Садакаи Фитр бо дамидани субхи рузи иди Фитр воҷиб мегардад
ва мустаҳаб аст, ки пеш аз рафтан ба намозгоҳ пардохта шавад. Но-
феъ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки: «Расули Худо (с)
моро ба пардохтани закоти Фитр пеш аз баромадани мардум ба намоз
амр намуд. Ва худи Абдуллоҳ як ё ду руз пеш аз ид онро пардохт ме-
кард».
Агар кабл аз рузи иди Фитр онро пардохт намояд, чоиз аст ва
агар онро аз рузи ид ба таъхир андозад, аз зиммааш сокит намешавад.
Ҳатман, онро бояд пардохт намояд.
Садақаи Фитр бар ҳама, хоҳ руза гирифта бошад, ё нагирифта
бошад, воҷиб аст. Мустаҳиққони садақаи Фитр ҳамон шахсони муста-
ҳиққи закот ҳастанд. Яъне ба ҳар касе закот дода мешуд, садақаи Фитр
низ ба ҳамонҳо дода мешавад.
Садақаи Фитр дар ҳамон ҷое, ки худи инсон дар рузи ид буда бо-
шад, бароварда мешавад. Аз Муҳаммад ибни Ҳасан (рҳ) ривоят шуда-
аст, ки закоти мол дар он ҷое, ки мол аст, бароварда мешавад ва зако-
ти Фитр дар он ҷое, ки соҳиби мол аст. Зеро садақаи Фитр аксаран
ба сурати ғаллагй ва маводи хурокворй бароварда мешавад ва инти-
қоли он ба ҷои дигар хароҷот ва вақти зиёдро талаб мекунад ва шояд
боиси фавт гардидани он аз вақташ шавад. Ба чуз мвридҳои истисно-
ие, ки дар боби интиқоли закот ба ҷои дигар зикр шудаанд.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисмӣ дар Ислом
дар баробари ин ҳама бахрахои маънавй, баракоти рухй ва фоидахои бехдоштие, ки рӯза барои шахси …