Қуръон – аз кал. ар.- қараъа- хондан \ номи китоби муқаддаси мусалмонон аст. Қуръонро инчунин “Каломи Шариф”, “Калом-ул-Лоҳ”,”Мусҳаф”,”Уммул-китоб” \ модари китобҳо\ ва ғайра меноманд, ки дар худи Қуръон бо чунин номҳо ёд шудааст. Қуръон, мувофиқи эътиқоди мусалмонон, ваҳй \суханон\-и илохӣ мебошад, ки Худо ба Паёмбари ислом Мухаммад (с) ба воситаи ” Рӯҳул-Қуддус” \Ҷабраил\ қисм-қисм нозил карда аст, яъне фурӯ овардааст. Мувофиқи ақидаи аксари уламои ислом мӯъҷизаи асосии Паёмбари ислом Муҳаммад(с) ҳамин Қуръон аст. Қуръон, дар баробари китоби муқаддаси мазҳабӣ будан, як сарчашмаи нодири таърихӣ, адабию бадеи, забонӣ ва умуман яке аз шоҳасарҳои нодири тамаддуни башар мебошад.
Сохтори Қуръон чунин аст. Вай аз 114 сура \боб\ иборат буда, ҳар сура ба чандин оят \ ҷумла ё порчаҳи хурд\ тақсим мешавад. Сураҳ дар Қуръон аз рӯи дарозии онҳо ҷой дода шудаанд. Сураҳои дароз дар аввал ва сураҳои кӯтоҳ дар охир\ ба ҷуз сураи аввал сураи Фотиҳа\. Ҳарчанд аксари сураҳои кӯтоҳ он сураҳое мебошанд, ки пештар, дар оғози даъват нозил шудаанд. Ҳамагӣ дар Қуръон 62046660 оят \сабаби ихтилоф гуногунии тақсимоти оятҳо дар нашрҳои гуногуни он аст\. Фонди луғавии Қуръонро 77934 калима ва 323621 ҳарф ташкил кардааст. Сураҳое, ки дар шаҳри Макка нозил шудаанд маккӣ ва сураҳое, ки дар шахри Мадина нозил шудаанд, мадинаӣ номида шудаанд.
Ба Муҳаммад ваҳйи нахустин дар моҳи Рамазон \Қ. 2: 181 \ нозил шуд, аз ин рӯ Рамазон моҳ муқаддас ба шумор меравад ва мусалмонон дар ин моҳ рӯза мегиранд. Қуръон, мувофиқи гуфтаи худи Қуръон аз ҳамон асле нозил шудааст, ки Таврот ва Инҷил сарчашма гирифтаанд. \Қ. 26: 197 \.
Услуби насри Қуръон шабоҳату қаробат ба насри мусаҷҷаъ- насри қофиядорро дорад. Ҳарчанд лаҳне монанд ба саҷъро пеш аз ислом ҳамчун воситаи таблиғ ва дуъову афсун коҳинони араб ба кор мебурдаанд, то Қуръон дар адабиёту дини аъроб асаре ба ин фасоҳат ва ғановати фикрӣ пайдо нашудааст. Насри Қуръонӣ на шеър асту на насри мусаҷҷаъи комил. Услуби Қуръонӣ як услуби хосест. Зимнан мебояд қайд кард, ки бадеъияти Қуръон оҳангнокии оятҳои он ва навъҳои қироати он омили муҳими таъсирбахш, эҳсосангезӣ дар маросимҳои исломӣ мебошад ва он аз як ҷиҳат нақшу вазифаи мусиқӣ ва ноқусро дар динҳои дигар иҷро мекунад.
- Вақте ки Паёмбари ислом (с) вафот кард Қуръон ҳанӯз ба шакли китоб тадвин нашуда буд. Вале қисмати зиёди оятҳои Қуръонро котибони Паёмбар(с) дар рӯи пӯсти дарахт, барги хурмо, сангҳо сабт ва ровиён дар хотир ҳифз карда буданд. Номи ровиён ва котибони Муҳаммад (с) то ба мо омада расидааст ва онҳо: Алҳ ибни Абутолиб, Убайа ибни Каъаб, Абдуллох ибни Масъуд, Зайд ибни Собит, Абудардоъ, Абумӯсо Ашъарҳ мебошанд. Дар соли 11 -ум -12-уми хиҷрӣ дар давраи хилофати Абӯбакр бисёре аз саҳобаҳо ва донандагони Қуръон, дар ҷангҳо барои мустаҳкам кардани ислом бо мудаъиёни паёмбарӣ ва аз ислом гаштагон \радда\ кушта шуданд. Ин ҳодиса Умар ибни Хаттобро водор кард, ки ба Абӯбакр маслихат диҳад, то ҷиҳати аз байн на рафтани оёти Қуръон, ба ҷамъоварии он иқдом намоянд. Ин вазифаро ба ӯҳдаи Зайд ибни Собит месупоранд. Маҷмӯъаи аввалини тартибдодаи Қуръон номи“Суҳуф”-ро гирифта буд ва он ба расмият ва қатъият шинохта нашуд. Ҳамзамон ё каме баъдтар аз таҳрири аввалини Зайд ибни Собит гирдоварӣ ва таҳрирҳои дигари Қуръон тавасути чаҳор саҳобаи дигар: Убайа ибни Каъб \ дар Димишқ\, Абдулло ибни Масъуд \ дар Куффа\, Абӯмӯсо Абдуллоҳ Ашъарӣ \ дар Басра\ ва Миқдод ибни Асвад \дар Ҳимс\ ба амал бароварда мешаванд. Ин чаҳор маҷмӯъаи Қуръон бо маҷмӯъаи Зайд ибни Собит ва байни худ дорои баъзе ихтилофот буданд, ки сабаби сар задани баҳсҳо ва зиддиятҳ дар амалия ва ақоиди динӣ гардиданд. Аз ин рӯ дар давраи хилофати Усмон- халифаи сеюм маслиҳат бар он шуд, ки таҳрири наву ягонаи Қуръон ба амал бароварда шавад. Усмон ин корро боз ба ӯҳдаи Зайд ибн Собит- муҳррири тадвини нусхаи аввал мегузорад. Баъд аз анҷоми гирдоварӣ ва таҳрири охирин аз он чанд нусха таксир гардид, ки ба шаҳрҳои дигари хилофат фиристода шуданд. Мувофиқи ривоятҳо ин таҳрири охирини Қуръон ду сура аз таҳрири Убайа кам ва ду сура назар ба таҳрири Ибни Масъуд зиёд будааст. Ба ғайр аз ин дар байни ин таҳрирҳо як қатор тафовутҳои орфографию луҳҷавӣ вуҷуд доштаанд. Ақидае низ мавҷудаст, ки Усмон Қуръонро аз нав ҷамъоварӣ накарда балки танҳо тамоми мусалмононро ба қироъати ягона- хониши як қории муъайян ҷамъ ва мутаҳид намуд ва тамоми Қуръонҳои дигарро, ки бо он қиръат мувофиқ набуданд сӯзонд ва аз байн бурд.\ Муҳаммад Ҳусейн Заҳабӣ. ат-Тафсир вал-муфассирин. Коҳира. «Доул-кутуб ал-мисрия».1396 ҳ.қ. с. 224-249\
Табиист, ки дар атрофи мундариҷаи таҳрири усмонии Қуръон баъзе ихтилофҳо ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла хориҷиён-яке аз фирқаҳои шиъа қиссаи ишқварзии ҳазрати Юсуф бо зани мисриро ба шаъни китоби муқаддас нораво шуморидаанд, ҳамчунин баъзе шиъаҳои ифротӣ низ муддаъиянд оятҳое, ки дар мавриди Алӣ ва мартабаи ӯ буданд, бо дасти Усмон ҳазф шудаанд. Барои исботи фикри худ онҳо ба вуҷуди гусастагии афкор ва адами вуҷуди алоқаи маънӣ дар байни баъзе оятҳои қуръонӣ ишорат мекунанд.
Бояд гуфт, ки пас аз таҳрири усмонӣ низ то охири асри Х ба Қуръон аз назари имлову хониш баъзе тағиротҳои ҷузъӣ дохил карда шудаанд. Аз ҷумла аломатгузорӣ \ гузоштани ҳаракот-садонокҳои кӯтоҳ, сукун, идғомот ва ғ-ра \ дар асри Х зери назари ҳафт фақеҳи машҳур ва қориёни соҳибтаҷриба анҷом гирифта аст. Ин таҳрирҳо ба мазмуну мундариҷаи Қуръон хеҷ таъсиру тағйироти ҷиддие дохил накардаанд ва метавон гуфт, ки Қуръон ягона китоби муқаддасест, ки билофосила баъд аз паёмбари он ё ҳатто замони дар ҳаёт будани ӯ, гирдоварӣ ва тадвин шудааст ва камтарин таҳриф ва дасткорие дар он роҳ наёфта аст. Алалхусус баъд аз таҳрири усмонӣ дар тӯли чаҳордаҳ қарн Қуръон бе камтарин тағйире то ба мо расидааст.
Мундариҷаи Қуръон гуногунмазмун ва хело бойю ғанӣ аст. Дар он масъалаҳои мухталифи динию мазхабӣ: худошиносӣ, паёмбарӣ, ҳаёти пас аз маргии ондунёвӣ-маъод, тасвири саҳнаи охират- рӯзи ҳисоб, ҷаннату дӯзах; хамчунин масоили ҳастишиносӣ- офариниши олам ва одам, тақдири хастӣ, сурати кайҳон ва алалхусус масоили маънавию ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ, тарзи зиндагӣ ва муъомилоти мусалмонон; масоили ҳуқуқӣ ва таърихи пайдоиши ислом ва ҳаводиси вобаста ба он баён шудаанд. Сураҳои давраи мадинаӣ аксаран хусусияти тарғибӣ ва қонунгузорӣ доранд. Онҳо асосан ба муқобили ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавию мазҳабии ҷоҳилия ва расму русуми бутпарастӣ равона шудаанд. Ҳамчунин ҳаводиси таърихии марбут ба пайдоиши ислом, ғазовот ва муҳорибаҳои садри ислом дар он инъикос ёфтаанд.
Дар Қуръон беш аз ҳама асосҳои ҷаҳонбинии тавҳидӣ ва зимнан тарзи нави муносибатҳо, мунисибатҳои нисбат ба замони худ одилона ва прогрессивии ҷамъиятӣ, оилавӣ, миллӣ, синфию табақотӣ, сиёсӣ ва нормаҳои нави ахлоқӣ ва умуман асосҳои ҷаҳонбинии исломӣ ифодаи худро ёфтаанд. Дар Қуръон унсурҳои умумият дошта бо динҳои яхудӣ, насронӣ ва адёни дигар зиёданд. Ҳамаи иқтибосҳо ва мазмунҳои яхудиву насронӣ дар Қуръон тибқи тахқиқоти шарқшиносону исломшиносон ( онҳое, ки ба ваҳй будани Қуръон боварӣ надоранд) тахмин мекунанд, ки на бевосита аз сарчашмаҳо ва китобҳои муқаддаси ин динҳо, балки аз манбаи сеюм, аз тариқи нақли даҳонӣ ё аз яҳудиёни талмудӣ ва ё аз роҳибони насронӣ гирифта шуда,. Вале аз назари уламои ислом вуҷуди ин умумиятҳо- қиссаҳо ва мазмунхои тавротиву инҷилӣ равшан ва бебаҳс аст, чун ҳам Таврот ва ҳам Инҷил ва ҳам Қуръон як асл, як сарчашма- Лавҳи Маҳфуз ё Уммул Китобро доранд. Қуръон шояд дар байни китобҳои муқаддас ягона китобе бошад, ки дар он бевосита сухан аз забони Худо омадааст ва ба ин мазмун дар воқеъ ” Калому-лоҳ” мебошад. Он мисли Библия хусусияти нақлию ахбоӣ аз забони шахси сеюм ва ё мисли Ведҳо ва Авасто асосан аз ниёишӯ муноҷоти паёмбарон ё мӯъминон иборат нест, балки гуфтори бе воситаи илоҳӣ- амру наҳиёти ӯст.
Ниҳоят шинохти Қуръон барои миллали мусалмон, сарфи назар аз диндор будан ва набуданаш, алалхусус барои равшанфикрон ва зиёиён ҷиҳати шинохти фарҳанг ва тамаддуни гузаштаи худ хело зарур аст. Чунки Қуръон таърихан ба забон, адабиёти насрию назмӣ, ба фалсафа, ҳуқуқ, ахлоқ ва тарзи зиндагӣ: маросимҳо, урфу одот, санъату ҳунар ва умуман ҳувияту зеҳния \менталитет\-и миллали мусалмон таъсири беандоза зиёде гузоштааст ва бидуни шинохти .1уръон шинохти кофии ин сохахо ҷайри имкон аст.