Главная / Илм / ТАВРОТ ВА АСЛИ ТАЪЛИМОТИ ЯҲУДИЯ

ТАВРОТ ВА АСЛИ ТАЪЛИМОТИ ЯҲУДИЯ

Сарчашмаҳои яҳудияро ҳадди ақал метавон ба ду давра тақсим кард. Давраи аввал сарчашмаҳоест, ки дар заминаи соф яҳудӣ, дини мӯсавӣ ба вуҷуд омада, ташаккул ёфтаанд. Навиштаҷоти муқаддас (Сфарим)и ин давра дар навишти кӯтоҳи ибронӣ чун Танах маълум аст, ба он пеш аз ҳама Таврот -«Панҷкитоб»-и Мӯсо: китобҳои «Ҳастй (Бытие)», «Хуруҷ (Исход) », «Левит» (Левит) », «Ададҳо (Чисел) » ва «Такрори шариат (Второзаконие) », ва 21 китоби анбиё (Невеим), ки хусусияти динию сиёсӣ ва таърихию тақвимӣхронологӣ доранд ва 13 китоби (Кэтувим) жанрҳои мухталифи динӣ дошта шомиланд.

tavrotҚисмати аз ҳама қадими Танах ба асри X т.м. тааллуқ дорад. Ин қисмат дар ҳудуди соли 444 т.м. сабти хаттӣ ёфтааст. Корҳо оид ба тартиб додани матни қонунишудаи Навиштаҷоти муқаддас дар асрҳои 111-11 т.м. ба анҷом расида буд.[1]

Сарчашмаи қадимтарин «Панҷкитоб»-и Мӯсо аст, ки дар китоби аввали он асоси назарияи комсомологии яҳудиён (пайдоиши олам, ва сохтмони коинот, пайдоиши инсон ва таърихи ибтидоии устуравии бани Одам) баён шудааст, дар китоби дуюм ва сеюм рисолати Мӯсо ва ваҳй ё авомири Яҳва ба бани Исроил, ки ба Мӯсо нозил шудааст ва ду китоби баъдӣ низ дорои дастурот мазҳабӣ ва ахбори таърихии бани Исроил баъд ва ҳаводиси хуруҷ аз Миср мебошанд.

Дигаре аз сарчашмаҳои муҳимми дини яҳудия Мирдаш-Галах-тафсирҳои Таврот, Мишнамаҷмӯи қонунҳо ва муқарароти яҳудия ва Талмуд– шарҳҳои амалӣ ба матни Мишна мебошанд, ки ҳудуди асрҳои 2-5 м. комилан такомул ва тадвин шудаанд. Талмуд дар аввал ҳамчун суннати шифоҳӣ ва дар асри 3 м. ба шакли китобат гирдовари шудааст. Чунон ки дар боло гуфта шуд, дар Таврот тасаввурот дар бораи ҳаёти ондунёвӣ вуҷуд надорад, вале дар Талмуд ба ин таълимот аҳамияти фавқулодда дода шудааст. Дар он оид ба қиёмат -рӯзи маъшар (явмул-ҳисоб) ва мукофоти амал ва ғайра муфассал маълумот дода шудааст. Ва чунон ки гуфта шуд, ин тасаввурот дар заминаи таъсири дини зардуштия ба вуҷуд омадаанд. Ду варианти Талмуд мавҷуд аст, ки яке бобулӣ ва дигаре фаластинӣ мебошанд. Дар Талмуд дастуроти асосии маросимию шаръии яҳудия инъикос ёфтааст, дар он 248 фармоиш (амри маъруф) ва 365 муҳаррамот (наҳий аз мункар) мавҷуд аст.

Чунон ки дар ибтидо гуфтем, дини яҳудия тавҳидӣ мебошад, яъне таълимоти онро боварӣ ба вуҷуди Худои ягона ташкил мекунад.

Худои ягона Яҳво (Иегова) ва Саваоф ном дорад. Вале дар ибтидо, чунон ки аз мазмуну мундариҷаи Панҷкитоби Мӯсо истинбот мешавад, ҳанӯз эътиқод ба тавҳиди холис вуҷуд надоштааст. Худои яҳудиён дар Таврот дорои фарзандон аст ё худ дар баробари ӯ худоёни дигар ва вуҷуди худои миллатҳои дигар рад карда нашудаанд.

Аз боби мисол дар Таврот чунин мехонем: «Вақто ки дар рӯи замин одамон зиёд шудан гирифтанд ва аз онҳо духтарон таваллуд шуданд, он гоҳ писарони Худованд диданд, ки духтарони одамзод хушрӯянд, ҳар як кадомеро , ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣмегирифтанд.» / Ҳастӣ.6:1-2/; ё худ «Ва бигӯ фиръавнро: Худованд чунин мегӯяд: Исроил писари нахустзодаи Ман аст» / Хуруҷ. 4: 22/.

Дар Панҷкитоби Мӯсо ҳарчанд борҳо даъват шудааст, ки ба худоёни дигар ибодат накунанд \Хуруҷ. 23:13, 24,32,33\ва барои худ худои рехта (буттаҳо) масозад, вале дар ҳеҷ ҷо формули «нест худое ба ҷуз Яҳво» ба чашм намерасад. Баръакс, дар он аз Яҳво ҳамчун «Худои худоён ва Худованди худовандон»\Так. шари. 10:17\ чун дар анҷумани худоёни юнонӣ ёд шудааст. Хулоса, масъалаи яктоӣ (аҳадият ва ваҳдонияти)-и Худои таъоло дар Таврот мавриди таъкид ва баҳси ҷиддӣ қарор нагирифтааст. Яҳво дар Таврот камтар дар бораи ягонагии худ гап мезанад.

Яҳво танҳо худои миллати яҳуд аст, ӯ худро чун худои тамоми инсоният, худои олам эълон намекунад. Ӯ ба Мӯсо мегӯяд: «Ман Худои падари ту, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яқубам». Мӯсо ба Фиръавн мегӯяд: «Худованд Худои ибриён, маро назди ту фиристода.» /Хуруҷ.7:16/. Ин худ гувоҳии он аст, ки ҳарчанд пайравони дини мӯсовӣ ба як Худо ( худои холиқ, қаҳҳор ва интиқомгир, худои ҷаббор ва мӯъҷизаофарин) боварӣ доштанд, вале ин маънии инкори вуҷуди худоёни дигар ё худои халқҳои дигарро надоштааст. Этиқоди яҳудиён дар ин давра, на монотеистӣ, балки генотеистӣ мебошад. Генотеизм (ё энотеистӣ) як шакли бисёрхудоӣ аст, ки вуҷуди худоёни дигарро инкор намекунад, вале як худоро аз байни онҳо ҳамчун худои асосии худ интихоб мекунад.

Ғайр аз ин дар «Панҷкитоб»-и Мӯсо ҳеҷ гуна ишорае дар мавриди ҳаёти пасазмаргӣ нест ва ҳеҷ гуна ваъдаву ваъиде дар мавриди ҳаёти он дунё дода нашудааст. Тамоми таҳдидҳо ва ваъдаи мукофоти амал, ки аз Яҳвост, ба зиндагии воқеии заминии яҳудиён тааллуқ дорад.

Бани Исроил тибқи Таврот халқи баргузидаи Яҳво мебошанд, вале бо вуҷуди ин Худо дар ҳангоми риоя накардани авомири Ӯ бе тараҳҳум онҳоро ҷазо медиҳанд ва ҳар гуна балоҳоро бар сарашон мефиристад.

Муҳимтарин аҳкоме ки дар Таврот, китоб «Хуруҷ» боби 20 омадаанд, аҳкоми даҳгонаи (илоҳӣ) ба Мӯсо мебошанд:

  • (2) « Ман Парвардигори туам, ки туро ( бани Исроил) аз сарзамини Миср. аз хонаи гуломй берун овардам.

2(3) Туро худоёни дигаре ҷуз Маннабояд бошад.(4). Бароихуд бутматарошва ҳеҷ гуна тасвире аз он чй дар осмони аъло ва он чй дар каъри замин ва дар обҳои зери заминаст, макаш. (5) Ба онҳо саҷда набарва онҳоро ибодатмакун:

3(7) Номи парвардигоратро беҳуда ба забон магир. Чунки Парвардигор касеро, ки беҳуда исми Уро ба забонмеорад, беҷазо нахоҳадгузошт.

4(8) Рӯзи шанберо фаромӯш макун, то онро мукаддас донй(9) Шаш рӯз кор кун ва ҳар коре, ки дорй анҷом деҳ.(10). Вале рӯзи ҳафтум -шанбе рӯзи Худованд- Худои туст: дар он ҳеҷ коре накун, на писари ту, на духтари ту, на гуломи ту, на ҳайвони ту, на мусофири ту, ки дар хонаи ту аст.(11). Чунки дар зарфи шаш рӯз Парвардигор осмон ва замин, баҳр ва ҳар чй дар он аст офарид: ва дар рӯзи ҳафтум ором гирифт. Бино бар ин Худованд рӯзи шанберо муборак хонд ва онро мукаддас намуд.

  • (12). Падару модари худро иззат намо, то умри ту бар замине, киХудованд- Худо додааст дароз шавад.
  • (13) Одам макуш.
  • (14) Зино макун
  • (15). Дуздй макун.
  • (16) Дар ҳакки ёрони худ шаҳодати дурӯг мадеҳ.
  • (17) Хонаи ёри худро тамаъ накун: зани ёри худ, на бандаиӯро, на канизиӯро, на хариӯро ҳеҷ чиз аз чизи наздикони худ талабнакун.»- Инҳоянд он даҳ аҳкоми асосии илоҳй, ки ба Мӯсо нозил шудаанд.

[1]  Основы религиоведения: Учеб/ Ю.Ф. Борунков, И.Н. Яблоков,К., Никонов и др., М.: Высш. шк.,1998.-С.133.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222