Главная / Илм / Ҷуброн Халил Ҷуброн

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  ба дунё омадааст. Соли 1885 оилаи  Ҷуброн дар ҷустуҷӯи қути лоямут ав-  вал ба Порис, баъд ба шаҳри Бостони ИМА ҳиҷрат мекунад. Туфулият на  наврасии Ҷуброн бо азобу машаққат  ва маҳрумиятҳои зиёде гузаштааст. Бо  вуҷуди ӯ барои кумак расонидан ба  оила ва соҳиби маълумот шудан аз  кори чисмонӣ рӯ наметофт. Ин буд,  ки ӯ тавассути кӯшишу ғайрат соҳиби  хату савод ва маълумот гардида, дар  ибтидо касби суратгириро пешаи худ  қарор медиҳад.

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОНПас аз чанд муддате,  баъди сайёҳати марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ чун Рум, Лондон, Порис,  Барюссел ва ғайра аз ҳайкалтарош ва рассоми бузурги фаронсавӣ  Огюст Роден (1840—1917) нозукиҳои ин касбро аз худ мекунад. Ба-  робари пайдо кардани малакаю маҳорат ва аз худ кардани нозукиҳои  ин касб ӯ ба омӯзиши асарҳои шоир ва рассоми номии англис Уилям  Блейк (1757—1827), ки дар доираҳои он рӯзаи адабиёту санъати Фа-  ронса хеле машҳур ва таъсири амиқе дошт.

Ибтидои фаъолияти илмиву адабӣ ва кории Ҷуброн аз рассомӣ оғоз  ёфтааст. Вале ӯ дар ин ҷода, суратгарӣ ва рассомӣ, комёб нагардида  баъди фурсате аз ин кор даст мекашад. Баробари омӯзиши пайваста  худ низ ба навиштани очерку новелла ва таронаву асарҳои мансур  машғул мешавад.

Муносибатҳои пай дар пай, вафоти хоҳар ва баъд модару бародар  ӯро ба гӯшанишинию азобҳои рӯҳӣ гирифтор намуд. Ранҷу азобҳои дав-  раи наврасиву ҷавонӣ ва машаққатҳои зиёди зиндагӣ ӯро ба касалии  сил гирифтор намуда буд. Ҷуброн соли 1931 дар айни авҷи камолоти  эҷодӣ аз бемории сил вафот мекунад. Чуброн Халил чун офарандаи  назму наср, яъне таронахо ба забонҳои арабиву англисӣ машҳур буд.

Китобҳои ӯ «Арӯсҳои марғзор», «Ошӯбгарон», «Девона», «Ашкею  табассуме», «Арвоҳи осӣ», «Болҳои шикаста», «Буронҳо», «Пайғамбар»,  «Рег ва кафк», «Пешрав», «Ҳайрат ва муҷиза», «Исо – зодаи одам», «Му-  сиқӣ» ва ғайра дар таърихи адабиёту фарҳанги араб марому мавқеи  муҳиме дошта, осори оламшумулаш ба забонҳои бисёри дунё тарҷума  шудааст.

Қаҳҳоров Шаҳриёр – магистри соли дуюми факултаи филологияи тоҷик

 

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

16d5cc7788d1570

Зарбулмасалҳои хориҷӣ –ҷаҳонӣ (Ветнамӣ)

Тарбузро зоғ нӯл заду лаклакро ҷазо доданд. Аспро дар сафари дур меозмоянд. Одами зиштрӯ кӯшиш …

222222222222222