Утоқи донишҷӯ

Донишҷӯёни хушҳол: Танаффус  – 20 дақиқа гуфтам ман ба донишҷӯён“.  Ин қадар кам“ ҷавоб додаанд онҳо “. Илтимос 30 дақиқа муҳлат диҳед”. “ Хуб то 15 то кам, 7 аммо баъдан зуд баргардед “ зеро мо ҳоло кори бисёр дорем.

“Ташаккури зиёд, шумо хело меҳрубонед“ гуфтанд онҳо ва ба берун рафтанд.

donishjuМан на он қадар меҳрубонам, танҳо…. Ман ҳам бояд 30 дақиқа дам бигирам. Дарс хело мушкил аст. Ҳама хастаанд, ман низ ҳамчунин. Би- лохира танаффус шуд. Ин курси забономӯзи хело душвор ва сахт аст. Ҳар рӯз муддати чор соат забони олмонӣ меомӯзем. Душвор аст барои донишҷуён, барои омӯзгор низ. Чор соат барномаи таъсирнок ва чо- либу диққатҷалбкунанда. Донишҷуён ҳар рӯз пас аз нисфирӯзи бозиву хушҳолӣ мехоҳанд.

Хонумон в ҷанобон! Имруз ман ба шумо мавзуи..ро шарҳ медиҳам.

Аккузатив ба ҳайси Аператив ва ҷойивазшавии калима ба ҳайси ҳад- ди имкон. Хело мутаассифам, зеро на ҳама донишҷӯён ба дарс диққати махсус доранд. Имрӯз хеле рӯзи душвор буд. Ҳама беҳоланд, касе хоҳиши сухан карданро надорад. Аммо ин ҳам мегузарад. Ҳаво бошад дар берун 30 дараҷа аст. На он қадар ҳавои хуб барои донишомӯзон. Дар Утоқи донишҷӯ чи дарача аст?

На, фарқ надорад, ҳоло танаффус аст ку. Қаҳва ва якчанд ширинӣ … боз давом медиҳам корро. Ман ба мисли ҳарвақта ба қаҳвахонаи донишгоҳ меравам. Ман мехоҳам танҳо бошам. Ман бояд каме истироҳат карда ором шавам. Аммо баъзан вақт донишҷӯён меоянду аз ман чизеро суол мекунанд. Дар вақти дарс тамоман гап намезананд ва ҳоло дар танаффус бошад ғайриинтизор меоянд. Аммо ба ин нигоҳ накарда ман ба саволҳои онҳо ҷавоб мегӯям. Як дарси хурди алоҳида ва бо ҳамин танаффус низ ба анҷом расид. Ва боз баъзан вақт ман худро аз донишҷӯён пинҳон медорам. Дар даҳлез рӯи худро бо маҷалла мепӯшонам.

То ҳол як миз холист. Ман он ҷо менишинам. Як қаҳва ва як ширинӣ басанда аст. Дар паси ман як гурӯҳ донишҷӯён нишаста буданд, 6-7 до- нишҷӯ. Хушбахтона ки онҳо донишҷӯёни ман нестанд.

Ман овози хандаро аз пушти худ шунидам. Гурӯҳе ки дар паси ман нишаста буданд онҳо хело хушҳол буданд шӯхӣ мекарданд бо якдигар сӯҳбатҳо мекарданд. Дар ҳақиқат ин хуб аст ва бояд чунин бошад. Барои чӣ донишҷӯёни гурӯҳи ман чунин нестанд? Ман якчанд калимаҳояшон- ро шунидам: Консерт, семинар, музди соати корӣ. Воқеан ҳам ҳаёти донишҷӯён аҷиб аст.

Зиддият байни онҳову донишҷӯёни гурӯҳи ман мавҷуд аст. Дар да- воми дарс мо дар бораи мавзӯъи якзайл гап мезанем: Ман мегӯям ба- чаҳо! Онҳо баъзеашон «лаббай» мегӯянд, баъзеашон тамоман ҷавоб намедиҳанд. Ин як ҳолати аҷиб аст. Ҳоло танаффус аст, онҳо бо забони модарии худ бо якдигар сухан мегӯянд, зеро ҳоло озоданд.

Ба ҳар ҳол ин гурӯҳ донишҷӯёни хуб дорад. Ба онҳо менигарам ва даврони ҷавонии донишҷӯиям ба ёдам меоянд.

Пас аз қаҳванӯшӣ дубора ба дарс бармегардам. Зеро вазифаи ман аст шавқу завқи ононро ба дарс бедор намоям. Ба соатам менигарам, аллакай ду дақиқаи дарс гузаштааст. Ман каме дер кардам аммо хеч боке надорад. Зеро ин сабаб дорад. Мехостам дар дохили синфхона нигарам ва бубинам, ки донишҷӯён дар набудани ман ба чӣ коре машғул ҳастанд. Дар дасти ҳамаашон телефон буд, танҳо ду нафар телефон надоштанд ва бо ҳам сӯҳбат мекарданд.

Рузиқулов Фарзон – донишҷӯи курси сеюми гурӯҳи 310, ихтисоси олмонӣ

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222