Главная / Илм / ТОҶИКИСТОН ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИКЛОЛ

ТОҶИКИСТОН ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИКЛОЛ

Точикистон бо хусусиятҳои ба худ хос дар байни чумҳуриҳои давлати Шӯрави фарк мекард. Бояд иброз дошт, ки дар ҷумҳури чараёни барои озоди муборизабаранда вучуд надошт. Дар чамъияти сотсиалисти барои пайдоиши чунин кувваҳо замина ҳам набуд. Чунин ҳаракатҳо танҳо пас аз бозсозии Горбачеви пайдо шудан гирифтанд. Аммо ин кувваҳо барои гузаронидани тагироти кули тайёр набуданд, чуноне, ки дар ҷумҳуриҳои назди Балтика, Украина, Гурчитон, Арманистон дида мешуд, дар Точикистон чунин ашхоси муайян ба назар намерасид.
Дар Осиёи Миёна нисбат ба дигар ҷумҳуриҳо миллати бедортар ва худшинохта Чумҳурии Узбекистон буд. Роҳбари чумҳури Ш.Рашидов дар тӯли солҳои дароз бо сиёсати худ тавонист, ки ба роҳбарияти марказ наздик шуда, иктидори иктисодии ҷумҳуриро баланд бардошт.
Точикистон чумҳурии аз ҳама хомӯш ва гапдаро буд. Ҳар он икдоме, ки аз марказ гузаронида мешуд, дар Точикистон даррав амали мегашт.
Аз ин сабаб ҳаракатҳои озодандеши дар Точикистон дар зери таъсири равандҳои озодфикрии Руссия ва дигар ҷумҳуриҳо ба вучуд омад. Барои ҳамин дар Точикистон бар хилофи ҷумҳуриҳои дигар анъанаҳои демократи вучуд надоштанд.
Аввалин ҳаракатҳои озодандеши дар Точикистон 22- феврали соли 1989 дар мавзӯи мавқеи забони форси точики ва анъанаҳои милли ба вучуд омад. Гирдиҳамомадагони ш.Душанбе талаб менамуданд, ки ба забони точики мақоми давлати дода шавад. Чунин чамъомадҳо дар дигар шаҳру навоҳии Точикистон низ шуда гузаштанд. Дар натича сесияи Шӯрои Олии Точикистон 22-июли соли 1989 қонуни забонро қабул намуд.
Дар давраи тайёри ба интихоботи Шӯрои Олии ИЧШС баҳори соли 1989 чомеаро ҳаракати озодихохи фаро гирифт. Бори аввал барои гирифтани мандати вакили байни чандин нафар номзадҳо мубориза сар шуд. Кувваҳои бо ном демократи дар атрофи номзадии хабарнигори мачаллаи «Правда» О-Латифи муттаҳид гаштанд.
Дар айни шу хурушҳои сиёси дар шаҳру ноҳияҳои чумҳури созмонҳои мардуми ташкил ёфтанд.
Чунин созмонҳо дар Уротеппа ва Конибодом ба номи «Ваҳдат», дар Кӯлоб бо номи «Ошкоро» ва дар ш.Душанбе аз моҳи феврали соли 1989 бо номи «Маърифат» созмон дода шуданд.
Моҳи май соли 1989 маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ» ташкил ёфт. Ин маҳфил дар шаҳрҳои Норак, Кӯлоб, Кофарниҳону Ашт ва дигар ноҳияҳои чумҳури филиалҳои худро дошт. Онҳо ҳадафи асосии худро муҳокима ва ҳалли проблемаҳои иктисоди, фарҳанги ва сиёси карор доданд. Бояд зикр кард, ки аз сабаби паст будани маданияти сиёси рафти муҳокимарониҳо аъзоёни ин маҳфил ба ягон хулосаи умуми омада натавонистанд. Аз тарафи дигар дар ин маҳфилҳо ҳангоматалабон ширкат карда баҳсро ба ниқобгири табдил медоданд.
Бояд қайд кард, ки аз сабаби паст будани маданияти сиёси, мавчуд набудан умумияти ичтимои, ҳаёти ягонаи иктисоди, баланд будани ҳиссиёти маҳалгарои ва омилҳои дигар тамоми ин созмонҳои ба ном мардуми ва азҳобҳои дигаре, ки баъдтар ташкил ёфтанд ба чои беҳбуди дар чумҳури мардумро ба қавму кабоил дар асоси маҳалҳо тақсим карданд, ки ин боиси сар задании чанги шаҳрванди гашт.
Замони бозсози дар ҷумҳури ҳизбу чунбишҳо ташкил ёфтанд. Аввалин чунбиш бо номи «Растохез» 15-сентябри соли 1989 ташкил ёфт.
Ойиннома ва барномаи «Растохез» кабул гардид, ки дар он ба фикри созмондиҳандагони он роҳҳои аз буҳрони сиёси ва иқтисоди баромадан нишон дода шуда буд. Чунончи мубориза ба муқобили системаи мавчуда (бюрократии маъмури, фармондиҳи), консепсияи Мустакилияти иктисоди, ташкил намудани хазинаи арзҳои ҷумхури, бонки милли ва ғайра дар назар дошта шуд.
Созмони «Растохез» дар интихоботи Шӯрои Олии Тоҷикистон, фаъолона иштирок намуда, барои ҳокимият мубориза мебурд. Лекин чи тавре, ки баъдтар маълум шуд созмони «Растохез» дар ҳодисаҳои хунини ҷумҳури ширкат дошт ва дар назди интихобкунандагон мақсадҳои ниҳони он равшан гардид.
12-феврали соли 1990 дар пойтахти ҷумхури дар бинои КМ ХК Тоҷикистон чандсад нафар ҷамъ омада, нисбати кабул кардани гурезаҳои армани эътироз баён карданд. Баъдтар дар рафти гирдиҳамои ба бетартиби ва орату оташзани даст заданд.
Ин аввалин ҳодисаи нохуш дар ҷумхури буд, ки аз тарафи кувваҳои иртиҷои дастгири ёфт.
Равандҳои дигаргунсози дар дигар ҷумхуриҳои ба ҳаёти сиёсии Тоҷикистон бе таъсир намонд. Мохи апрели соли 1990 Шӯрои Оли конун дар бораи бекор кардани мақоми роҳбарикунандаи хизби коммунисти дар системаи сиёсии ҷумхури кабул намуд.
Баъдтар Шӯрои Олии Тоҷикистон ду конун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъияти ва воситаҳои ахбори умумро кабул кард.
Мувофики онҳо дар ҷумхури созмону хизбҳои сиёсии гуногун дар доираи конуни асосии ҷумхури амал карда метавонистанд.
Ҳамчунин шахсони алохида метавонистанд рузномаҳо бароранд ва аз дигар системаҳои ахбори умум истифода баранд.
Чи тавре, ки маълум аст, Тоҷикистон дар 74-соли мавҷудияти иттиҳоди Шӯрави як кисми таркибии ин давлат буд ва дар ҷумҳури системаи як хизби ҷори буд. Дар авали солҳои 90-уми карни ХХ дар ҷумхури даҳо хизбҳои сиёси пайдо шуданд.
Дар ташаккули системаи бисёрхизби қонуни Чумхурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъияти дар Тоҷикистон» ва «Дар бораи хизбҳои сиёси» (декабри соли 1990) мусоидат намуд.
Дар ҷумхури пас аз гузаштани мавчи хизбсозихо маъракаи ташкил намудани созмонхои гуногун хусусияти махали дошта вусъат ёфт. Ташабускори ташкил шудани чунин созмонхо асосан онхое буданд, ки дар вақташ аз мансаб дур шуда буданд. Аз ин рӯ онхо мехостанд, ки ба созмонхои махали худ такя карда, ба арсаи сиёсат бароянд. Аввалин шуда созмонхои чамъияти сиёсии «Лаъли Бадахшон» ва «Мехри Хатлон» ташкил ёфтанд. Дар давоми солхои 1991-1992 боз созмони <(Ҳамдилон»-и сокинони вилояти Ленинободро фаро гирифт. Чунин созмонхо байни ахолии водии Каротегин, Истаравшан, Зарафшон низ ташкил ёфтанд. Ташкил ёфтани ин созмонхо, ки дар асоси принсипи махалгарои асос ёфта буд ба вахдати милли мусоидат накарданд. Балки чудоиандозию махалгароиро ба вучуд оварда, сабабгори чанги дохили шуданд.
Мутаасифона, дар чунин шароити барои чумхури хассос кормандони давлати ва куввахои низоми низ ба чои химояи манфиатхои умуми милли ба гуруххои махали-қавми авлоди тақсим шуда, мардуми кишварро ба ду лангари муқобил чудо карданд.
Системаи бисёр хизби дар мамлакатхое ташакул меёбад, ки дар он чо шаклхои гуногуни моликият ва гуногунандеши зиёдтар инкишоф ёфтааст. Зеро хислати мухимтарини хизбхо аз дигар ташкилотхои оммави дар он аст, ки структураи ташкили дорад ва принсипу мақсадхои ошкоро дар барнома ва оинномахояшон аник муайян карда шудааст. Яъне хизб ин ташкилоти сиёсии ғайри давлатии гурухи одамон буда, мақсади асосии он мубориза барои ба даст овардани хокимияти сиёси мебошад. Ҳизбхо барои амали намудани мақсадхои худ панч, вазифаро ичро мекунанд: Ичтимои, идеологи, сиёси, идоракуни ва электорали (интихобкунанда).
Ҳизбхо аз чихати характери худ ба хизбхои кадри ва оммави, аз руи рафтор дар чомеъа ба демократи, тоталитари, аз рӯи мақом дар системаи сиёси ба хизбхои хукмрон, мухолифин, аз рӯи акида ва характери инкишофи чомеъа ба хизбхои эволютсиони, ислохотчиги, инкилоби, радикали, аз рӯи равия идеология ба хизбхои рост (консервативи, либерали) ва гап (сотсиалисти, коммунисти ва ғайра) тақсим мешаванд.
Нисбати хизбҳои дигар хизбҳои радикали хусусияти хос доранд. Фарқияти хизбҳои радикали дар он аст, ки онхо гузарондани тағйироти куллиро дар тамоми соҳаҳои ҳайёти чамъияти пеш мегиранд. Барои амали гардонидани вазифаҳои дар пеш истода аз тамоми воситаҳо ба монанди суиқасд, куштор, репрессия, таркиш, сухтор, гаравгонгирии одамон ва айра истифода мебаранд. Ин ҳизбҳо вазъиятро тезу тунд гардонда бо шиори «касе бо мо нест вай зидди мост» амал мекунанд.
Пайдоиш ва инкишофи ҳибҳои сиёсии Точикитсон аз солҳои 90-ум сар шуда ду давраро дар бар мегирад:
⦁ Ин давра баъди Анчумани III-депутатҳои халкии Иттиҳоди Шурави (марти соли 1990), ки моддаи 6-уми Конститутсияи Иттиҳоди Шурави дар бораи роли пешбарандагии хизби коммунистии Иттиҳоди Шурави бекор карда шуд, сар мешавад. Дар ин давра аввалин хизб, хизби демократии Точикистон 10-авгути соли 1990 таъсис ёфт, ки онро Вазорати адлияи Чумхурии Шуравии Точикистон 21- июн ба қайд гирифт. Азбаски дар ҳодисаҳои солҳои чанги шахрванди шарик будани хизби Демократии Точикистон исбот шуд, бо қарори Суди Олии Ҷумхурии Точикистон аз 21-июни соли 1993 фаъолияти он қатъ гардид. Мохи июни соли 1993 дар Афонистон Иттиҳодияи муттахидаи мухолифин ташкил карда шуд, ки хизби демократии Точикистон ва хизби наҳзати ислом ба он дохил шуданд.
Ҳизби Наҳзати Ислом 6-октябри соли 1990 ба сифати шуъбаи хизби умумииттифокии наҳзати Ислом ташкил карда шуд. Баъди ба даст омадани истиқлолияти милли Точикистон вазорати адлияи Точикистон Ҳизби Наҳзати Исломро ҳамчун ташкилоти ҷумҳурияви 4-декабри соли 1991 ба кайд гирифт.
⦁ Давраи дуюми ҳизбҳои сиёси дар Точикистон аз соли 1993 сар шуд. Мохи июни соли 1993 Президиуми суди олии Чумхурии Точикистон фаъолияти хизби Наҳзати Исломро барои вайрон кардани Конститутсия ва қонун дар бораи Иттиҳодияҳои чамъияти манъ кард. Вале 12-авгути соли 1999 Президиуми суди Олии Чумҳурии Точикистон ин қарорро бекор намуда, ҳизби Наҳзати Ислом аз нав ба фаъолият сар кард.
Ҳизби Коммунисти Точикистон як қисми таркибии ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯрави буд. Азбаски дар Руссия баъди воқеъаҳои августи (ГКЧП) фаъолияти ҳизби коммунисти қатъ гардид. 4-сентябри соли 1991 бо қарори пленуми Комитети Марказии ҳизби Коммунистии Точикистон, аз ҳайати ХКИЧШ баромада, ҳизби мустақил эълон карда шуд.
Вазорати адлияи Чумҳурии Точикистон 17-марти соли 1992 ҳизби Коммунистии Точикистонро ба қайд гирифт.
Баъди сессияи XVI Шӯрои Олии Чумҳурии Точикистон дар ҷумҳури як қатор ҳизбҳои сиёси ташкил ёфтанд.
Аввали соли 1993 ҳизби Халқии Точикистон ташкил ёфт. Аз моҳи июли соли 1997 ин ҳизби Халқи Демократии Точикистон ном гирифт. Моҳи ноябри соли 1995 ҳизби Адолатхоҳи Точикистон ташкил ёфт. Моҳи июни соли 1996 бошад, ҳизби Сотсиалистии Точикистон таъсис карда шуд.
Моҳи декабри соли 1994 дар шаҳри Алма-Ато анчумани фавқуллода ҳизби Демократи баргузор гардид. Дар натичаи ихтилофҳои дохили ҳизб, қаноти чапи ҳизб мавқеи ояндаи ҳизбро муайян карда ташкилёбии ҳизбро эълон намуд. Моҳи июли соли 1995 Вазорати адлияи 4,умҳурии Точикистон онро ба қайд гирифт.
Соли 1998 (моҳи ноябр) «Дар бораи ҳизбҳои сиёси» қонуни нави Чумҳурии Точикистон қабул карда шуд, ки дар инкишофи минбаъдаи фаъолияти ҳизбҳо нақши муайян бозид. Мувофиқи ин қонун ҳар як ҳизб ҳуқуқ дорад номзадҳоро дар интихобот ба мақоми Президенти Чумҳури ва мақомоти намояндаги пешбари намояд, дар иттиҳодияҳо иштирок намоянд, дар бораи худ маълумот интишор намуда мақсаду вазифаҳои худро ташвиқу таргиб намоянд, воситаҳои ахбори оммаро истифода баранд, нашрияи худро созмон диҳанд, мувофиқи (дар доираи) қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлису гирдиҳамои ва намоишҳо гузаронанд.
Ҳизбҳои сиёсии Точикстон аз рӯи равияю мақсадҳои барномавии худ ба се гурӯҳ ё равия тақсим мешаванд:
⦁ Ҳизбҳое, ки бо шиорҳои либераливу демократи баромад мекунанд ва чомеаро ба сӯи демократия ва иктисоди бозоргони ҳидоят мекунанд:
⦁ Ҳизбҳо ва кувваҳои сиёси, ки тарафдори сохти исломи мебошанд:
⦁ Ҳизбҳои тамоюли чап дошта, тарафдори барқарор намудани арзишҳои сотсиалисти мебошанд.
Ҳамаи ҳизбҳо кӯшиш доранд, ки дар интихоботи парламент иштирок намуда, барномаи худро амали созанд.
Дар интихобот ба мачлиси намояндагон ва мачлисҳои маҳали, ки соли 2000 баргузор гардиданд, аз тарафи ҳизбҳои сиёси кӯшиш карда шуд, ки номзадҳо ба мақомоти намояндаги мувофики рӯйхати азҳоби сиёси ва худпешбари карда мешуданд. Чунин тарзи иштироки азҳоби сиёси дар маъракаи интихоботи дар қонунҳои Конститутсионии Чумҳурии Точикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба мачлисҳои маҳали вакилони халк конуни карда шуданд».
Дар интихоботи соли 2005 аз 63 вакили мачлиси намояндагон 22 нафар аз рӯйхати ҳизбҳои сиёси пешниҳод шуданд. Мувофики чамъбасти натичаи интихобот аз шаш ҳизб, танҳо ҳизбҳои Халки Демократи, Коммунисти ва Наҳзати Ислом монеаи панч, фоизаро гузашта тавонистанд. Ҳизби Халки Демократи 74,9, ҳизби Коммунисти -13,64 ва Ҳизби Наҳзати Ислом-8,9 фоизи овозҳои интихоб кунандагонро соҳиб шуданд.
Ҳизбҳои Демократии Сотсиалисти ва Демократи дар парламент намоянда надоранд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222