Суютӣ мегўяд: «Имом Молик дар рўзи якшанбе мариз шуд ва муддати 22 рўз бемор буданд, то ин ки дар рўзи якшанбе даҳуми Рабеъул-аввали соли 179-и ҳиҷрӣ вафот ёфтаанд.
Ибни Абдулбар аз Исмоил ибни Абўувайс нақл мекунад, ки Имом Молик мариз шуданд, пас аз он чизе, ки дар ҳангоми марг гуфта буданд, суол кардем, гуфтанд: «Лиллоҳил-амру мин қаблу ва мин баъду». Дар чордаҳуми Рабеъул-аввали соли 179-и ҳиҷрӣ дар замони хилофати Ҳорунуррашид вафот ёфтанд ва Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Абдуллоҳ ибни Аббос бар ў намоз гузорид. Худованд Имом Моликро мавриди раҳмати худ қарор диҳад ва ба хотири заҳматҳое, ки барои Ислом ва муслимин кашидаанд, ҷазои некўяш диҳад.
Tags Абӯ Ҳанифа Дин
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …