Главная / Илм / Вафоти Имом Аҳмад ибни Ҳанбал

Вафоти Имом Аҳмад ибни Ҳанбал

Солеҳ писари Имом Аҳмад мегўяд: «Падарам дар аввали моҳи Рабеъул-аввали соли 241-уми ҳиҷрии қамарӣ мариз шуданд. Дар рўзи чаҳоршанбе дувуми Рабеъул-аввал ба аёдати падарам рафтам, дар ҳоле ки заиф шуда буд ва нафасҳои баланд мекашид, пурсидам: «Эй падар, пешин чӣ хўрдаӣ?». Гуфтанд: «Оби боқило». Сипас Солеҳ издиҳоми ҷамъият аз бузургон ва умуми мардумро, ки барои аёдати Имом омада буданд, баён мекунад.
Ибни Касир мегўяд: «Беҳтарин кори Имом Аҳмад дар охири умраш ин буд, ки хонаводааш ишора карданд, то ўро вузў диҳанд ва ў дар аснои вузў ба зикри Худованд машғул буд. Пас аз итмоми вузў вафот ёфтанд. Ў ду соат баъд аз бомдоди рўзи ҷумъа вафот ёфт ва мардум дар хиёбонҳо ҷамъ шуданд. Дар ташйеъи ҷанозааш афроди зиёде ҷамъ шуданд, ки теъдоди онҳоро фақат Худо медонад ва амири вақт Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Тоҳир бар ў намоз гузорид. Байҳақӣ ва дигарон нақл мекунанд, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Тоҳир дастур дод, то ҷамъияти ширкаткунандаро бишуморанд, теъдоди онҳо як миллиону сесад нафар ё бештар будааст ва Худованд донотар аст.
Абдулваҳҳоби Варроқ мегўяд: «То кунун, чи қабл аз Ислом ва чи баъд аз Ислом собиқа надорад, ки ҷамъияте ба ин афзунӣ, ки дар ташйеъи ҷанозаи Аҳмад ибни Ҳанбал ҷамъ шуданд, дар ташйеъи ҷанозаи дигаре низ ҷамъ шуда бошанд».
Ибни Касир аз Дорақутнӣ, аз Абдуллоҳ ибни Аҳмад нақл мекунад, ки падарам мегуфт: «Ба аҳли бидъат бигўед, ваъдаи байни мо ва шумо ҷанозаҳои мост, ки хоҳем дид чигуна ташйеъ хоҳад шуд».
Худованд ҳам ин сухани Имом Аҳмадро ба марҳилаи амал расонид, ки дар ташйеъи ҷанозааш он ҷамъияти азим ҷамъ шуданд ва ногуфта намонад, ки Имом Аҳмад имоми аҳли суннат дар замони худ буданд.
Раҳмату ризвони Худованд бар Имом Аҳмад бод ва ба хотири заҳматҳое, ки барои Ислому мусулмонон кашиданд, Худованд ўро ҷазои хайр диҳад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222