Главная / Илм / Нависанда – Валерий Михайлович Воскобойников

Нависанда – Валерий Михайлович Воскобойников

Валерий Михайлович Воскобойников – нависан- даи бачагон, муаррих ва публисисти машҳури рус якуми апрели соли 1939 дар шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург), дар хо- надони омузгорон таваллуд ёфта, дар сесолаги шоҳиди саҳнаҳои даҳшатбори муҳо- рибаву муҳосираи шадиди зодгоҳи азизаш гардидааст. Баъди солиёне ҳамон лаҳ- заву саҳнаҳои хотирнишину фаромушнопазири кудаки- ро ба ёд оварда навиштааст: «Одатан, одамон аввал хондан, баланд – баланд хондан, баъдан навиштанро ёд мегиранд. Аммо маро акси ҳол рӯй намуд.

Валерий Михайлович Воскобойников
Сурати Валерий Михайлович Воскобойников

Муҳосираи Ленинградро пушти сар гузошта, ману модарам Урол рафтем, ки дар шифохонаи ҷанговарон падари дар ҷабҳа чароҳатбар-доштаам бистари буд. Падарам баъди чанде ба майдони ҷанг баргашту модарам омузгори забони руси шуд. Ман чаҳорсола бошам ҳам, бозичае надоштам, ҳол он ки кудаки тамоми рӯз дар хона танҳомондаро саргарми шуғле доштан лозим буд. Барои ҳамин, модарам ҳамаруза газета, қалам ва порае оази девороройиро, ки ҳамсоягони хонаашонро ба мо иҷорадода ғарамаш карда буданд, дар ихтиёри ман гузошта, пайи кораш мерафт. Аз мактаб баргашта мақолаи дар саҳифаи тозаи оази девороройи бо ҳарфҳои калон-калон аз газета руйбардоркардаи маро аз назар мегузаронд.

Ман ҳамин гуна навиштанро ёд гирифта, қарор додам, ки баробари ба воя расидан, ҳатман, нависанда мешавам. Он вақтҳо чунин мепиндоштам, ки нависандаҳо газета менависанд, чи қадар газета бошад, ҳамон кадар нависанда ҳаст. Лекин аз мавчудияти китоб ҳатто дараке надоштам – моро дар хона китобе набуд. Орзу мекардам, ки зудтар калон шаваму бо ҳарфҳои резаву ҳамвори газетй навиштанро ёд гирам. Баъди чанде нахустин газетаи худро чоп кардам».

Ба душвориву нодориҳои баъдиҷангй нигоҳ накарда, Валерий Михайлович дилгармона хондану омухтанро давом дода, соли 1957 Техникуми технологияи истеҳсоли нафтро ба фарҷом расонда, донишҷуйи Институти технологии Ленинград шудааст. Шабона хондаву рузона кор кардааст. Солҳои 1958­1960 карзи ватандориро ба ҷой оварда, дар муассисаҳои гуногуни Ленинград (1957-1558; 1961-1966) ба сифати муҳандис фаъолият бурдааст. Аммо мехру муҳаббати гарми нависандагй лаха   доманашро фуру намегузорад: ӯ сарнавишти худро ба сарнавишти

адабиёт мепайвандад. Аз соли 1973, баъди хатми Курси олии адабиёт (дар Москав) ҳунару истеъдодашро комилан вакфи адабиёти бачагон мегардонад.

Аввалин хикояи ӯро журнали «Смена» мунташир сохта, баъдан навиштаҳояшро мохномаҳои машхуру маъруфи кудакон – «Костёр»-у «Искорка», калонсолон «Аврора»-ву «Звезда»-ву «Нева» пайиҳам ба табъ мерасонанд. Нахустин китоби қиссаву хикояҳояш («Ман ба таътил меравам»)-ро соли 1966 нашриёти «Детская литература» аз чоп мебарорад.

Фаъолияти штсола дар вазифаи мудири шуъбаи назму насри журнали «Костёр» (1973-1980) ӯро мададу мусоядат мекунад, ки ҷаҳони хонандаи ҷавонро бехтар омузаду донад. Беҳуда нест, ки нависанда дар офаридаҳои худ масоили мухимми ахлокиро мавриди баррасии ҷиддй карор дода, наврасонро водор месозад, ки бар рафтору кирдорашон андеша кунанд, некро аз баду сафедро аз сиёх, тафрика дода тавонанд. Нахустин офаридаҳои Юрий Ковал, Василий Аксёнов, Сергей Иванов ва дигар нависандагони ҷавонро дастраси хонандагон гардонда, дарвозаи кохи мукаддаси нигорандагиро ба руяшон во менамояд ва ҷуръату роххати нависандагй мебахшадашон.

Асарҳои В.М. Воскобойников на танҳо дар калам- рави собик Чамохири Иттиҳоди Шуравй ва маҳофилу маҷолиси русизабону руситаборони ҷаҳон, балки аксари мамолики мутамаддину китобдӯсту китобхони олам аз маъруфияту маҳбубияти тамоме бархурдоранд. Аз чумла, киссаи «Дафтари муковасурх»-и ӯ, ки соли 1971 нахустин маротиба дар Ленинград интишор ёфта буд, дар Япония, ИМА, Лахистон ва Аҷористон ҳам тарчумаву чоп шудааст. Ҳамчунин, асари мазкур аз ҷониби нашриёти «Радуга» ба чандин забони хориҷй мунташир гардидааст. Китоби «Чазираи Бешамол»-и ӯ дар Япония се маротиба интишор ёфтааст. Қиссаи таърихии «Ҳакими бузург» (Маскав, «Молодая гвардия», 1972), ки ба тасвири рӯзгори нобиғаи нотакрори тоҷик Абуалй ибни Сино (980-1037) бахшида шудааст, соли 1980 бо карори ЮНЕСКО, ба муносибати 1000-умин солгарди зодрузи бузургвор такроран ба забони русй, ҳамчунин, дар тарҷума, дар Тикистон, Озарбойҷон (2 маротиба), Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тотористон ба табъ расидааст.

Солҳои 90-уми асри гузашта нависанда ҳамрохи иддае ҳампешагонаш идеяи бунёди силсилаи «Ҳиотҳо дар бораи авлиёи православй»-ро барои кудакони синни хурди мактабй амалй гардонда, дар хусуси рузгору гуфтаҳои бузургоне, чун «Николайи Муъҷизакор, муқарраби Худо» (1993), «Князи Бузург Владимир, баробарапостоли мукаддас» (1994), «Баробарапостолони муқаддас – бародарон Кириллу Мефодий» (1994) ва дигарон, 16 қиссаи муъҷазу ихчам интишор додааст. Аммо, бо ин ҳама, кори таълифи асарҳои ташаккулдиҳандаи фарҳанги маънавии кудаконро мавкуф нагузоридааст, ки бозии «Библияи мусаввар барои кироъати оилавй» (Санкт-Петербург, «Золотой век») гувоҳи он мебошад.

Солҳои навадуми асри бистум, дар ҳақиқат, овони саршории адабиёти рус аз осори мансури барои бачагон эҷодгардида буданд. Дар ин давра боз як ояи дигари В.М. Воскобойников ҷомаи амал пушидаанд. Дар силсилаи «Единорог» романҳои дар мавзуи эпоси мардуми гуногуни олам, монанди «Киссаи Зигфриди бебок ва нибелунгони тавоно» (дар асоси эпоси асримиёнагии олмонй; 1996) ва «Гилгамеши диловар» (дар заминаи эпоси кадимии шумериву аккадиён; 1997) ба чоп расиданд, ки барои бачагони синни миёнаи мактабй пешбинй шудаанд.

В.М. Воскобойников барои мактабиёни хурдсол асари чолибу муфиди «Рӯзгори бачагони номдор»-ро таълифу мунташир сохтааст (1999), ки дар боби даврони бачагии афроди номй, монанди Искандари Макдунй, Александр Суворов, Исаак Нютон, Чарли Чаплин, Пётри Аввал ва дигарон киссапардозй мекунанд. Маълум мешавад, ки на ҳамаи онон аз кудакй ҳамадон, аз рузи таваллудашон сохиби истеъдоди фавкулодае будаанд; баръакс, онҳоро, ҳатто, бачагони беҳунар, талабагони форибол мехисо- бидаанд. Аммо ҳунару истеъдодашон ох,иста-ох,иста зуҳур ёфтааст. Муаллиф барои ин асараш сазовори Дипломи ифтихории Шурои байналхалкии китоби кудак (соли 2000) гардонида шудааст.

В.М.Воскобойников офаридгори бештар аз шаст китоб барои бачагон, зиндагиномаҳои таърихй барои кудакону калонсолон, Лауреати чандин Озмуни умумииттифокиву умумирусиявии «Бехтарин китоби кудак» буда, шарафманди дарёфти Дипломи ифтихории байналхалкии ба номи Ҳ.К. Андерсен, Чойизаи ба номи Самуил Маршак ва Чойизаи ба номи Александр Грин гардидааст. Барои китоби «Ҳамааш хуб мешавад» (соли 2007) сазовори Дипломи ҳайати ҳакамони озмуни кудакони китобхон ва Чойизаи миллии адабиёти бачагон гардонида шудааст.

Эҷодиёти Валерий Михайлович на танҳо киссаву хикоя, балки радиопйесаҳо, асарҳои илмии оммави ва маколаҳои адабиётшиносиро фаро мегирад. Бештар аз даҳ сол Иттиҳодияи нависандагони ҷавон – офарандагони адабиёти бачагонро роҳбари карда, узви Шурои тахририяи журнали машхури «Детская литература» будааст. Аз соли 1987 сарварии бахши адабиёти кудакону наврасони Иттифоки нависандагони Санкт-Петербургро бар увда дошта, аз соли 1998 узви Шурои китоби бачагони Русия мебошад. Ҳамчунин, узви ҳайати ҳакамони Чойизаи миллии адабиёти бача- гони «Заветная мечта» (мавсими 2007-2008) будааст.

Ҳамин тарик, В.М. Воскобойников аз машхуру маҳбубтарин адибони соҳаи адабиёти кудакону навра- сони рус шинохта шуда, камтар нависандаеро метавон мулоки гардид, ки замону макон ва қахрамони офаридаҳояш ба ин дараҷа фарохдомону густардаву гуногункиёфа бошанд.

Хушбахтона, Валерий Михайлович, дар баробари хуб омухтану донистани таъриху фарҳанги халки рус ва мардумони дигари олам, аз таъриху фарҳанги мардуми мо ҳам вукуфи тамом дорад, ки киссаи мусаннади таърихии «Ҳакими бузург» (1972,1980,        2011) ва

қиссаҳои таърихии «Шарки Куҳан» (1998) гувоҳи онанд.

АСАРҲОИ МАЪРУФИ В.М. ВОСКОБОЙНИКОВ

  1. Ман ба таътил меравам. Қиссаву хикояҳо. – Ленинград, «Детская литература», 1966.
  2. Турнаҳои шахр (дар ҳамқаламии В. Арро). Қисса. – Ленинград, 1968.
  3. Зуртаринҳои ҳавлй. Киссаву ҳиоҳо. – Ленинград, «Лениздат», 1969.
  4. Тирамоҳи дигар. Қиссаҳо. – Ленинград, «Детская литература», 1969.
  5. Дафтари муковасурх. Қисса. – Ленинград, «Детская литература», 1971, 1975.
  6. Ҳакими бузург. Киссаи таърихй дар бораи Ибни Сино. – Маскав, «Молодая гвардия», 1972, 1980, 2011.
  7. Давом дорад. Қиссаҳо. – Ленинград, 1973.
  8. Офтоби сари роҳ. Қисса.- Ленинград, 1973.
  9. Вакте ки боз мактаб меравам. Қисса.- Ленинград, 1974.
  10. Даъвати Артика. Қиссаи таърихй. – Маскав, «Молодая гвардия», 1975.
  11. Сайругашти пагохирӯзй. Қисса. – Ленинград, «Детская литература», 1976. Дар Япония тарҷумаву чоп шудааст.
  12. Субҳ бахайр, Чукотка! Кисса. Ленинград, 1977.
  13. Василий Василевич. Киссаи хуччатй. Ленинград, 1978.
  14. Кирилл ва Мефодий. Қиссаи таърихй. – Маскав, «Молодая гвардия», 1979.
  15. Чаираи Бешамол. Қисса. – Ленинград, «Детская литература», 1981. Дар Япония се маротиба тарчумаву чоп шудааст.
  16. Зангулаҳои бомдодй. Романи таърихй. – Ленинград, «Детская литература», 1983, Дар Литва, Украина ва Тотористон ҳам тарҷумаву чоп шудааст.
  1. Нуҳсад рузи часорат. Ҳиоҳо дар бораи муҳосираи Ленинград. – Маскав, «Малыш» 1984, 1985, 1986, 1969. Дар Украина ҳам тарчумаву чоп шудааст (ба теъдоди 3 млн нусха).
  2. Духтараку писараку саг. Киссаҳо. – Ленинград, «Детская литература», 1988. Соли 1989 бо Дипломи ифтихории Озмуни умумииттифокии бехтарин китоби кудак мукофотонида шудааст.
  3. Николайи Муъҷизакор, мукарраби Худо. Қиссаи таърихи. – Санкт-Петербург, «Лицей», 1993.
  4. Князи Бузург Владимир, баробарапостоли мукаддас. Киссаи таърихи. – Санкт-Петербург, «Лицей», 1994.
  5. Баробарапостолони муқаддас – бародарон Кириллу Мефодий. Киссаи таърихи. – Ленинград, «Лицей», 1994.
  6. Киссаи Зигфриди бебок ва нибелун гони тавоно. Романи ҳамосӣ. – Маскав, «Терра», 1996.
  7. Гилгамеши диловар. Романи таърихи. – Маскав, «Терра», 1997. Дар руйхати журнали «Книжное обозрение» ба гурӯҳи «Бехтарини бехтаринҳо» ворид шудааст.
  8. Рӯзгори бачагони номдор. Ҳиоҳо дар бораи бачагии афроди бузург. – Санкт-Петербург, «Образова- ние-Культура», 1997, 1998, 1999. Дар Озмуни умуми- русиявии «Арлиада – 1998» сазовори мукофот гардида- аст. Ҳамчунин, шарафёби Дипломи ифтихории байнал- халқии ба номи Ҳ.К. Андерсен гардонида шудааст.
  9. Шарки Куҳан. Киссаҳои таърихи. – Санкт- Петербург, «Респекс», 1998.
  10. Шамшери Довмонт. Романи таърихи. – Санкт- Петербург – Маскав, «Азбука-Терра», 1998.
  11. Китоби қиссаҳои таърихи. Қиссаҳо дар бораи пешвоёни дини православи. – Санкт-Петербург, «Золотой век», 1999, 2003.
  12. Библияи мусаввар барои кироати оилави. Бо ҳидояти Патриархи Мукаддаси Маскав ва Саросари Рус Алексийи Дувум интишор ёфтааст. – Санкт- Петербург, «Золотой век», 2003. Дар Намоишгохи байналхалкии китоби «Форуми Нева» (2003) сазовори мукофоти оли гурдидааст.
  13. Таърихномаи мусаввар барои бачагон. – Санкт-Петербург, «Золотой век», 2003 (якчанд тираж интишор ёфтааст).
  14. Серафим Соровский. Қиссаи таърихи. – Маскав, «Росмэн», 2003.
  15. Ҳафт муъҷизаи олам. Атласи мусаввар. – Маскав, «Оникс-21 век», 2005.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222