор кардани фармон амир амр дод. Дар Бухоро рӯзҳои тира сар шуданд. Ҳар шахсеро, ки дар бораи ба чадидон ҳамроҳ гумонбар мешуд, чазо медоданд. Устод С.Айниро ҳам 75 дарра зада ба обхона партофтанд. Як қисми ислоҳотпарастон гурехта чони худро халос карданд. Садҳо нафар ба қатл расонда шуданд. Аз чумла баробари С.Айни Сирочиддин ҳам.
Ҳамин тавр якумин кӯшиши дар Бухоро ислоҳот ба вучуд овардан ба нокоми анчом ёфт. Аъзоёни боқимондаи созмони чавонбухориён дар хоричи Бухоро амалиёти худро давом доданд. Баҳсу мунозираҳои тӯлони бо он оварда расонд, ки ҳайати роҳбарияти он тагйирот, сохтори ташкилии он такмил дода шуд ва тирамоҳи соли 1917 барномаи тоза худро таҳия намуд.
Ин барнома нисбати сохти амири гузашт карданро дар назар дошта, ислоҳотҳои сиёсию ичтисоди ва ичтимоиро дар тахти назорати амир дар назар дошт.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222