Главная / Илм / ВАЗИ ҶАМЪИЯТИИ СИЁСИИ ТОҶИКОН ДАР ХОНИГАРИИ ҚУҚАНД

ВАЗИ ҶАМЪИЯТИИ СИЁСИИ ТОҶИКОН ДАР ХОНИГАРИИ ҚУҚАНД

Фаргона дар охири асри XVII мулки ниммустакил буд. Шахри Қуқанд, ки дар нимаи якуми асри XVIII ба давлати мустакил табдил ёфт, дар соли 1732 аз тарафи Абдулраҳимби бино шудааст.
Меросхури ӯ Абдулрахимби соли 1740 ба васеъ намудани Қуқанд шурӯъ кард. Дар сари давлат намояндагони кабилаи ӯзбек минг меистоданд. Ташаккули давлат дар нимаи дуюми асри XVIII ба давраи ҳукмронии Эрдонаби ва Норбута рост меояд. Аз баски, хонигарии Қуқанд дар охири асри XVIII аз бисёр ҳодисаҳои харобиовар дар канор монд ин барои пешрафти иқтисодии он мусоидат намуд. Дар рохи ташаккули давлати мустакили Қуқанд кадами нахустинро Олимхон (1800-1810) гузоштааст. Барои аз тобеияти феодалони ашроф баромадан дар ахди салтанати ӯ дастаи махсуси низоми ташкил карда шуд. Асоси ин дастаро точикони кӯхистони дарвоз, каротегин, шунон ва аҳолии маҳали ӯзбек ташкил медоданд. Дастаи мазкур имтиёзи комил дошт. Гарчанде ки Олимхон муқобилияти ашрофи феодали ва руҳониёнро пурра бартараф карда натавониста бошад ҳам, худуди давлатро васеъ намуд. Солҳои охири хукмронии худ Олимхон Тошканд ва қабилаҳои қазоқи гирду атрофии онро ба Қуқанд ҳамроҳ кард.
Дар нимаи якуми асри XIX ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашти имрӯзаи Точикистон дар таарруфи Қуқанд буданд. Барои ба даст даровардани Хучанд, Уротеппа ва Нов дар байни хонигариҳои Бухоро ва Канд мубориза мерафт, ки то истилои Россия дар Осиёи Миёна давом карда буд. Чангҳои байни ҳамдигарии Қуқанд ва Бухоро то замони Умархон (1810-1822) ва вориси ӯ Маммадали (1822-1842) давом доштанд. Маммадали чандин маротиба ба самти Чануби шарки лашкар кашида, мулкҳои Дарвоз ва Қаротегинро зери даст даровард. Чанд муддат ҳокими Кӯлоб низ дар итоати ӯ буд.
Муҳаммадалихон дар хунхори ва золими аз амири Бухоро Насрулло монанди надошт. Вай умри худро дар айшу нуш ва кайфу сафо, шуғли доими ба фосики гузаронида буд. Аз чангҳои доими мардум ба дод омада буд. Ашрофу аъёни феодали аз ӯ рӯ гардониданд. Амири Бухоро Насрулло аз ин вазъият истифода бурда, соли 1842 Қуқандро забт кард ва Муҳаммадалихонро бо аҳли хонаводааш ба қатл расонд. Лекин дере нагузашта Қуқанд боз истиклолияти худро сохиб шуд ва Хучанду Тошкентро дубора ба даст даровард.
Ҳамин тариқ, дар чоряки дуюми асри XIX дар натичаи низоъҳои байни кувваҳои мукими ва бодиянишин байни феодалону аъёну ашроф аз падидаҳои кризиси (бӯхрони) сиёси дар дохили давлати Қуқанд шаҳодат медоданд. Дар чунин шароити таърихи истилои Осиёи Миёна аз тарафи Россия ооз шуд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222