Главная / Илм / Тавҳид чист ? – худошиносӣ!

Тавҳид чист ? – худошиносӣ!

Мувофиқи таълимот ва талаботи ислом имон ё худ эътиқод ба Худои воҳиду якто (Аллоҳ), ки холиқи тамоми мавҷудот ва молику ҳокими тамоми олам, Парвардигори замину осмон (Раббус- самовоти вал-арз) дониста мешавад, нахуст забонӣ ба воситаи гуфтани калимаи шаҳодат ва сипас қалбан тасдиқу қабул кардан ҳосил мегардад. Яъне имон аз тариқи иқрори забонӣ ва тасдиқи қалбии яктоӣ- ваҳдонияти Аллоҳ, рисолати Паёмбари ислом(с) ва маод (рӯзи охират) ҳосил мешавад. Ин ҷиҳати эътиқодии ислом бо соддагии худ ҷолиби таваҷҷӯҳ аст. Дар ҳақиқат ҳамин соддагии гаравиш ба ислом ва соддагии маросиму ибодатҳои он нисбат ба дигар динҳо яке аз сабабҳои зуд интишор ёфтанаш дар байни қабоили араб ва берун аз он гардид.

Имон зарурати шинохтани Худоро тақозо мекунад. Мувофиқи илоҳиёти исломӣ, ки асоси онро оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои Муҳаммад (с) ташкил мекунад, Худо яккаву ягона аст. Аз ин рӯ ислом дини тавҳидӣ (монотеистӣ) ба шумор меравад. Яктопарастии исломӣ, яктопарастии холис аст. Он комилан назар ба дигар динҳо аз олоишҳову боқимондаҳои ширк- бисёрхудоӣ (политеизм) пок шудааст. Ҳеҷ яке аз муассисони адёни бузург монанди Муҳаммад(с) ба тавҳиди қатъӣ ва босубот напардохтаанд ва дар ҳимояи он пофишорӣ накардаанд.

Тавҳиди исломӣ аз матну мазмуни сарчашмаҳои асосии он бидуни ҳеҷ гуна таъвил ва тафсир возеҳ ва равшан аст. Худованди ислом аз ҳама гуноҳ мегузарад, магар аз ширкяъне чизе ё касеро ба ваҳдат, азамат, кибриё ва қудрат ба Аллоҳ шарик донистан.

Дар Қуръон омадааст: “Қулҳуваал-лоҳу аҳад аллоҳус-самад. Ламялидва лам юлад ва лам якун лоҳу куффуван аҳа.д”(Қ._Ихлос: 1-3) яъне, “Бигӯ: “Вай Худои яктост, Худои ҷовид аст, на касе фарзанди У, на фарзанди касест ва хеҷ кас мисл ва ҳамтои У нест”. Маълум, ки дар дини насронӣ, ҳарчанд он ҳам дини тавҳидӣ- монотеистӣ аст, Худои ягона дар се сурат (иқнум): Худо Падар, Худо Писар, Рӯҳи Муқаддас зоҳир мешавад. Сураи зикршудаи қуръонӣ ва бисёр дигар оятҳои ба он монанд маҳз ба муқобили чунин тасаввуротҳои насронӣ ва динҳои бутпарастӣ равона шудааст. Хулоса, Худо дар ислом аз ҳама гуна шабоҳатҳои антропоморфии зоҳирӣ пок карда шудааст. Худоро дар ҳеҷ шакле тасаввур кардан мумкин нест. Вақто ки гуфта мешавад, Худо мебинад, мешунавад, мегӯяд, дар аршу курси менишинад ҳама истиъорӣ мебошад. Тасаввур кардан он, ки Худо мисли инсон забону даҳон гӯшу чашм ва ғайра дорад мушрикист ва он гуноҳи сахтест дар ислом. “Иннаал-лоҳа ло ягфара манюшрук биҳи”. Ҳамоно Худо касеро, ки ба ӯ шарик сохта намебахшад” ( Қ.4:116). Чунин оятҳо дар Қуръон зиёданд.

Дар таърихи илоҳиёти ислом байни фирқаҳои гуногун чун: сифотиён, ҷабария ва қадария, мӯътазила, ашъария ва салафия дар атрофи ин мавзӯъ баҳсу ҷадалҳои зиёде ба вуҷуд омадаанд. Дар натиҷаи ин баҳсҳо нисбат ба ин мавзӯъ ду ҷараёни ғайри ортодоксалии ифротӣ ба вуҷуд омадаанд, ки яке аҳли ташбех далолат ба монандии “Аллох” ба инсон мекарданд, яъне ба истилоҳи имрӯза антропоморфистҳо буданд ва дигаре аҳли т а ъ т и л Аллоҳро бе сифоту беҳувият, яъне бидуни атрибут медонистанд.

Ҳамин тавр мувофиқи таълимоти ислом Худо ба ҳеҷ яке аз мавҷудоти моддӣ шабоҳат надорад ва зоти Худо асрори ғайбист, вале барои инсон дидани вай имконнопазир нест. “Диди Худо яъне маърифат ба зоти муқаддаси ӯ,-мегӯяд Аббос Меҳрин (Шуштарӣ),-барои башар номумкин аст, вале бо мутолиа ва тафаккур ва тааммул дар саноеъ ва махлуқоти ӯ, мумкин аст вуҷуди ӯро эҳсос кард.”(Аббос Меҳрин ( Шуштарӣ). Омӯзиши ислом ё хулосаи таълимоти ислом. Теҳрон. 1354.42) . Яъне инсон худоро танҳ аз осори санъати ӯ мешиносад.

Худо дар ислом дорои номҳо-асмоъ ва сифоти зиёдест. Худо фард, таъоло (олимартаба, олимақом), азалӣ, мавҷуд қабл аз мавҷудот ва қоим ба зот, олим, қодир, қаҳҳор ва ҷаббор аст.

Худованд дар ислом дорои с и ф о т и с а б у т ӣ ( тасдиқӣ, мусбат) ва с и ф о т и с а л б ӣ ( инкорӣ, манфӣ) аст. Худованд дорои даҳ сифат аст, ҳаштои он сабутӣ ва дутои он салбӣ. Сифоти сабутии Аллоҳ инҳоянд: Худои Таъоло олим аст, яъне доно аст, зинда-ҳай аст, яъне ҳаргиз намирад, Кодир аст, яъне тавоност; шунавост на ба гӯш; биност на ба чашм; гӯёст на ба забон; иродат дорад яъне ҳар чизро хост карда ва бихоҳад бикунад; таквин-офаридгор , ба вуҷудорандаи ҳама чиз ҳаст аз нестӣ ба ҳастӣ, офаридгори ҳамаи олам аст бо сифати таквинии худ.

Аммо он ду, ки салбӣ аст: аввал он, ки Аллоҳ таъоло бе айб аст, айб надорад, дуввум он ки Аллоҳу таъоло шарик надорад.

Ба ғйр аз сифоти номбурда дар Қуръон Худо як исми зот ва наваду нӯҳ исми сифотӣ дорад. Лафзи ” Аллоҳ” исми зот аст. Исмҳои сифотӣ аз ҷумла инҳоянд: Аҳад (якто),Ҳай (зинда), Олим (доно), Қодир (тавоно), Самеъ (шунаво), Басир (бино), Холиқ (офаридгор), Розиқ (рӯзидиҳанда), Ғафур (афкунанда), Раҳмон (бахшанда), Раҳим (меҳрубон) ва ғайра ҷамъан 99 ном аст.

Ногуфта намонад, ки Аллоҳ ҳарчанд дар сурат ба инсон, мисли динҳои дигар шабеҳ нест, вале дар баъзе сифот бо инсон як аст, чун ки рӯҳи илоҳӣ дар инсон дамида шудааст. Масалан, инсон худ офаридгор аст, худо низ холиқу офаридгор, инсон худ раҳим-меҳрубон аст Павардигор низ раҳим, инсон худ олиму ҳакиму закӣ аст, Парвардигор низ ин сифотро дорад. Ҳамин тавр аксари исмҳои сифотии Худо ё он сифотест, ки инсон дорад ё надорад вале мехоҳад, ки дорои он бошад, мисли ҳай (абадият), Қудрати беинтиҳо ва ғайра. Аз нигоҳи илоҳиёти ислом ин умумият, чунон ки гуфтем, аз он аст, ки Парвардигор ба инсон рӯҳи худро дамидааст ва аз ин тариқ инсон дорои баъзе сифоти илоҳӣ вале ба нисбати камтар аст.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222