Бегоҳирузӣ хона тира ва ором буд. Доктор Ҷеймс Грэхем – сардори кулли нақшаи муҳими махфӣ – дар курсии дилписанди худ нишаста ғарқи андеша аст.
Дар чунин лаҳзаҳое, ки ӯ пас аз як рӯзи кори пуршиддат дар хонаи нимторик танҳо менишаст, басо кашфиёти муҳим мекард. Аммо имрӯз аз чӣ бошад, ки диққаташро ба як матлаб ҷамъ карда наметавонад, ҳавосаш парешон аст. Риштаҳои андешаи ӯ гаштаву баргашта ба писа- раш, ки дар хонаи дигар китоби суратдореро варақ мезад, баста мегашт. Писарак ноқисулақл буд. Ҳоло доктор Грэхем ӯро на бо ғазаб, балки аз сари меҳру навозиш пеши назар меовард.
Аз ин чанд сол муқаддам, вақте ки ӯ бори аввал кундфаҳм будани фарзандашро пай бурд, ба вай қаҳру ғазаб ва дуруштӣ зоҳир кард. Вале имрӯз чунин тасмим мегирифт, ки Гарри инсони хушбахт аст. Аз ҳама муҳимаш-ҳамин. Дуруст нест? На ҳар падару модар аз он ифтихор доранд, ки кӯдаки онҳо ҳамеша кӯдак мемонаду ҳаргиз волидайни худро тарк намекунад. Грэхем дар тӯли солҳои дароз худро бо далелҳои мантиқ бовар мекунонд, ки за- ифақлии писараш ҳам аз каромоти худост. Бешак, далелҳои мантиқ ба сари худ ба кас зиёне надоранд, вале
Садои занги дар баланд шуд.
Грэхем аз ҷо бархосту чароғро даргиронд ва ба сӯи дар рафт. “Ҳеҷ гап не, меҳмони нохонда ӯро аз олами андешаҳо дур хоҳад кард…”.
Дарро кушода ӯ шахси ношинocepo дид.
-Доктор Грэхем? -пурсид меҳмон.-Номи ман Ниманд. Ман ба шумо гап дорам. Иҷозат фармоед дароям?
Грэхем ба меҳмон нигарист. Ниманд одами қадпаст, ифодаи рӯяш но- равшан, аммо марди хушфеъл буданаш аён буд. “Шояд вакили идораи суғурта бошад. Бигзор ҳар кӣ бошад, кӣ будани ӯ аҳамияте надорад”. Грэхем овози худро шунид:
— Марҳамат, бифармоед! Дароед, ҷаноби Ниманд.
“Лаҳзае гуфтугӯ бо ин мард маро шояд осуда кунад”, аз дил гузаронд ӯ.
Онҳо ба хона даромаданд.
-Бишинед, -курси нишон дод Грэхем. -Ягон чиз нӯшидан мехоҳед?
-Не, ташаккур, – ҷавоб дод Ниманд.
Меҳмон ба курсии роҳат нишаст. Грэхем ба диван фурӯ афтод.
Одами хурдакак ангуштонашро ба ҳам фишурда ба пеш моил шуд ва гуфт:
– Доктор Грэхем, шумо он шахсе ҳастед, ки осори илмии шумо беш аз ҳама метавонад инсониятро ба ҳалокат оварад.
– “Девона, барин», – аз дил гузаронд Грэхем. Ӯ афсӯс хӯрд, ки қабл аз хона даровардан ӯро дурусттар насанҷидаст. Акнун сӯҳбати ногуворе дар пеш. Грэхем муомилаи дурушт намекунад, аммо дар чунин мав- ридҳо танҳо бо дуруштӣ ҳамсӯҳбати худро мағлуб кардан мумкин аст.
– Доктор Грэхем, силоҳе, ки шумо машғули сохтани он ҳастед…
Меҳмон ногаҳон хомӯш шуду ба сӯи дари хонаи хоб нигарист. Писа- рак сӯи онҳо давида меомад. Бача Нимандро надида ба сӯи падар тохт.
– Дада, ту ҳозир ба ман китоб хонда медиҳӣ? – Бачаи понздаҳсола чунон хандид, ки одатан кӯдакони чорсола ҳамин тавр механданд.
Грэхем бачаро ба оғӯш гирифту ба ҳамсӯҳбати худ зеҳн монда фаҳ- миданӣ шуд, ки ӯ аз заифақлии Гарри бехабар аст ё не. Аммо дар рӯи Ниманд ҳеҷ як нишонаи ҳайрат набуд: аз афти кор, ҳама гапро медонад.
– Гарри, – навозишкорона гуфт Грэхем – ман кор дорам. Андак сабр кун. Ба хонаи худат рав, ман сонитар рафта ба ту китоб хонда медиҳам.
– Дар бораи чӯҷаҳои хурд! Ту ба ман “Чӯҷаҳои хурд”-ро мехонӣ?
— Майлаш. Рав. Ҳа, ист. Шинос шав, Гарри, ин ҷаноби Ниманд.
Писарак ба меҳмон табассум кард.
Хэлло, Гарри, – гуфт Ниманд ва дар ҷавоби табассуми бача табассум
карду аз дасти ӯ гирифт.
Грэхем акнун бовар кард, ки Ниманд аз сир огоҳ аст. Табассум ва ҳаракатҳои ӯ ба камолоти фикрии Гарри мувофиқ (ба синну соли ҷисмо- нии бача) мутобиқат надоштанд.
Бача аз дасти Ниманд гирифт. Ӯ ба сари зонуи меҳмон нишастан мехост, ки Грэхем бо нармӣ писарашро як сӯ кашида гуфт:
- Канӣ, акнун ба хонаат рав, Гарри.
Бача якпоя ҳаллосзанон ба хонаи худ даромада рафту дарро напӯ- шид.
Чашми Ниманд ба чашми Грэхем афтоду бо самимияти ошкоро гуфт:
- Ӯ ба ман маъқул аст. Бовар дорам ҳар чизе, ки шумо ба ӯ мехонед, ҳақиқат аст.
Грэхем ба чӣ ишора кардани меҳмонро нафаҳмид.
- Ман дар бораи “Чӯҷаҳои хурд…” – шарҳ дод Ниманд. – Ин афсо- наи аҷиб аст. Хоса ҳамон ҷое, ки дар афсона осмон ба замин фурӯ меафтад… Ба фикрам, ҳамин ҷои “Чӯҷаҳои хурд” аз афсона ба ҳақиқат табдил хоҳад ёфт.
Грэхем ногаҳон эҳсос кард, ки Ниманд ба ӯ маъқул мешавад. Алал- хусус, аз он лаҳзае, ки писари ӯ ба Ниманд маъқул шуд, вай ба меҳмон дигар гуна менигарист. Аммо зудтар ин гуфтугузорро анҷом бояд дод. Грэхем аз ҷояш бархост.
– Афсӯс, ҷаноби Ниманд, шумо на танҳо вақти худро, балки вақти маро низ беҳуда мегузаронед. Ман аллакай, шумо изҳор накарда, ҳамаи далелу даъвои шуморо медонам, садҳо бор онҳоро шунидаам. Балки шумо шояд, ба таври худ ҳақ бошед, аммо барои ман ин ҳаққонияти шумо аҳамияте надорад. Ман олимам, фақат — олим, Бале, ба ҳама маълум аст, ки ман силоҳи даҳшатангез месозам, ки то ҳол мислашро ҷаҳон надидааст. Барои ман ин силоҳ музди иловагӣ аст. Аз ҳама муҳи- маш ин аст, ки ман илмро пеш мебарам. Ман ҳамаашро фикр карда, ба ҳамин қарор омадам, ки вазифаи ман илм аст. Онро одамон чӣ мекунанд, ба чӣ мақсад истифода мебаранд, ба ман ҳеҷ дахле надорад.
- Доктор Грэхем, охир, мавҷудияти башар ба ин силоҳ вобаста бо- шад-чӣ?
- Ман нуқтаи назари худро ба шумо гуфтам, ҷаноби Ниманд.
Ниманд оҳиста аз ҷо бархост.
- Хайр, чӣ илоҷ, – гуфт ӯ, – агар шумо дар ин мавзӯъ гуфтугӯ кардан нахохед, ман дигар чизе намегӯям.
Ӯ бо дасташ пешониашро молида монд.
- Хуш бошед, доктор Грэхем. Ҳа, бубахшед… Шумо пешниҳод кардед, ки ягон чиз нӯшам… Агар бемалол бошад,..
- Ҳа, бале, – изҳори хурсандӣ кард Грэхем. Ӯ дигар ором буд. – Виски бо сода менӯшед?
- Хуб.
Грэхем маъзарат хоста ба ошхона баромад.
Вақте ки ӯ ба назди меҳмон баромад, Ниманд аз хобгоҳи бача ме-
баромад.
- Хоби хуш, Гарри.
- Ба шумо ҳам хоби хуш, ҷаноби Ниманд, – хушҳолона ҷавоб дод Гарри.
Грэхем вискиро бо содаоб омехта ба истакон ях андохт. Ниманд як истакон нӯшиду дигарашро рад карда ба сӯи дари баромад қадаме монд ва боз истода гуфт:
- Шумо барои виски рафта будед, ман ба писари шумо тӯҳфаи хур- дакаке пешкаш кардам. Умедворам, шумо онро рад намекунед?
- Не, чаро? Ташаккур ба шумо. Шаб ба хайр!
Грэхем баъди меҳмонро гусел кардан дарро пӯшиду ба хонаи хоби писараш даромад.
- Ҳама корамон баҷо, Гарри, – гуфт ӯ. – Акнун ман каме мутолиа мекунам…
Ногаҳон ӯ хомӯш шуд, дар ҷабинаш арақи сард пайдо гашт… Бо зӯри ирода худро ба даст гирифту ҳаяҷонашро маълум накарда ба назди кати писар омад.
- Гарри, ман бозичаатро як бор бинам.
Вай “бозича”-ро оҳиста, бо дасти ларзон аз дасти бача гирифту аз назар гузаронд. Дастони ӯ меларзиданд. Аз дилаш гузашт: “Фақат шахси девона ба дасти кӯдаки заифақл туфанги пур аз тирро медиҳад…”
Тарҷимаи
БАҲРОМ ФИРӮЗ